Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе, 21 декабр дар Узбакистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.

Раъйдиҳандагон дар Узбакистон рӯзи 20 декабр пои сандуқҳои раъй мераванд то вакилони парлумонро интихоб кунанд. Парлумони Узбакистон дорои ду маҷлис мебошад. Маҷлиси Поёнӣ, ки қонунбарор дониста мешавад ва аз 150 намоянда иборат аст. 135 намояндаи он аз ҳизбҳои сиёсӣ ва 15 намояндаи дигар аз Ҳаракати экологии Узбакистон ба он ворид мешаванд. Маҷлиси Болоӣ 100 намоянда дорад. Аз ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон, аз ҳар вилоят ва аз шаҳри Тошканд 6 нафарӣ ба Маҷлиси Болоӣ ё Сенат интихоб мешаванд. 16 нафари дигарро аз ҷумлаи шахсиятҳои муътабари Узбакистон раиси ҷумҳур пешбарӣ мекунад.

Дар мусоҳибае аз Камолиддин Рабимов, таҳлилгари умури сиёсии Узбакистон дар Фаронса пурсидам, дар интихоботи кунунӣ чанд ҳизби сисёсӣ ширкат хоҳанд кард ва оё дар миёни онҳо ҳизбҳои мухолиф низ ҳастанд?

Рабимов: “Мо чаҳор ҳизби сабти номшуда дорем, яъне Ҳизби Халқӣ-Демократии Узбакистон, Миллӣ Тикланиш ё Эҳёи Миллӣ, Ҳизби Либерал-Демократ ва Ҳизби Адолат. Ба ҷуз аз ин Ҳаракати зистмуҳитии Узбакистон низ ҳаст, ки дар интихобот ширкат намекунад, вале тибқи қонун, барои онҳо дар Маҷлиси Поёнии парлумон 15 курсӣ ҷудо шудааст. Ислом Каримов, раиси ҷумҳур тасмим гирифт, ки онҳо бояд бо масъалаҳои зистмуҳитӣ машғул шаванд ва бо интихобот коре надошта бошанд. Ба ҳамин хотир барои онҳо 15 курсии порламон ихтисос дода шудааст. Дар Узбакистон ҳизбҳои сиёсии мухолиф вуҷуд надоранд. Дар соли 2004 чунин талош мушоҳида шуд. Худи Каримов гуфта буд, ки чаро дар Узбакистон ҳизбҳои сиёсии мухолиф вуҷуд надоранд. Ҳизби Халқӣ-Демократӣ изҳор дошт, ки онҳо ҳизби мухолифанд, зеро онҳо мухолифи ҳукумат ва ҳизбҳои либералӣ мебошанд. Вале ба зудӣ Ислом Каримов суханронӣ кард ва гуфт, ки дар ин кор набояд саросема шуд. Барои ҳамин ин тарҳ боздошта шуд. Баъдтар дар соли 2005 рӯйдодҳои хунини Андиҷон рух дод ва фазои сиёсӣ дар кишвар тағир ёфт. Акнун ҳеҷ ҳизб худро мухолиф намедонад. Ҳоло ҳамаи ҳизбҳо назорат мешаванд, байни онҳо мунозираҳои шадид сурат намегирад. Дар сатҳи ҳизб онҳо гаҳ-гоҳе аз якдигар интиқод мекунанд, вале ҳеҷ як аз онҳо ба ҳукумат ва президент Каримов кор надоранд.

Озодӣ: Дар муқоиса бо чанд интихоботи гузашта, оё дар ин интихобот дигаргуниҳо дар назар дошта шудааст?

Рабимов: Медонед, ба назари ман тағйирот нест ва мисли ҳар вақти дигар боқӣ мемонад. Вале ширкати раъйдиҳандагон дар интихобот хеле камтар аз чанд интихоботи пеш хоҳад буд. Дар интихоботҳои солҳои 2004 ва 2009 рақобати сохтаи миёни ҳизбҳо бештар ба назар мерасид. Ҳоло чунин нест. Сабаб ин аст, ки “ҳукумат кӯҳна шудааст”. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳам эҳсос мекунанд, ки ҳукумат мумкин аст аз баъзе изҳороти онҳо ҳаросад. Барои ҳамин онҳо ором менишинанд ва худро ба ҳар тараф намезананд. Дар қонунҳои интихоботии Узбакистон дарсадии ширкати интихобкунандагон оварда нашудааст. Вале агар бештар аз 30 дарсади интихобкунандагон дар раъйдиҳӣ ширкат ҷӯянд, интихобот баргузоршуда дониста мешавад. Ба назари ман, аксари курсиҳоро ҳизби ҳокими Либерал-Демократи Узбакистон ишғол мекунад. Ин ҳизб соли 2003 ташкил шуд. Ҷавонтарин ҳизб аст ва аз ҳамон сол то ҳол ҳизби ҳоким мебошад. То он вақт дар остонаи ҳар интихобот ҳизби нав ташкил мекарданд. Ҳоло нахуствазир ва вазирони аслии кобина узви ҳамин ҳизбанд. Аммо барои Каримов ҳеҷ як аз ин ҳизбҳо бегона нест. Масалан, вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2007 аз номи Ҳизби Либерал-Демократ номзад шуда буд. Вале дар интихоботи оянда метавонад аз ҳар ҳизби дигар, масалан аз номи Ҳизби Эҳёи Миллӣ номзадии худро пешбарӣ кунад.

Озодӣ: Бар ҷараёни интихобот нозирони хориҷӣ назорат хоҳанд кард?

Раббимов: Дар остонаи ҳар интихобот нозирон аз кишварҳои миллӣ даъват мешаванд. Масалан, аз кишварҳои арабӣ, аз Амрико ва Аврупо. Онҳо асосан барои тамошои Узбакистон меоянд. САҲА дар ҳар интихобот нозирони худро дар ҳайати маҳдуд мефиристад. Онҳо саъй мекунанд, ки бо коршиносони узбак тамос нагиранд, чунки ин коршиносон талош мекунанд, ки ба ақидаи онҳо дар бораи чигунагии вазъ таъсир расонанд. Аз оғоз то ҳол мушоҳида шудааст, ки нозирони САҲА ҳамеша ҳар интихоботро ғайридемократӣ арзёбӣ кардаанд. Ба назари ман чунин арзёбӣ дуруст аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG