Пайвандҳои дастрасӣ

"Дипломатияи сабр" - дар меҳвари стратегияи нави ИМА дар Осиёи Марказӣ


Ричард Ҳоугланд

Ричард Ҳоугланд

Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, дар масоили мисли ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ҳаракат аз роҳи “дипломатияи сабр” натиҷаи муассире хоҳад дод.

Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, дар масоили мисли ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ҳаракат аз роҳи “дипломатияи сабр” назар ба таҳримҳо ё “ном гирифтану шармандасозӣ” бо ҳадафи беҳтар кардани нишондодҳо натиҷаи муассиртартаре медиҳад. Ричард Ҳоугланд, ёвари муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубиву Марказӣ рӯзи 30 март дар як суханронии худ дар Вашингтон гуфт, “беҳтар аст, ки бо афроди ҳамақидаи мақомоти баландпоя дар ин кишварҳо кор кунем, чун ин нафарон баъдан метавонанд мавқеи худро дар баробари раҳбаронашон ҳимоят кунанд”.

Изҳороти Ҳоугланд дар шароите садо дод, ки ҳафтаи ахир стратегияи нави ИМА барои Осиёи Марказӣ муаррифӣ шуд. Панҷ ҳукумати ин минтақа аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам давлатҳои ғарбӣ барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор доранд. Ҳоугланд гуфт, ки “ин дипломатия дар Осиёи Марказӣ бояд бар пояи сабр, эҳтироми суннатҳо, бо назардошти воқеиятҳо ва бар пояи ҳодисаҳои мушаххас бунёд шавад”. Ҳоугланд гуфт, ки Вашингтон бо кишварҳои минтақа – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ба таври мудовом дар амри беҳтар кардани нишондодҳои ҳуқуқи башар кор мекунад ва инро ҳам эътироф мекунад, ки барои расидан ба тағйироти муассир бояд дарозмуддат кор кунад. “Пешрафт батадриҷ ҳосил мешавад ва мо бояд ҳар ҳукуматро мутақоид созем, ки ин ислоҳот ба манфиати миллии онҳо аст”, -- гуфт ӯ.

Энтони Блинкен

Энтони Блинкен

Баъди суханронии Ҳоугланд дар мавзӯи стратегияи нави ИМА дар Осиёи Марказӣ рӯзи 31 март муовини ёвари котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ҳам суханронӣ кард. Блинкен гуфт, Вашингтон “ҳамоно ба ҳимояти матбуоти озод ва бозтар шудани системаи сиёсӣ дар ин кишварҳо баромад ва озодсозии маҳбусони сиёсиро ба хотири фаъолиятҳои озоди сиёсиву мазҳабии онҳо тақозо мекунад”.

Мақомоти баландпояи амрикоӣ ҳамеша такрор мекунанд, ки дар баробари таъкид ба масоили ҳуқуқи башар бо ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, дарк мекунанд, ки як бархӯрди мутавозин зарур аст.

Ин дар ҳолест, ки фаъолони ҳуқуқи башар ғарбро барои чунин стратегияаш зиёд интиқод карда мегӯянд, ки ба хотири ҳифзи манфиатҳои амниятиву зиддитеррористиаш дар минтақа омода аст бо ҳукуматҳои поймолкунандаи ҳуқуқи башар муомила кунад.

Блинкен гуфт, ки бархӯрди ИМА дар минтақа бар пояи ин бовар асос ёфтааст, ки минтақаи босуботу амни Осиёи Марказӣ, ки тавони саҳмгузорӣ дар мубориза бо терроризму тундгароии пурхушунатро дорад, ба манфиати амнияти худи Амрико аст.

Вай гуфт, ингуна субот дар ҳоле ҳосил мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мустақил бошанду тавони ҳифзи марзҳояшро дошта бошанд, бо ҳамдигар дар тамос бошанд, иқтисодашон рушд кунад ва аз ин чиз ин давлатҳо баҳра бубаранд, то ки тавонанд дар фикри мардуми худ бошанд.

Блинкен инчунин гуфт, ки стратегияи ИМА барои пешбурди иқтисод дар минтақа, аз ҷумла, ташаббуси “Роҳи нави абрешим” метавонад дар баробари ташаббуси Чин барои дастгирии минтақа бо миллиардҳо доллар сармоя ба роҳ монда шавад. “Ҳузури Чин дар Осиёи Марказӣ барои мо ба ҳеҷ сурат ба маънои номуассир будани ҳузури мо нест”, гуфт ӯ. Блинкен таъкид кард, ки ИМА ҳақи ҳукуматҳои минтақаро барои пешбурди иқтисод ва ҳам манфиатҳои сиёсии худ пуштибонӣ мекунад.

Вай амалкарди “Русияро дар марзҳояш, аз ҷумла халалдор сохтани тамомияти арзиву истиқлолияти Украинаро” маҳкум кард ва гуфт, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ “назар ба аксари дигар кишварҳо таҳдидҳои Русияро бештар дарк мекунанд”. Вай гуфт, ҳоло ин кишварҳо заъфи иқтисоди Русияро дар худ эҳсос мекунанд.

Дар паи мудохилаи низомии Русия ба рӯйдодҳои Украина, ғарб нисбати Маскав таҳримҳо ҷорӣ кард ва, ҳамчунин бо сабаби поинравии қимати нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ, иқтисоди ин кишвар осеб дид. Таъсири он ба вазъи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам расид, қурби пули русӣ поин рафт ва даромади муҳоҷирони корӣ кам шуд. Блинкен гуфт, “мо ин нигарониҳоро дарк мекунем ва василаҳои иқтисодии худро барои кӯмак ба Осиёи Марказӣ ба хотири диверсификатсияи иқтисоди ин кишварҳо тақвият хоҳем дод”.

XS
SM
MD
LG