Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атри Путин бӯи Путин мекунад?


Дар арафаи Соли нав атри вижае бо номи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба фурӯш баромад. Ин ба дунболи соат, футболка, торт ва қолину арақҳоест, ки низ бо номи Путин мефурӯшанд.

Ширкати “Leaders“ дар арафаи Соли нав атри вижаеро ба номи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба фурӯш баровардааст. Ин атр «Inspired by Vladimir Putin» («Бо илҳом аз Владимир Путин») ном дорад.

Фурӯшандаи атри Путин дар ГУМ – Фурӯшгоҳи марказии шаҳри Маскав дар сӯҳбат бо бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски раҳбари кишвари мо Владимир Владимирович Путин аст, аттори мо Влад Рекунов бо илҳом аз ӯ хост ин атрро бисозад. Ин атрҳоро дар Фаронса тавлид мекунанд, вале тавлидкунандааш ширкати Русия аст. “ Вале ӯ илова кард, ки “дар асл аттори мо худ аз шаҳри Минск аст. “

Аттор ё атрсоз Влад Рекунов шаҳрванди Беларус буда, устохонаи шахсии атторӣ дорад. Рекунов асосан ба номи шахсиятҳои маъруф атр месозад ва аз хидмати ӯву устохонааш чеҳраҳои шинохтае, чун Миррей Матйе, Филип Киркоров, Нелли Кобзон, Наташа Королёва ва Тимати истифода кардаанд.

Ва акнун навбати Путин омад. Сохтани атр ба номи Путинро ба Влад Рекунов ширкати русии “Leaders“ фармоиш додааст. Ба бозор баровардани “атри Путин” бахше аз маъракаи таблиғотии маҷаллаест, ки ин ширкат тоза ба нашри он шурӯъ кардааст.

Сардабири маҷалла Максим Фомичёв гуфт, аз қадим, ҳанӯз дар даврони шоҳону султонҳо атрсозон бо илҳом аз шоҳони замона атр месохтанд ва онҳо бо истифода аз мизони баланди маҳбубияти Путин хостаанд ин анъанаро зинда кунанд.

“Атри Путин” зоҳиран гарм ва дар айни замон мисли об шаффоф аст.

Влад Рекунов
Влад Рекунов

Влад Рекунов мегӯяд, пешниҳоди сохтани атр ба номи президенти Русия барояш ногаҳонӣ буд: “Вақте ба мулоқот мерафтам, ҳанӯз намедонистам, ки ба номи кӣ мехоҳанд сохтани атрро фармоиш диҳанд. Дар ҷараёни сӯҳбат фаҳмидам, ки манзури онҳо раҳбари Русия аст. “ Рекунов мегӯяд, пеш аз сохтани “атри Путин” тақрибан якуним моҳ рӯи қаҳрамонаш кор кардааст: “Дар ин муддат видеороликҳои зиёдеро тамошо кардам, садояшро гӯш кардам, рафтору гуфторашро омӯхтам. Ба назари ман, садо бештар аз ҳама чизи дигар дар кушодани табиати инсон муҳим аст, чунки садо аз ботин меояд ва тақаллубаш мушкил аст. Нигоҳи президентро омӯхтам, ҳаракатҳояшро. Дидгоҳҳои сиёсии ӯ, ки бархе маро мехоҳанд ба ин айбдор кунанд, барои ман дар сохтани ин тар аҳамияти чандоне надошт.”

Влад Рекунов мегӯяд, худи ҷараёни сохтани “атри Путин” боз ним соли дигарро дар бар гирифт. Ӯ мегӯяд, дар сохтани ин атр бештар аз ҳама аз шираи меваҳои ситрусӣ истифода бурдааст ва дар таркиби “атри Путин” бергамот, лимӯ ва дигар шираҳои ба истилоҳ тунду тезро метавон мушоҳида кард: “Вале дар меҳвари бӯи ин атр ҷалғӯза (кедр) ва дигар шамимҳои арчагӣ қарор дода шудаанд. Ва асоси бӯи ин атр мушк (мускус) ва боқилост, ки онро чунин нафис мекунанд.”

Влад Рекунов мегӯяд, ки ӯ 5 намунаи мухталифи “атри Путин”-ро омода кард ва фармоишгар якеи онҳоро пазируфт. Аммо атрсоз мегӯяд, аз инки сохтани атр бо худи Путин маслиҳат шудааст ё на?, барои ӯ маълум нест: “Инро бояд аз фармоишгарон пурсид.”

Фурӯшандаи “атри Путин” дар ГУМ аммо мӯътақид аст, ки ин атр бо ризоияти худи Путин сохта ва фурӯхта мешавад: “Албатта, Владимир Владимирович ин атрро пазируфтааст. Вагарна мо дар инҷо, дар ҳамагӣ 100-метрии Кремл намеистодем.”

Нархи атри “Бо илҳом аз Путин” дар ГУМ 6500 рубл, муодили қариб 100 доллар аст.

“Атри Путин” нахустин маҳсулоти ба номи президенти кунунии Русия нест, ки вориди бозор мешавад. Зоҳиран соҳибкорони корчаллон хуб фаҳмидаанд, ки аз мизони маҳбубияти Путин метавон бренд сохт ва сӯди хубе ҳам ба даст овард.

Қаблан ҳам аз Русия дар бораи тавлиди соатҳо бо акси Путин, торт бо акси Путин аз як корхонаи қаннодии Волгоград ва даҳҳо навъи арақ низ бо акси ӯ гузориш шуда буд. Ҳамин тавр, дар Туркманистону Тоҷикистон бо акси Путин қолинҳое мебофанд, ки то чнад соли пеш хеле хуб ба фурӯш мерафт. Ҳамчунин чанд сол пеш соҳибкорони корчаллони тоҷик ба як навъи матоъ ба хотири хубтар ба фруӯш рафтанаш номи Путинро дода буданд. Матои “Путин” як муддат аз пурхаридортарин матоъҳо дар бозорҳои Тоҷикистон буд, вале ҳоло аз муд рафтааст.

Бӯи Путин ба шумо писанд аст?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

XS
SM
MD
LG