Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафии ҳизби ҳоким дар интихоботи Қирғизистон


Дар интихоботи парлумонии Қирғизистон, ки рӯзи якшанбеи 4-уми октябр баргузор шуд, ҳизби ҳокими сотсиал-демократ аз ҳама бештар раъй ба даст овардааст.

Бар асоси натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи парлумонии Қирғизистон, аз 14 ҳизби сиёсӣ танҳо 6 ҳизб тавонистаанд садди 8-дарсадиро убур карда, ба парлумон роҳ биёбанд.

Тибқи натоиҷи муқаддамотии интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон, дар парлумони ояндаи ин кишвар ҳизби ҳокими сосиал-демократ 38 курсӣ, аҳзоби“Республика-Ата-Журт” 28 курсӣ, “Қирғизистон” 18 курсӣ, “Онугуу-Прогресс” 13 курсӣ, “Бир бол” 12 курсӣ ва “Ата Мекен” 11 курсиро ба даст оврдаанд.

Бад ин тартиб, аз ҷумлаи 14 ҳизб, ки дар ин интихобот ширкат доштанд, намояндагони 6 ҳизб ба парлумон ворид шуда ва 8 ҳизби дигар садди 7 дарсадии вуруд ба парлумонро натавонистаанд убур кунанд. Мақомот мегӯянд, дар интихоботи парлумонии Қирғизистон қариб 46 дарсади сокинони соҳиби ҳаққи овоз ширкат кардаанд.

Интихобот дар "демократитарин" кишвари Осиёи Марказӣ

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр оғоз ёфт. Ба фарқ аз интихоботҳо дар 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ, нозирони умур натиҷаҳои ин маърака дар Қирғизистонро ғайри қобили пешгӯӣ меноманд.

Интихоботи 120 курсии Жогорку Кенеш на дар ҳавзаҳои инфиродӣ, балки аз тариқи рӯйхатҳои ҳизбӣ сурат мегирад ва барои дарёфти ин курсиҳо беш аз 2000 номзад аз 14 ҳизби сиёсӣ вориди корзор шудаанд.

Ҳизбҳои аз ҳама матраҳ ҳизби сотсиал-демократ, Ота-Макон, эътилофи Республика - Ота-Ҷурт, Бир Бол, ҳизби Қирғизистон, ҳизби воҳиди коргарӣ, Ор-Номус ба шумор мераванд. Дар баробари онҳо аҳзобе, чун Озодӣ, Олам, Замондош ва Конгресси халқҳои Қирғизистон низ бо орзуи ба парлумон расондани номзадҳои худ дасту панҷа нарм кардаанд.

Вакилони парлумони Қирғизистон барои 5 сол интихоб мешаванд. Ин алакай сеюмин интихоботи демократӣ дар ин кишвар аз замони барканории раҳбари собиқаш Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи эътирози мардум дар апрели соли 2010 мебошад.

Демократитарин кишвари минтақа?

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар арафаи интихоботи рӯзи 4 октябр кишварашро “босуботтарин кишвари минтақа” номид ва тавсиф кард, ки ин кишвари пасошӯравӣ дар маъалаи демократия аз кишварҳои ҳамсояаш пеш гузаштааст. Ӯ боз ҳам таъкид кард, ки интихоботи феълӣ бояд одилонатарин интихобот дар таърихи кишвар шавад.

Интихоботи парлумонӣ дар воқеъ як навъ имтиҳони муҳиме барои демократияи навболи Қирғизистон хоҳад шуд. Отамбоев аз интихобкунандагон даъват кард, ки як интихоботи мунсифона барпо кунанд ва овозҳои худро “дар баҳои арақ ё 1000 сом “(муодили чизе бештар аз 20 доллар) нафурӯшанд.

Додситонии кулли Қирғизистон рниз барои пешгирӣ аз овозхариву овозфурӯшӣ эълон кард, ки ҳар нафаре ки қасди харидани овози мардумро мекунад, муҷозот хоҳад шуд ва ҳатто метавонад то 2 сол ҳукми зиндон бигирад.

Алмосбек Отамбоев, ки баъди расидан ба президентӣ тибқи қонунҳои Қирғизистон сафи ҳизби сотсиал-демократро тарк кард, барои зуҳураш дар мазҳари ом ва суханрониҳое, ки як навъ таблиғи ҳизби собиқаш қаламдод мешуд, мавриди интиқодҳо қарор дорад. Ин ҳизб низ дар саросари кишвар шиорҳояшро бо чунин мазмун овехтааст: “Дар бораи кишварат фикр кун, президентро дастгирӣ намо. Ҳизби сотсиал-демократ.”

Иртиботи байни Отамбоев ва ҳизби сотсиал-демократ бархе таҳлилгаронро ба андешае мебарад, ки ин ҳизб зоҳиран аз интихоботи рӯзи 4 октябр бо сари баланд берун хоҳад омад.

Бархе ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба Кумисссиюни марказии интихобот роҷеъ ба иртибототи байни президент ва ин ҳизб шикоят ҳам навиштаанд. Дар матбуот низ гузоришҳое нашр мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ омӯзгорон, табибон, донишҷӯён ва кормандони давлатиро маҷбур мекунанд, то ба ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд.

Отамбоев гуфт, Қирғизистон алакай ду “Баҳори Араб”-ро дар инқилобҳои солҳои 2005 ва 2010, ки ҳокимони худкомаи ин кишварро барканор кард, пушти сар гузоштааст. Ин сеюмин интихобот аз замонест, ки 5 сол пеш издиҳом вориди Қасри раёсатҷумҳурӣ шуд ва раҳбари вақти Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро аз қудрат барандохт.

Ду интихоботи қаблӣ – интихоботи парлумонии соли 2010 ва президентии соли 2011 – аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду одилона баҳогузорӣ шуданд. Чизе ки дар ҳеҷ як кишвари дигари Осиёи Марказӣ то ҳол иттифоқ науфтодааст.

Ин таърихи начандон дураш Қирғизистонро маҷбур мекунад, то ҳаракаташ аз роҳи демократияро идома диҳад. Ҷараёни интихоботи рӯшзи 4 октябри парлумони Қирғизистонро садҳо нозири маҳалливу байналмилалӣ назорат мебаранд.

Рӯ ба Русия?

Ҳамаи ҳизбҳои асосии Қирғизистон дар ин интихобот мавзеи рӯ ба Русия доранд, ки як навъ такрори тағйири қутб кардану ба Русия рӯ овардани Отамбоев ва ҳукумати ӯст. Ин тағйири қутби Бишкек аз замони ба Амрико пушт гардондани Отамбоев оғоз ёфта, дар ниҳоят бо бастани пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Манас дар соли 2014 анҷомид.

Ин раванд дар соли равон бо пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, як созмони таҳти раҳбарии Русия, ва бозбинии созишномаи ҳанӯз соли 1993 имзошудаи ҳамкориҳои байнидавлатии Қирғизистону Амрико равшантар шуд. Ин тағйири сиёсат ҳамроҳ бо лаҳни зиддиамрикоии сӯҳбатҳои Отамбоев сурат мегирад.

Азбаски аксари аҳзоби сиёсии Қирғизистон аз айни сиёсат пуштибонӣ мекунанд ва дар масоили асосӣ зиёд ихтилофи назар надоранд, барои интихобкунандагон аз ҳам фарқ кардани аксари ҳизбҳо ва интихоб байни онҳо хеле душвор аст. Ин далели умдаи таҳлилгаронест, ки мегӯянд, пешбинӣ кардани натиҷаҳои интихоботи парлумонии рӯзи 4 октябр ва инки оё кадоме аз ин 14 ҳизб бо пирӯзӣ дар ин маърака ҳаққи ташкили ҳукумати ояндаи Қирғизистонро ба даст меорад, кори осон нест. Ва ҳамин воқеъият, яъне пешбининашаванда будани интихоботаш аст, ки Қирғизистонро аз кишварҳои ҳамсояаш як сару гардан болотар мегузорад. Дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ натиҷаҳои интихобот ва исми барандагонаш ҳанӯз то баргузории интихобот ба ҳама маълум аст.

Ду довталаби тоҷик

Равшанбек Собиров

Равшанбек Собиров

Барои дарёфти курсиҳои вакилии парлумони Қирғизистон ду нафар аз тоҷикони он кишвар низ номзад шудаанд. Саидолим Ҷӯраев, аз тоҷикони зодаи шаҳраки тоҷикнишини Учқӯрғон аз рӯйхати ҳизби сотсиал-демократи президент Алмосбек Отамбоев пешбарӣ шудааст. Саидолим Ҷӯраев 52 сол дорад ва ҳоло раҳбарии корхонаи “Машзавод” дар шаҳри Қизил – Кияро бар ӯҳда дорад. Қодиршоҳи Муруват, намояндаи Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ мегӯяд, шонси ба парлумон роҳ ёфтани Саидолим Ҷӯраев зиёд аст, чунки таҳлилгарон ба 40 курсии парлумон даст ёфтани Ҳизби сотсиал-демократро пешбинӣ мекунанд.“

Номзади дувум аз миёни тоҷиктаборон Равшанбек Собиров, раиси анҷумани тоҷикон ва вазири собиқи ҳифзи иҷтимоии Қирғизистон аст. Равшанбек Собиров дар интихоботи 5 сол пеш низ вакили парлумон интихоб шуда буд, вале баъди интихобаш ба узвияти кобина аз парлумон рафт. Равшанбек Собиров, ки дар соли 2011 нахустин вазири тоҷиктабор дар ҳукумати Қирғизистон шуд, дар соли 2013 боздошт ва бо ҷурми ришваситонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Вале моҳи марти соли 2014 ӯро бар асоси қонуни афв раҳо карданд ва имсол бо ҳукми додгоҳ сафед карданд.

Дар Қирғизистон, бино ба омори расмӣ, тақрибан 55 000 тоҷик зиндагӣ мекунанд. Тоҷикон тақрибан 1,1 дарсад аз 5 миллион аҳолии Қирғизистонро ташкил медиҳанд. Як маҳалли асосии сукунати деҳаи Учқӯрғон дар вилояти Бодканд буда, ҳамин тавр, дар гӯшаҳои дигари ин вилоят ва ҳам дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод низ ба сар мебаранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG