Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхоҳии волидайни маҳбусҳо аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Файзалӣ Икромов - падари Ҳамза Икромзода
Файзалӣ Икромов - падари Ҳамза Икромзода

Волидайни маҳбуси фавтида Ҳамза Икромзода ва падару модари зиндониёне, ки гуфта мешавад, шоҳиди марги ӯ буданд, рӯзи панҷшанбе ба Қасри президенти Тоҷикистон омаданд, то ба раисҷумҳур муроҷиат кунанд.

Онҳо мегӯянд, аз тарзи тафтиши парвандаи марги Икромзода ва фишор ба шоҳидони воқеа норозиянд ва танҳо раисиҷумҳур метавонад, ба ҳалли мушкил кӯмак намояд.

Файзалӣ Икромов, падари Ҳамза Икромзода, ки моҳи сентябри соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе фавтида буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор моҳ мегузарад, аммо ҳанӯз парвандаи писари ӯ такмил нашуда, муҷримон ҷазо нагирифтаанд. Вай афзуд, аз сарнавишти шоҳидони марги писараш, ки бо оғози пажӯҳиши ҳодиса ба Хуҷанд интиқол ёфтаанд, нигарон аст:

«Барои чӣ нуҳ шоҳиди баръалои Ҳамзаро ба Хуҷанд гурезонданд? Сабаб? Онҳоро бо таёқҳои резинӣ – дубинка он қадар задаанд, ки маъюб шудаанд. Боз 40 рӯзи дигар карантин эълон кардаанд, ки ҳеҷ кас набинад. Адвокат даромада натавонад, прокурор гап зада натавонад, кӣ ба доди мо мерасад? Гапи прокурор нагузарад, гапи суд нагузарад, мо ба кӣ муроҷиат кунем? Фақат ҷаноб мондааст!»

Волидайни маҳбусоне, ки гуфта мешавад, шоҳиди марги Ҳамза Икромзода будаанд, аз он нороҳатанд, ки фарзандони онҳо дар Хуҷанд мавриди фишор қарор гирифта, аз онҳо тақозо шудааст, ки аз гувоҳӣ додан дар қазияи Икромзода даст кашанд. Чанд рӯз пеш маълум шуд, ки Рафэл Мақсудов, яке аз маҳбусони зиндони рақами як ва шоҳидони Ҳамза Икромзода ҳам аз баёноташ даст кашид. Амиралӣ Икромов, бародари Ҳамза Икромзода дар сӯҳбат бо Озодӣ рӯзи 5 феврал гуфт, ки Рафаел Мақсудов, яке аз шоҳидони айнии лату кӯби шадиди Икромзода “таҳти фишори мақомот” аз иддаои худ оиди кушта шудани Ҳамза дар зиндон даст кашидааст.


Меҳрнигор Ризоева, модари Суннатулло Ризоев, яке аз ин маҳбусон мегӯяд, чанде қабл аз Хуҷанд баргаштааст ва писараш ба ӯ гуфтааст, ҳадафи латукӯб қарор ёфтааст. Вай афзуд, се рӯз пеш писарашро дар ШИЗО – ҳуҷраи низомаш вазнини муҷозотӣ маҳкам кардаанд:

«Аз ин хотир ҳоло дари идораҳоро мекӯбем, ки кӯмак кунанд. Он қадар кӯшидем, ба ҷое нарасидем. Натиҷае нест. Як идора даромадем, ба ҳарфамон гӯш накарданд. Қариб буд ҷабрдидаро латукӯб кунанд».

Хонум Меҳрнигор меафзояд, агар ба сарнавишти фарзандаш расидагӣ нашавад, вай худро ба нишони эътироз дар назди Қасри президент оташ хоҳад зад.

Як масъули қабули арзу шикоятҳо дар қабулгоҳи Дастгоҳи иҷроияи президент гуфт, ки дархости волидайнро қабул кардаанд. Ба қавли ӯ, онҳоро рӯзи 12 феврал мушовири ҳуқуқии раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷумъахони Давлат қабул хоҳад кард.


Ҳанӯз 10 январи соли равон Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки аз рӯи ҳодисаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода се масъули зиндон тибқи ду банди Кодекси ҷиноӣ – “баромадан аз ҳадди ваколат” ва “хунукназарӣ” ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Аммо муфаттиши парванда Икромиддин Қараев мегӯяд, тафтиш идома дорад ва тафсилоте барои гуфтан нест. Вай афзуд:

«Агар волидайн аз тафтиши парванда норозӣ бошанд, бигзор як мактуб нависанд ба номи Додситони кул ва шикояти худро расонанд. Аз ҷониби мо мушкиле нест.»

Раёсати иҷрои ҷазо дар Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтааст, ки интиқоли маҳбусон аз Душанбе ба Хуҷанд ҳарчанд баъд аз расонаӣ шудани қазияи марги Ҳамза Икромзода ба амал омад, як иқдоми маъмулӣ буда, бино бар нақша сурат гирифтааст.

Ҳамза Икромзодаи 27 – сола, ки се сол пеш бо иттиҳоми авбошӣ ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, рӯзи 20-уми сентябри соли гузашта дар зиндони рақами аввали Душанбе дар шароити мармуз ва ба қавли наздикон, дар пайи шиканҷаву азият фавтида буд.

Маҳбусоне, ки гуфта мешуд, шоҳиди ин фоҷиа буданд, 5 – уми октябр аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол ёфтанд. Моҳи декабр дар расонаҳо се навори видеоие нашр шуданд, ки дар онҳо ин маҳбусон аз шиканҷа шудани худ хабар додаанд.
XS
SM
MD
LG