Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волидони маҳбусони норозӣ истеъфои И.Шарифовро талаб карданд


Волидони бархе аз маҳбусони норозӣ хостори истеъфои Иззатуллоҳ Шарифов, сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон шуданд.

Волидони маҳбусони норозӣ бо ирсоли як нома ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ёвари вазири умури хориҷии ИМА Роберт Блейк ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон, истеъфои сардори Раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон Иззатулло Шарипов, Сарпрокурори назоратӣ Толиб Азимов ва раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро тақозо кардаанд.

Дар номаи мазкур 320 волидони маҳбусони норозии зиндонҳои мухталифи кишвар ва зиндониёне, ки тайи чанд соли ахир бар асари шиканҷа фавтидаанд, имзо гузоштаанд.

Маҳмурод Одинаев, падари яке аз маҳбусони норозӣ рӯзи 11-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи душанбе номаи дастаҷамъонаи волидони маҳбусони норозиро ба Дастгоҳи президент ва сафорати Бритониё дар Тоҷикистон расман таслим намуда ва низ аз тариқи почта ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ирсол доштааст.

Дар ҳамин ҳол Шӯъбаи мактубҳои дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафорати Бритониё таъйид карданд, ки ҳамин рӯз номаи дастиҷамъонаи волидони маҳбусони норозиро ба қайд гирифтанд, ки онро сокини ноҳияи Ҳисор Маҳмурод Одинаев ба онҳо таслим кардаааст. Аммо дар сафорати Амрико гуфтанд, номаро тариқи конверт аз почта дарёфт кардан мехоҳанд.

Номаи волидони маҳбусони норозӣ
Номаи волидони маҳбусони норозӣ
Худи Маҳмурод Одинаев ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ин нома маълумоти муфассал ва асноди дақиқ бо сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ пешниҳод шудааст, ки чи гуна дар маҳбасҳо аз шиканҷаву зурӣ кор гирифта мешавад, вале масъулони маҳбасҳо ба ҷои ислоҳи вазъият, беэътиноӣ мекунанд.

Маҳмурод Одинаев меафзод, тайи ин чанд соли ахир чанд маҳбус бар асари шиканҷа фавтидааст, вале то ҳол ҳеҷ кадом аз кормандони маҳбасҳо ҷазои сазовор нагирифтааст.

Дар нома зикр шудааст, ки додситони назоратӣ бо масъулини маҳбасҳо «забон як карда», дар таҳқиқи парвандаҳои марги маҳбусҳои бар асари шиканҷа даргузашта саҳлангорӣ мекунад. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки даҳҳо аризаҳои волидон, ки ба Додгоҳи олӣ дар мавриди ҳукмҳои ғайриодилона пешниҳод карда мешаванд, беҷавоб мемонад.

Маҳмурод Одинаев меафзояд, ки "ин ҳама беадолатиҳо ба таври давомдор боқӣ мондааст ва ин сабаби борҳо эътироз кардани волидон шудааст." Вай изҳори умедворӣ мекунад, ки дар ин навбат ба доди онҳо хоҳанд расид ва хоҳиши онҳо иҷро хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG