Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дахолати Русия дар интихоботи ИМА таҳқиқ мешавад


Доналд Трамп "одами сол" эълон шуд
Доналд Трамп "одами сол" эълон шуд

Рӯзи чаҳоршанбе вакилони ИМА тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки таъсиси комиссияи мустақилро барои таҳқиқи дахолати Русия дар раванди интихоботи Амрико пешбинӣ мекунад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро вакилон аз ҳизби демократӣ Эрик Суовел ва Элайя Каммингс таҳия кардаанд. Онҳо пешниҳод доранд, ки мутаххасисони бахши бехатарии компютер, қонунгузории интихоботӣ ва сиёсати хориҷӣ дар ҳайати комиссия шомил шаванд. Ҳайати комиссия ҳақ хоҳанд дошт, ки нишондоди шоҳидонро ҷамъ оваранд, мансабдоронро ба бозпурсӣ даъват кунанд ва ҳуҷҷатҳои лозимро дастрас намоянд.

Ояндаи таъсиси комиссия рушан нест, зеро дар сурати аз сӯи Конгресс қабул шудани қонун, бояд президенти тозаинтихоби ИМА онро ба имзо расонад. Доналд Трамп дар мусоҳиба бо маҷаллаи The Time гуфтааст, ба андешаи вай, дар дуздии муколамаи электронии роҳбарони Ҳизби демократ, мумкин аст Русия ё Чин ва ё кадом як рахнагари интернетӣ аз Ню-Ҷерсӣ ва ё одамони дигар даст дошта бошанд.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, ки оҷонсии иктишофии ИМА далелҳои раднашавандае дорад, ки пушти ин қазия Русия меистад.

XS
SM
MD
LG