Пайвандҳои дастрасӣ

Аз моҳи январи соли 2016 қимати иҷозаи кор ё "патент" барои муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия чанд барбар боло меравад ва ҷайбҳои бе ин ҳам холишудаи муҳоҷирони кориро тиҳитар мекунад.

Аз моҳи январи соли 2016 қимати иҷозаи кор ё "патент" барои муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Русия чанд баробар боло меравад ва ҷайбҳои бе ин ҳам холишудаи муҳоҷирони кориро тиҳитар мекунад. Бисёре аз муҳоҷирон мегӯянд, ки бо ин ҳол наметавонанд аз рӯи қонун кор кунанд ва маҷбуранд аз қонун сарфи назар намоянд.

Аз рӯи омори расмӣ, то кунун танҳо дар қаламрави Маскав зиёда аз 400 ҳазор муҳоҷири корӣ иҷозаи кор дарёфт кардаанд. Мақомоти пойтахти Русия мегӯянд, ки аз рӯи қонунгузории ҷадид соҳибони патент аз як қатор ҳуқуқи баробар бо шаҳрвандони Русия бархӯрдор шудаанд, аз ҷумла озодӣ дар интихоби ҷойи кор, бастани шартнома бо кордиҳанда ва дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ.

Максим Решетников, раҳбари бахши иқтисоди ҳукумати Маскав, дар аввали декабр дар ҳафтумин ҳамоиши мадании пойтахти Русия гуфт, қонуни нави муҳоҷират, ки аз аввали соли равон ҷорӣ карда шуд, муҳоҷирони ғайриқонуниро аз соя берун овардааст. Ӯ аз он изҳори хушҳолӣ кард, ки қоидаҳои нав ба буҷаи Маскав танҳо аз фурӯши иҷозаномаи кор 10 миллиард рубл, муодилаи 150 миллион доллар, фоида овардааст.

Вале ин ҳама фоида ройгон ба даст намеояд. Барои баҳравар шудан аз ин ҳуқуқ, муҳоҷирон маҷбур ҳастанд, ки соатҳои тӯлониро дар навбат сипарӣ кунанд ва тақрибан 25 ҳазор рубл аз кисаи худ харҷ намоянд. Вячеслав Поставнин, президенти Бунёди "Миграция 21 век" мегӯяд, "аз ҷиҳати идеологӣ бад нест. Қонуни қаблӣ низ бад набуд, аммо танҳо иҷрояш ғайриқаноатбахш буд. Қонуни ҷадид низ бо ҳамин мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Таҳиягарони қонун дар қисмати усули амалисозии он ба иштибоҳи зиёд роҳ додаанд. Аввалинаш ин қимати гарони дастрасӣ ба бозори расмии кор аст. Дар муқоиса бо гузашта он даҳҳо бор афзудааст. Ин дуруст нест.”

Президенти Бунёди "Миграция 21 век" мегӯяд, "бояд қимати патент дар сатҳи қаблӣ - 1,5 ҳазор боқӣ мемонд. Сараввал ҳарчи бештар муҳоҷиронро бояд ба расмият медароварданд, қишри онҳоро аз ҷиҳати даромадашон дақиқ мекарданд, ва баъдан вобаста ба маоши онҳо нархи молиёти патентро барои ҳар як қишр дар алоҳидагӣ муқаррар менамуданд."

Сарфи назар аз ин мушкилот, ҳукуматҳои маҳаллӣ дар сартосари Русия нархи иҷозаи корро боло мебаранд. Ба ҳисоби миёна дар соли 2016 нархи патент дар баъзе аз вилоятҳои Русия то 200% боло хоҳад рафт. Ҳукумати шаҳри Маскав низ истисно нест. Мақомоти пойтахт низ тасмим гирифтаанд, ки аз соли нав ҳаҷми пардохти моҳонаи патентро боло бубаранд.

Максим Решетников, раҳбари бахши иқтисоди ҳукумати Маскав гуфт, "аз соли оянда нархи патент ба 5% - то 4 200 рубл боло меравад. Ин ба афзоиши музди кор дар шаҳр алоқаманд аст". Чунин хабар, албатта муҳоҷиронро хушҳол накард. Нафароне, ки дар Русия будубоши ғайриқонунӣ доранд, дигар ба гирифтани патент умед надоранд ва муҳоҷироне, ки бояд патенти худро тамдид кунанд, аз ин нигаронанд, ки бахши умдаи маоши онҳо ба ҷайби ҳукумати Русия меравад.

Як муҳоҷири корӣ дар суҳбат бо мо гуфт, “аксарият ҷойи кор надоранд... пул надоранд. Боз патент гарон шудааст. Иҷораи хона низ қимат шудааст. Барои тоҷик зиндагӣ мушкил шудааст.”

То ду соли пеш муҳоҷирони тоҷик дар сол ба Тоҷикистон то 4 миллиард доллар интиқол медоданд. Ин рақам ҳоло беш аз 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Kоршиносон мегӯянд, ки чунин шароити кор, махсусан молиёти сангин фазоро барои муҳоҷирони корӣ ногувор ва саффи муҳоҷирони ғайриқонуниро боз ҳам бештар мекунад. Дар навбати худ, ҳукумати Русия, ки гирифтори буҳрони иқтисодист, шеваи мубориза бо муҳоҷирони зери соярафтаро шадидтар хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG