Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул бо Ҳикматёр созиш кард


Ҳукумати Афғонистон бо Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматиёр пешнависи созиши сулҳро имзо кард, ки баъди солҳо даргирӣ бо ҳукумати марказӣ роҳи бозгаштро барои ин ҷангсолор ҳамвор мекунад. Ҳайъати ҳукуматӣ ва тиме, ки аз гурӯҳи мусаллаҳи Ҳизби исломӣ намояндагӣ мекард, пешнависи санади оштиро дар Кобул рӯзи 22 сентябр имзо карданд. Интизор меравад, рӯзҳои наздик раисҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Ҳикматёр ба санади ниҳоӣ имзо гузоранд. “Хушбахтона, баъди ду соли музокирот дар байни Шӯрои сулҳи Афғонистон ва Ҳизби исломӣ, ҷараёни оштӣ бомуваффақият поён ёфт ва созиши ду тараф ниҳоӣ шуд”, - гуфта мешавад дар изҳороти Шӯрои олии сулҳи Афғонистон.

Саид Аҳмад Гелонӣ, раҳбари Шӯрои олии сулҳи Афғонистон дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин созиш бо назардошти манофеи миллӣ барои ҳарду ҷониб муфид хоҳад буд. “Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ бо ҳайъати Ҳизби исломӣ мо ба созиш расидем. Худо хоҳад, ин созиш ба манфитаи миллӣ ва ба фоидаи ҳарду тараф хоҳад буд.”

Ин қавлу созиш дар ҳолест, ки гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ҷангиёни Ҳикматёрро ба нақзи ҳуқуқи инсон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990, ҳамлаҳои маргбор ба амрикоиҳо ва нерӯҳои Афғонистон баъди оғози амалиёти зидди терроризм дар солҳои 2000-ум муттаҳам мекунанд.

Рӯзи 22 сентябр садҳо тазоҳургар бо шиорҳои “қассоби Кобул” ва “Мо на фаромӯш кардаем, на фаромӯш мекунем”, дар пойтахти Афғонистон ҷамъ омаданд. Дар шиори дигар навишта буданд, ки бар сари мардуми афғон бор кардани як роҳзани қотеъ - Гулбиддини Ҳикматёр як ҷинояти дигари ҳукумати Амрико аст.

Пажӯҳишгари Афғонистон дар созмони байналмилаии Ҳюман райтс Вотч созиши байни ҳукумат ва Ҳизби исломиро таҳқири ошкори қурбониёни хушунатҳои сангин номид. “Бозгашти ӯ фарҳанги беҷазо буданро тақвият медиҳад, ба маъное, ки ҳукумати Афғонистон ва донорҳои он озордиҳандагони қурбониҳои зиёд, фармондеҳони мисли Ҳикматиёрро, ки дар солҳои 1990 як бахши кишварро хароб карданд, ба ҷавобгарӣ намекашанд”, - гуфтааст Патрисия Гроссман, намояндаи Ҳюман Райтс Вотч. Ин созмон ва созмонҳои дигари ҳуқуқи башар Ҳикматёрро барои ҳамла ба маҳаллаҳои мардумнишини Кобул дар солҳои 1990, нопадид шудани мардум ва ҳабсу шиканҷаҳо масъул медонанд.

Сафорати Амрико дар Кобул аз созиши ҳукумат бо Гулбиддин Ҳикматёр, ҳамчун иқдоме, ки ба низоъ дар Афғонистон хотима медҳад, истиқбол кард. Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки ин омодагии ҳукуматро барои сулҳ бо гурӯҳҳои ғайридавлатии мусаллаҳ нишон медиҳад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG