Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонии Туркия, аммо "тақдирсоз"-и Эрдуғон


Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Интихоботи Туркия аз сӯи расонаҳои байнулмилалӣ "ҳассостарин" интихоботи ин кишвар дар беш аз як даҳаи охир тавсиф шудааст. Ҳизби Эрдуғон мегӯяд, дар пайи ба даст овардани курсии бештар аст.

Расонаҳои байнулмилалӣ интихоботи рӯзи якшанбеи Туркияро аз ҳассостарин интихоботи ин кишвар дар бештар аз як даҳаи охир номидаанд. Маҷлиси Туркия дар маҷмӯъ 550 ҷой дорад ва Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа умедвор аст, ки битавонад ин бор аксарияти мутлақи курсиҳои парлумонро ба даст оварад.

Ин ҳизб, ки раҳбаронаш раисиҷумҳур Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва нахуствазир Аҳмад Довудоғлу ҳастанд, ҳоло 327 курсии парлумонро дар ихтиёр дорад. Агар дар интихоботи рӯзи якшанбе Ҳизби адолат ва тавсеа битавонад 330 курсиро соҳибӣ кунад, имкон хоҳад дошт, бо баргузории раъйпурсӣ ба Қонуни асосӣ тағйироти мавриди назарашро ворид кунад. Аммо агар битавонад, 367 курсиро соҳиб шавад, метавонад ин корро бидуни баргузории референдум ва танҳо бо ризояти Маҷлиси анҷом диҳад.

Ҳизби исломгарои адолат ва тавсеа хостори афзоиши қудрати президент дар Туркия аст ва аммо мунтақидони Эрдуғон мегӯянд, ки ӯ мехоҳад, қудрати фардии худро афзоиш бидиҳад. Тибқи назарсанҷиҳои мавҷуд дар бораи ин интихобот, натиҷаҳои ба дастомада фарқи зиёде аз интихоботи гузашта надоранд. Бар асоси ин назарсанҷиҳо, Ҳизби адолат ва тавсеа байни 40 то 45 дарсад, Ҳизби ҷумҳурӣ байни 25 то 29 дарсад, Ҳизби миллигарои Туркия байни 15 то 19 дарсадро ба даст хоҳанд овард. Аммо тағйири муҳим ва асосӣ дар интихоботи оянда, чигунагии ширкати курдҳо дар ин интихобот аст.

Раиси маркази омӯзишҳои иқтисодӣ ва сиёсати дохилӣ дар Истанбул Сиган Улген мегӯяд, ки Эрдуғон, ки дар моҳи августи соли гузашта дар интихоботи президентии он кишвар ба пирӯзӣ расид, ҷонибдори тағйири низоми парлумонӣ ба президентӣ аст ва мехоҳад бахши умдаи ҳукуматро дар ихтиёр бигирад. Дар асоси қонуни Туркия, салоҳиятҳои раисиҷумҳури он кишвар бештар рамзӣ мебошанд.

Ҳизби Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз соли 2002 ба ин тараф дар Туркия қудратро дар даст дорад. Таҳлилгарон чанд омили уфти маҳбубияти Эрдуғон ва ҳизби ӯро номбар мекунанд. Иттиҳоми густурда доир ба фасод, иқтисоди заифи Туркия ва сатҳи баланди бекорӣ дар ин кишвар, ки наздики 11, 3 дарсадро ташкил медиҳад ва дар панҷ соли ахир аз ҳама нишондиҳаниди баланд аст, аз ҷумлаи иттиҳомот алайҳи ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон мебошанд

Обрӯи Эрдуғон дар натиҷаи андешидани тадобири сахт алайҳи тазоҳуркунандагон дар Истанбул дар робита ба лоиҳаи аз байн бурдани парки Ғозӣ дар пойтахт доғдор шуд. Дар миёни ин тадобири шадид, қабул кардани қонунҳои сахтгирона аст, ки ба пулис имкон медиҳад, алайҳи тазоҳуркунандагон аз силоҳ кор бигиранд ва онҳоро бидуни ҳукми додгоҳ боздошт бикунанд.

XS
SM
MD
LG