Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Издивоҷи фарзанд бо маблағи омӯзгорӣ дар Тоҷикистон тақрибан ғайриимкон аст, аммо дар баъзе мактабҳо гурӯҳи омӯзгорон байни ҳам машварат карда аз роҳи ҷамъоварии маблағ мушкилоти умдаи худро бонавбат ҳал мекунанд.

Дар баъзе мактабҳои Тоҷикистон гурӯҳи омӯзгорон байни ҳам машварат карда аз роҳи ҷамъоварии маблағ мушкилоти умдаи худро бонавбат ҳал мекунанд. Онҳо аз бонке қарз намегиранд ва хонаҳояшонро ҳам дигар ба гарав намегузоранд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳамкорон бо ташкили хазинаи муштарак ва ё бонки худгардон, ки миёни онҳо чун “кассабозӣ” маъруф аст, ин мушкили худро ҳал месозанд.

Бунафша Сатторова, омӯзгори собиқадори яке аз мактабҳои пойтахт, ки ҳамроҳ бо шавҳараш бо пули омӯзгорӣ зиндагии худро мечархонанд, имсол баъди як фурсати тӯлонӣ нахустписарашро оиладор кард. Аз ҳама муҳим барои ин хонавода ин будааст, ки тавонистанд, бидуни фоизҳои бонкӣ ва коғазбозиву навбатпоиҳои зиёд, ин маросими хурсанадии худро анҷом диҳанд.

Муаллима Сатторова мегӯяд, барояш дар амалӣ кардани ин нақшаи муҳими зиндагӣ “кассабозӣ”, ки аз ҳисоби он 10 ҳазор сомонӣ, наздики 2 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъ кард, бисёр кӯмак кард: “Бо 15 ҳамкорам мо ҷамъ шуда аз моҳонаи ҳамдигар 50 дарсади маошро ҳар моҳ ба як нафар медиҳем. Ҳамин тавр ҳар моҳ як нафари мо метавонем бо 10 ҳазор сомоние, ки ҷамъ мекунем, ягон кори муҳими худро анҷом диҳем. Ман масалан, ин маблағро болои пуле, ки дар хона боз ҷамъ карда будем, монда келин овардам. Ин як тӯҳфаи хуби ман ба писарам ҳам буд. Албатта, акнун бояд чанд моҳ сарфа кунам, чун нисфи маошамро ба дигар ҳамкорон медиҳам, аммо ба ҳар сурат, аз қарзҳои бонкӣ, ки фоизи баланд дорад, ин беҳтар аст”.

Бунафша Сатторова мегӯяд, бо ҳудудан 1000 сомонии омӯзгорӣ онҳо наметавонанд мушкили бузурги рӯзгори худро ҳал кунанд ва ё орзуи худро амалӣ созанд, ва бинобар ин, омӯзгорон ғолибан бо пеш омадани эҳтиёҷи фаврӣ ва зарурат бомашварат бозӣ мекунанд. Ин муаллима мегӯяд, ӯ бо ин роҳ тавонист, ки корҳои зиёди рӯзгори худро анҷом диҳад. Масалан, хонаашро таъмир кардаву соҳиби чанд ҷиҳози муосиру муҳим барои рӯзгор шудааст.

Аз «Кассабозӣ», «Бозии ҳалол» ё бонкҳои худгардон на танҳо омӯзгорон, балки кормандони идораву муассисаҳои дигар ҳам барои ҳалли мушкилоти худ истифода мебаранд. Ин шеваи пулҷамъкунӣ аз чанд даҳсола қабл маъмул аст ва солҳои охир дубора эҳё шудааст. Ширкатдорони ингуна гурӯҳҳо пули ҷамъшударо барои харидории тилло, мошин, шартномаи таҳсили фарзандон, мошинаи либосшӯӣ ва бисёр чизҳои дигар сарф мекунанд.

Шаҳло - модари 3 фарзанд мегӯяд, барои онҳое, ки маоши зиёд надоранд ва ҳам пулро зиёд дар дасти худ нигоҳ дошта наметавонанд, ин як роҳи хуби расидан ба ҳадаф аст. Худи Шаҳло бо ин роҳ тавонистааст ба як ҷиҳози барои модари 3 фарзанди хурдсол муҳим соҳиб шавад: “Орзуи доштани мошинаи либосшӯӣ мекардам, чун кӯдакони хурдсол доштаву кор мекардам ва фурсати зиёде барои либосшӯӣ сарф мешуд. Оилаамон ҳам бузург аст ва имкони маблағҷамъкунӣ надоштам. Барои ҳамин, бештар аз 10 нафар ҷамъ шудему пул партофтем ва ҳама ба навбат мушкилоти худро ҳал кардем”.

Ҳарчанд аксарият назар ба бонку қарзҳои фоиздор ба “кассабозӣ” бартарӣ медиҳанд, аммо на ҳамеша ин шеваи дастёбӣ ба маблағи бештар хубу бериск аст. Муҳаммад – мусоҳиби дигари “Озодӣ” мегӯяд, номуваффақ анҷом ёфтани бозии молии онҳо бо чанд нафар аз хешовандонаш боиси сард шудани муносибатҳои хешутабор шудааст:

“Мо як гурӯҳ аз хешовандон ҳар моҳ ҷамъ мешудему мешиштем якҷо ва ба ин хулоса омадем, ки хазина кунем ва бонавбат пули онро бигирем. Як ду нафар воқеан пулро гирифту мушкили худро ҳал кард, аммо баъдан баҳонаҳо зиёд шуданд, онҳое, ки пули худро гирифта буданд, дигар бо ҳар баҳона саркашӣ карда мегурехтанд. Оқибат нофаҳмиҳо ба миён омад, дигар бо ҳамин гурӯҳ пароканда шуд”, гуфт Муҳаммад.

Дубора роиҷ шудани истифодабарӣ аз ин бозӣ, барои дарёфти маблағи бештар дар ҳолест, ки фоизи миёнаи қарзи бонкҳо дар як соли ахир ба фарқ аз соле пеш боз ҳам бештар шуда, ҳоло зиёда аз 24 дар сад дар солро ташкил медиҳад.

Зимнан, дар буҷаи соли 2015 ҳукумат барои боло бурдани маоши соҳаи маориф ва фарҳангу соҳаҳои иҷтимоӣ 130 миллион сомонӣ пешбинӣ кардааст, аммо омӯзгорон аз ин болоравиҳо чандон умеди зиёд надоранд, чун баробари болоравии маоши ин кормандон нархҳои бозор ҳам боло меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG