Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи қалами Патрик Модиано бо ҷоизаи Нобел


Патрик Модиано

Патрик Модиано

Патрик Модиано аз Фаронса барои китобҳояш дар бораи даврони ишғолгариҳои Олмони фашистӣ ҷоизаи адабии Нобел-2014-ро ба даст овард.

Ҷоизаи Алфред Нобел дар бахши адабиёт имсол ба адиби фаронсавӣ Патрик Модиано дода шуд.

Фарҳангистони улуми салтанатии Шветсия рӯзи 9 октябр эълон кард, ки ин ҷоизаи пурарзиши баробар ба 1,1 миллион доллар мукофоти Патрик Модиано барои “ҳунари ёддоштнависиаш аст, ки тавассути он ӯ тавонистааст аксари паҳлуҳои ғайри қобили тасвири сарнавиштҳои инсонӣ ва паҳлуҳои то ҳол нокушодаи рӯз ва рӯзгор дар даврони ишғолгарӣ (-и фашистони Олмон)-ро боз кунад.”

Патрик Модиано 69 сол дошта, дар канори Порис, пойтахти Фаронса ҳамагӣ ду моҳ баъд аз хатми Ҷанги дувуми ҷаҳон дар қораи Аврупо ба дунё омадааст. Падарпи ӯ аз яҳудиёни зодаи Итолиё ва модараш ҳунарпешаи театр аз Белгия буда, дар ҳамон даврони тасарруфи Фаронса аз сӯи Олмони фашистӣ дар Порис бо ҳам шинос шудаанд.

Патрик Модиано 11-умин адиб аз Фаронса аст, ки сазовори ҷоизаи адабии Нобел мешавад. Аксари романҳои ӯ аз зиндагии худи адиб гирифта шуда, дар бораи зиндагӣ дар солҳои ишғоли Фаронса аз сӯи нирӯҳои Олмони фашистӣ ҳикоят мекунад. Бар асоси чандин романи ӯ филмҳои ҳунарӣ низ ба навор гирифтаанд.

Нахустин романи Модиано - “Майдони cитора”- ҳанӯз дар соли 1968, вақте ӯ ҳамагӣ 23 сол дошт, ба нашр расида, билофосила ин адиби тозакорро машҳур кард. Модиано барои романи “Кӯчаи дӯконҳои торик ҷоизаи Гонкур – мӯътабартарин ҷоизаи адабии Фаронса – ва барои романи “Ҳалқаи Булвар” ҷоизаи Фарҳангистони ин кишварро ба даст оварда буд. Модиано дар соли 2012 ҷоизаи давлатии Австрия барои адабиёти Аврупоро низ соҳиб шуда буд.

Қаблан букмекерҳо Нгуги ва Тионго аз кишвари африқоии Кения, Ҳаруки Мураками аз Ҷопон ва Светлана Алексиевич аз Беларусро дар шумули номзадҳои асосӣ ба дарёфти ҷоизаи адабии Нобел -2014 ном мебурданд.

Ҷоизаи Нобел, ки ҳар сол бар асоси васияти донишманд, кашшоф ва сармоядори швед Алфред Нобел дар бахшҳои тибб, химия, физика, адабиёт, сулҳ ва иқтисод эъто мешавад, аз мӯътабартарин ҷоизаҳо дар ҷаҳолни муосир ба шумор меравад. Ҷоизаи адабии Нобел, ки аз соли 1901 инак барои бори ҳафтум эъто шуд, пурарзиштарин ҷоиза дар дунёи адабиёти имрӯз маҳсуб мешавад. Ин ҷоиза дар гузашта насиби як силсила адибоне шудааст, ки исмашон бо хатҳои тилоӣ дар саҳифаҳои таърихи адабиёти ҷаҳонӣ ҳакокӣ шудааст.

Эрнест Ҳемингуэй

Эрнест Ҳемингуэй

Дар шумули барандагони қаблии ин ҷоиза метавон адибони шӯҳратёре, чун Ридярд Киплинг( муаллифи “Маугли”), Эрнест Ҳемингуэй (муаллифи “Зангӯла барои кӣ занг мезанад?”), Иван Бунин ( “Рӯзҳои малъун”), Михаил Шолохов (“Дони ором”), Борис Пастернак (“Доктор Живаго”), Габриэл Гарсиа Маркес (“Сад соли танҳоӣ”) ва даҳҳо нафари дигарро ном бурд.

Аммо дар солҳои охир ин ҷоиза бештар ба адибони начандон маъруф, вале ба ақидаи ҳайати ҳакамон, соҳиби қалами нотакрор, дода мешавад. Дар соли 2013, барои мисол, ҷоизаи адабии Нобел ба Элис Монро, нависандаи достонҳои кӯтоҳ аз Канада дода шуд.

То кунун аз паҳнои пасошӯравӣ танҳо 5 адиби рус – Иван Бунин, Михаил Шолохов, Борис Пастернак, Александр Солженитсин ва Иосиф Бродский ин ҷоизаро ба даст овардаанд. Аз миёни адибони тоҷик ё зодаи Тоҷикистон танҳо Темур Зулфиқоров, ки дар Маскав ба сар мебарад ва ба забони русӣ асар менависад, чанд дафъа аз сӯи ҳалқаҳои адабии Русия ба ҷоизаи Нобел пешниҳод шуд, вале ба он даст наёфт.

Темур Зулфиқоров

Темур Зулфиқоров

Дар маҳфилҳои адабии Русия мегӯянд, ба Темур Зулфиқор танҳо надоштани як лоббии бақувват, ки номзадии вайро таблиғ кунад, монеъ шуд, то ӯ ба ин ҷоизаи асосии адабиёти ҷаҳонӣ ноил шавад, вагарна осори ин адиби зодаи Тоҷикистон бо қалами нотакрораш ҷавобгӯи ҳамаи меъёрҳои ҷоизаи Нобел ҳаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG