Пайвандҳои дастрасӣ

Овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон бе ҳузури хабарнигорони мустақил (5ВИДЕО ва 13АКС)


Дар нуқтаи овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ чораҳои сахти амниятӣ андешида шудааст ва мақомот нагузоштанд, хабарнигорони мустақил лаҳзаҳои овоздиҳии ӯро сабт кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон соати даҳуним барои раъйдиҳӣ ба участкаи рақами 15-и ҳавзаи ҳавзаи интихоботии рақами 2, воқеъ дар мактаби 53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, омад. Аммо мақомот хабарнигорони расонаҳои мустақил ва хориҷиро нагузоштанд, то аз лаҳзаҳои раъйдиҳии ҷаноби Раҳмон наворбардорӣ кунанд ва аз ӯ дар бораи интихоботи парлумонӣ бипурсанд.

Танҳо наворбардорони телевизионҳои давлатӣ ва шабакаи "Мир" ин имконро пайдо карданд, ки ҳангоми овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон дар дохили ҳавзаи интихоботии рақами 2 бошанд.

Тадобири амниятӣ дар ин ҳавзаи интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сахт аст ва раъйдиҳандагон пеш аз вуруд тафтиш мешаванд.​ Танҳо баъд аз анҷоми овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон, ба хабарнигорони

Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми раъйдиҳӣ

Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми раъйдиҳӣ

расонаҳои мустақил иҷоза дода шуд, то вориди ҳавзаи интихоботӣ шаванд. Масъулони ҳавза гуфтанд, дар ин қитъа 1 ҳазору 575 интихобкунанда сабт шуда, то ин дам сӣ дарсади онҳо раъй додаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ мегӯяд, "Эмомалӣ Раҳмон ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод. Ташрифи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи интихоботии мазкур ва овоздиҳии ӯ дар ҳузури нозирони сершумори байналмилалӣ ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҷараён гирифт."

Кабирӣ: “Ба раъйи мардум эҳтиром гузошта шавад"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, изҳори умед кард, ки шумориши раъйи сокинон дар интихоботи парлумонӣ бидуни тақаллуб хоҳад шуд.

Раҳбари ҲНИТ, ки соати 11-ву 10 дақиқа дар участка ё маркази раъйдиҳии шумораи 34-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе раъйи худро ба сандуқ рехт, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, "ҳарчанд раиси ҷумҳур ваъдаи шафофу озод баргузор шудани равнади баргузории интихоботи парлумониро карда буд, аммо ин ваъда дар маъракаи қаблазинтихоботӣ ба пуррагӣ иҷро нагардид. Аммо умедворем, ки интихобт бидуни тақаллубкорӣ сурат бигирад ва ба раъйи мардум эҳтиром гузошта шавад."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, Муҳиддин Кабирӣ гуфт, умедвор аст, ҲНИТ як фраксияи парлумониро дар ниҳоди қонунгузории кишвар ташкил бидиҳад.

"Танҳо бо тақаллуб як ҳизб метавонад 90% овоз гирад"

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, гуфт, танҳо дар сурати тақаллубкорӣ як ҳизб метавонад 90 дарсад аз овози интихобкунадагонро “соҳиб” шавад. Ӯ, ки дар ҳавзаи рақами 48-и ноҳияи Сино раъй медод, гуфт, дар сурати шаффофияти интихобот ҳеч кадом ҳизб имкони дарёфти якбора навад фоизи овози сокинонро надорад.

Раиси Ҳизби коммунист афзуд, "мо ният дорем, то ҳафт нафарро вориди парлумон кунем. Ҳадафи мо ташкили фраксия дар Маҷлиси Намояндагон аст. Вақте фраксия ташкил кардем, қобилияти ҳизби мо ва овози мо бештар мешавад."

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Шодӣ Шабдолов мегӯяд, онҳо дар тамоми вилояту шаҳрҳои кишвар бо сокинон сӯҳбат карда, дар ҷавоб кафкӯбии зиёд ва ҳамовозиро шунидаанд. "Вале акнун таваккалашон ба Худо",-гуфт раиси ҲКТ.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ дар ҳавзаи рақами 46 дар ноҳияи Сино раъй дод. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, агар интихобот шаффофу озод ҷараён гирад, ҳизби сотсиал-демократ ҳизби парлумонӣ хоҳад шуд.

Вай аз муносибати хуб дар муқоис ба интихоботҳои гузашта тавсиф кард.

Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, соати ҳашти субҳ дар ҳавзаи рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт раъй дод ва дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар сурати шаффоф гузаштани интихобот соҳиби 6 ҷой дар Маҷлиси Намояндагон хоҳанд шуд.

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Ҷаноби Исмонов афзуд, "умеду орзу зиёд аст, аммо интихобот нишон медиҳад, ки кӣ ба чӣ муваффақ мешавад. Ин интихобот аст ва мардум интихоб мекунанд." Ӯ дар идома аз низоми демократии Тоҷикистон тавсиф кард ва гуфт, бо соҳибӣ курсӣ шудан дар парлумон ба таҳияи қонунҳои дархӯри сокинон ва ислоҳи қонунҳои пешин даст хоҳанд зад.

Аз ин пештар Рустам Латифзода -- раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон ба пойи сандуқи раъй рафта, баъди овоздиҳияш аз ҷараёни интихоботи, ба қавли ӯ, шаффоф изҳори қаноат кард ва гуфт, умед дорад, ин бор дар парлумон соҳиби се курсӣ хоҳанд шуд. Дар парлумони гузашта ё даъвати чорум, ҳизби аграрӣ соҳиби ду курсӣ ва худи Рустам Латифзода яке аз намояндаҳояш буд. Аммо баъди таъин шуданаш ба мақоми раиси ноҳияи Восеъ, ваколати Латифзода пеш аз муҳлат дар парлумон қатъ гардид.

Раҳбарони ҳизбҳои дигар, аз ҷумла раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки раёсати Ҳизби халқӣ-демократиро бар уҳда дорад, низ ба овоздиҳӣ хоҳанд рафт.

ВИДЕОи сӯҳбати Саидҷаъфар Исмонов:

Оғози интихоботи парлумонӣ

Соати 6-и субҳи якуми март тамоми қитъа ва ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар Тоҷикистон дари худро ба рӯи интихобкунандагон боз карданд ва то соати 8-и шом ҳамчунон интизори овоздиҳии сокинон хоҳанд монд.

Дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе 288 номзад аз феҳристи ягонаи аҳзоб ва аз ҳавзаҳои якмандативу худпешбарӣ иштирок доранд. Аммо фақат 63 тани онҳо - 41 вакил аз ҳавзаҳои якмандатӣ ва 22 нафар мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ - ба Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, роҳ хоҳанд ёфт.

Ҳоло намояндагони 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон - аграрӣ, демократ, ислоҳоти иқтисодӣ, коммунист, наҳзати исломӣ, сотсиалист, сотсиал-демократ ва халқӣ-демократӣ дар корзори интихобот иштирок доранд.

АКСҳо аз ҷараёни интихобот:

Саҳифаи вижа: Ҳолу ҳавои пеш аз интихобот

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ теъдоди афроди дорои ҳаққи раъйро беш аз 4 миллиону 300 ҳазор мегӯяд ва таъкид мекунад, дар тамоми гӯшаҳои кишвар 3209 ва дар 27 кишвари хориҷӣ 35 қитъаи раъйдиҳӣ фаъол аст.

Ҳарчанд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сӯҳбатҳояш ба шаффофият дар интихобот таъкид кардааст, вале то кунун дар Тоҷикистон ягон интихоботе доир нашуда, ки нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи озоду демократӣ дониста бошанд.

Бо ин ҳол, Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ҷараёни овоздиҳии сокинон дар интихоботи парлумониро 528 нозири байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил назорат ва бештар аз 100 рӯзноманигор аз хабаргузориҳои маъруфи хориҷӣ дар бораи ҷараёни интихобот хабару мавод нашр хоҳанд кард. Инчунин, беш аз ҳазор нозири маҳаллӣ низ ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи парлумониро назорат мекунанд.

ВИДЕОи овоздиҳии Марҳабо Ҷабборӣ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG