Пайвандҳои дастрасӣ

Давоми як ҳафтае, ки патрулҳо ё гурӯҳи назоратии тартиботи ҷамъиятӣ аз ҳисоби занон дар ҳудуди пойтахт кор кардаанд, мегӯянд, бештар бо қурбониёни хушунати хонаводагӣ рӯбарӯ шудаанд.

Ин гурӯҳи даҳнафараи занон, аз ҳисоби кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон таъсис ёфта, аъзои он дунафарӣ ва ғолибан дучархасавор аз соати 8-и субҳ то нимаи рӯз як ҳафта ба ин сӯ тартиботи ҷамъиятии пойтахтро назорат мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар ин муддат дар шаҳр бештар ба занони қурбонии хушунати хонаводагӣ ва кӯдакони бесарпараст рӯбарӯ шуда, ба онҳо кӯмак кардаанд.

Яке аз ин афсарон, Гулбаҳор Бобоева, мегӯяд ҳадафи гурӯҳҳо натанҳо ҷилавгирӣ аз хушунат ё ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон аст, балки онҳо ҳамчунин мехоҳанд ба занону наврасоне кӯмак кунанд, ки ниёз ба вакили дифоъ ё равоншинос доранд. Ба қавли хонум Бобоева, онҳо ҳамчунин бо кӯдаконе сари кор гирифтаанд, ки аз дарс гурехта машғули оворагардиянд.

Хонум Бобоева меафзояд: «Мо ба сехи дӯзандагии маркази савдои «Садбарг» рафта аз занҳо дар бораи мушкилашон пурсон шудем, ки бештарашон шикоят аз он карданд, ки шавҳарҳояшон онҳоро партофта худ дар Русия ҳастанд ё ба кӯдаконашон кӯмак намекунанд. Ҳамчунин бо духтарону заноне ҳамсӯҳбат шудем, ки бо модари угай зиндагӣ карда, аз дасти онҳо хушунат мебинанд. Модарони угай намегузоранд духтарон бо падаронашон робитаи хуб дошта бошанд ё нисбати фарзандони онҳо муносибати бад мекунанд. Занҳо моро хело хуб пазируфтанд ва мо ҳам дар навбати худ талош кардем ба онҳо кӯмаки худро расонем. Фаҳмондем, ки ба кадом мақомотҳо муроҷиат кунанд.»

Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази бӯҳронии Кумитаи занон.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази бӯҳронии Кумитаи занон.

Аъзои гурӯҳҳои гашти дидбонӣ мегӯянд, давоми як ҳафта бештар бо заноне вохӯрдаанд, ки шавҳарҳояшон онҳоро аз хона рондаанд ва ба иллати надоштани шаҳодатномаи ақди никоҳ натавонистаанд, аз ҳаққи хеш дифоъ кунанд.

Вазифаи занони дидбон аз ин иборат будааст, ки ба ҳалли мушкили қурбониёни хушунат ва кӯдакони хиёбонӣ мусоидат кунанд, ба онҳо кӯмаки равонӣ расонанд ва ба ниҳодҳои марбута дар мавриди ҳалли мушкили онҳо тавсия диҳанд. Марказҳои бӯҳронӣ низ аз таъсиси гурӯҳи патрули аз ҳисоби занон истиқбол мекунад. Зарина Кенҷаева, равоншиноси Маркази бӯҳронии Кумитаи занон мегӯяд, онҳо талош доранд то ба патрули занона ҳамкории наздик дошта бошанд: «Зеро намояндагони мақомот дар кӯчаҳо метавонанд аз ҳолу аҳволи ҷомеа бештар огоҳ шаванд. Дар давоми як ҳафтаи фаъолияташон онҳо алакай аз бештари кору гапи ҷомеа огоҳ шудаанд.»

Бархе аз сокинони пойтахти кишвар на танҳо шоҳиди фаъолияти гурӯҳи гаштӣ шудаанд, балки аз ҳимояти аъзои он низ истифода намудаанд. Нилуфар Лашкарова, як донишҷӯдухтар мегӯяд, ӯ ва ҳамсабақаш пас аз санҷиш хостанд аз бозор чизе харида, баъд ба хобгоҳ раванд. Аммо ҳангоми бозгашт ба хона дар назди бозори Шоҳмансур се ҷавон ба онҳо луқмапартоӣ карда, ҳатто як нафарашон аз ҷузвдони дугонааш кашида бо ӯ дағалӣ кардааст: «Вақте дугонаам ба бачаҳо гуфт чӣ кор мекунед? Дар ҳамин ҳол ду зани милиса омада бачаҳоро сарзаниш карданд. Огоҳӣ доданд, ки дар сурати бори дигар такрор кардани ин амалашон, онҳоро ба Шӯъбаи корҳои дохила мебаранд. Агар ин занҳои милиса намебуданд, ки медонист шояд миёни мо ҷанҷол сар мезад.»

Ба андешаи Нилуфар беҳтар мебуд ин гуна гурӯҳҳои дидбонӣ бештар дар назди хобгоҳҳое кор баранд, ки хонаводаҳо зиндагӣ мекунанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҷавонони шубҳаангез дар назди ин хобгоҳҳо зиёд дида мешаванд.

Аммо на ҳама ба тавонмандии патрулҳои занона бовар дорад.
Довудҷони Расул, як сокини Душанбе мегӯяд, дар сурати сар задани занозанӣ, ҳатто милисаҳои мард наметавонанд коре кунанд, гумон аст, аз дасти занон чизе ояд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳҳои дидбонии занона бештар дар боғҳо, бозорҳо, мактабҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии Душанбе бо гашт машғул хоҳанд буд. Чунин гурӯҳҳо ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳам таъсис ёфтаанд. Ҳамчунин мақомот тасмим доранд дар наздиктарин фурсат дар дигар шаҳрҳои калони кишвар чунин гурӯҳи патрулиро аз ҳисоби занон таъсис диҳанд. Бахши асосии ин гурӯҳҳоро он кормандони зани Вазорати корҳои дохилӣ ташкил додаанд, ки чанде пеш бо дастгирии Сафорати ИМА дар Душанбе давраҳои махсуси омӯзиширо паси сар карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG