Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвина ба гуноҳаш иқрор шуд


Парвина Абдуллоева.
Парвина Абдуллоева.

Зане, ки барои кӯшиши худкушӣ ва марги се фарзанди ноболиғаш боздошт шуда буд, дар толори додгоҳ дар куштори фарзандонаш иқрор шуд.

Парвина Абдуллоева, ки дар аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо қасди худкушӣ ҳамроҳ бо се фарзанди ноболиғаш худро ба дарё андохта, худ ҷон ба саломат бурда буд, дар рӯзи панҷуми мурофиа дар толори додгоҳ иқрор кард, ки “дар ин ҳодиса танҳо худаш гунаҳкор аст ва бояд худаш ҷавоб гӯяд, на каси дигар”.

Абдуллоева баъди огоҳ шудан аз робитаи ҳамсараш бо зани дигар қасд ба ҷони худ карда, ба Душанбе омад ва худро ҳамроҳ бо кӯдакон ба дарё афканд. Ҳамин тариқ, Парвина Абдуллоева бар асоси қисми дуи моддаи 104-уми Кодекси ҷиноӣ, банди “а” ва “в” ба куштори огоҳонаи ду шахс ва бештар аз он айбдор мешавад. Дар сурати собит шудани иттиҳоми мазкур, тибқи қонуни ҷиноӣ Парвина Абдуллоеваро аз 15 то 25 сол зиндон интизор аст.

Мурофиаи Парвина, ки се кӯдакашро ба дарё андохт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Аммо агар додгоҳ ҳолати равонии ӯро ҳангоми содир кардани ҷиноят ба назар бигирад, эҳтимол дорад, ки ӯ аз 2 то ба 5 сол маҳкум ба зиндон шавад. Матлуба Бобоҷонова, вакили дифои Парвина Абдуллоева, аз созмони Лигаи занони ҳуқуқшинос, рӯзи 28 сентябр дар толори додгоҳ аз додрас талаб кард, то барои ширкати равоншинос дар мурофиаи додгоҳӣ иҷозат диҳад.

Зеро ташхиси тиббӣ, ки дар бемористони воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, муайян кард, ки зерҳимояаш гирифтори бемории равонӣ аст. Хонум Бобоҷонова мегӯяд, мехоҳад зимни ширкати равоншинос дар мурофиаи додгоҳӣ, ба чанд суоли худ посух бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Мухтор Исозода, додраси ин парванда ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо пас аз бозпурсии шоҳидон ва талаби вакили дифои ин зан, дар мавриди мулоқот бо равоншинос, ки қарор аст, охири ҳафтаи равон сурат гирад, додгоҳ ҳукмро алайҳи Парвина Абдуллоева содир хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки Абдуллоева баъди огоҳ шудан аз робитаи ҳамсараш бо зани дигар, қасд ба ҷони худ карда ба Душанбе омад ва худро ҳамроҳ бо кӯдакон ба дарё афканд. Аммо Зайниддин Бобобеков, шавҳари Парвина, ки якдигарро дӯст дошта оиладор шудаанд ва 11 сол зиндагии муштарак доштаанд, ин иддаоро рад мекунад.

Бобобеков рӯзи 28 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамсараш на аз рӯи рашк ба ин кор даст зад, балки ба эҳтимоли зиёд, бемории тӯлонии фарзанди хурдияш Омина, ӯро гирифтори бемории равонӣ кард.

Зимнан, Парвина Абдуллоева, рӯзи 5-уми июл бо баҳонаи ҷамъоварии ҳезум ҳамроҳ бо се кӯдакаш аз хона берун шуда, ба Душанбе омад ва худро бо Оминаи 5-сола, Маҳинаи 6-сола ва Зиёвуддини 7-сола ба канали Ҳисор партофт. Парвина зинда монд, аммо ҷасади кӯдакон рӯзи дигар пайдо шуд.

XS
SM
MD
LG