Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барои интихоботи порлумонии Ӯзбакистон 4 соат кифоя кард


Дар чаҳор соат -- аз 6:00 то 10:00-и субҳи 21 декабр дар Ӯзбакистон 34 дарсади раъйдиҳандагон дар интихоботи маҷлиси олӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллии ин кишвар ширкат кардаанд.

Кумиссюни Марказии Интихоботии Ӯзбакистон мегӯяд, дар чаҳор соати аввали рӯзи интихобот зиёда аз 34%-и интихобкунандагон дар райъдиҳӣ ширкат карданд ва бино бар қонунҳои ин кишвар ширкати беш аз 33 дарсади соҳибони ҳаққи раъй кофист, ки интихобот "баргузоршуда" эълон гардад.

Ин дар ҳолест, ки номи 20 миллиону 789 ҳазор нафар ба феҳрасти интихобкунандагони Ӯзбакистон шомил шуда буд. Ҳамагӣ пас аз 4 соати боз шудани қитъаҳои раъйдиҳӣ мақомоти Ӯзбакистон эълон карданд, ки интихобот баргузор шуд ва дар он дар ин чаҳор соат зиёда аз 7 миллион нафар овоз доданд. Раиси яке аз қитъаҳои марказии интихоботӣ дар шаҳри Тошканд Мирзо Улуғбек Абдусаломов гуфт, ки то нимирӯзӣ дар қитъаи ӯ 56 дарсади интихобкунандагон раъй доданд.

Дар саросари кишвар наздик ба 9 ҳазор қитъаи раъйдиҳӣ боз шуда, интихобкунандагон ҳақ доранд то соати ҳашти шом барои вакилони ояндаи порлумони ин кишвар ва ҳамчунин шӯроҳои маҳаллӣ раъй диҳанд.

Дар интихоботи порлумонӣ чаҳор ҳизби сиёсии Ӯзбакистон – Ҳизби Халқӣ Демократӣ, Либерал-Демократ, Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” ва Ҳизби Ваҳдати Миллӣ ширкат мекунанд. Онҳо ба сурати умум 535 номзад пешбарӣ кардаанд.

Дертар хабар дода шуд, ки то соати панҷи бегоҳ зиёда аз 78 дарсади интихобкунандагон дар ин маърака ширкат карданд.

Дар ҳоле ки маъракаи пешазинтихоботӣ бе рақобати ҷиддӣ ва ширкати аҳзоби мухолифи давлат ҷараён ёфтааст, нозирони интихоботӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мушатаркулманофеъ дар гузориши минёндавраии худ онро шаффоф, демократӣ ва орӣ аз ҳама гуна қонуншиканиҳо донист. Аҳзоби мухолиф монанди “Эрк”, “Бирлик” ва “Бирдамлик” интихоботро бойкот кардаанд.

Дар ҳоле ки ҳукумат ва нозирони интихобот аз ИДМ ба рафти интихобот баҳои баланд медиҳанд, бархе аз шаҳрвандони Ӯзбакистон мегӯянд, натавонистаанд, аз ҳаққи конститутсионии худ исти фода кунанд. Абдуқаҳҳор аз Тошканд ба Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳавзаи интихоботӣ номи ӯ ва 9 узви хонаводаашро ба рӯйхатти интихобкунандагон ворид накардааст. Биноан, вай баъд аз баҳс бо намояндагони ҳавза ба нишони эътироз аз ширкат дар интихобот даст кашидааст.

Нафари дигар бо номи Бобомурод аз вилояти Сурхондарё мегӯяд, бе ягон мушкил дар интихобот ширкат кард, аммо Холиқназар аз шаҳри Самарқанд нахостааст, ба тарафдорӣ ё мухолифат аз касе ё ҳизбе овоз диҳад, зеро мегӯяд, аз ширкати ӯ дар интихобот чизе дар кишвараш дигар намешавад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи порлумонии Ӯзбакистон ҳайати нозирони худро фиристодааст, вале салоҳиятҳои аъзои он маҳдуд мебошанд. Пештар, намояндаи расмии Дафтари ҳуқуқи башар ва ниҳодҳои демократии САҲА Рэйчел Бендинг ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки САҲА имсол ба интихоботи порлумонии Ӯзбакисто ҳеч гуна нозир нахоҳад фиристод, зеро эҳтиёҷеро ба чунин ҳайат намебинад.

Узви Кумиссюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон Юсуфбек Шодмонбеков ва сармутахассиси ин ниҳод Мирзо Ашӯров низ дар ҳайати нозирони ИДМ ҳастанд. Ҳайати нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро намояндаи Тоҷикистон, муовини Дабири кулли ин ниҳод Маҳмадшариф Ҳақдодов сарварӣ мекунад.

Мисли тақрибан ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ порлумон дар Ӯзбакистон нақши муҳим надорад ва натавонистааст, ба шохаи баробарвазни қудрат табдил ёфта, яккаҳокимиятии раисиҷумҳури ин кишвар Ислом Каримовро бартараф намояд. Аксарияти курсиҳои порлумон ба афрод ва ҳизбҳое дода мешаванд, ки аз тарафдорони сарсахти қудрати иҷроия ва шахси раисиҷумҳур ба шумор мераванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG