Пайвандҳои дастрасӣ

Аз нопадидшавии Сабинаву Малика Араловаҳо беш аз 50 рӯз гузашт. Ҳанӯз ҳеҷ хабаре дар бораи ин атфол дар даст нест.

Нигина Аралова, модари Сабина, яке аз кӯдакони нопадидшуда дар Душанбе мегӯяд, духтараш гоҳ-гоҳ зиндаве беосеб ба хобаш меояд ва эҳсос мекунад, ки ин рӯъёҳо рӯзе ба ҳақиқат табдил мешаванд. Маликаву Сабина Араловаҳо, амакбачаҳои панҷ ва чорунимсолаи сокини хиёбони Айнии пойтахти Тоҷикистон 25 март аз назди манзили худ ғайб заданд ва то ҳанӯз касе гуфта наметавонад, ки онҳо дар куҷоянд.

Мо Нигина ва Улуғбек Араловҳоро дар ҳоле пайдо кардем, ки аз мулоқот бо фейсбукчиҳо баргашта буданд. Нигина ва Улуғбек мегӯяд, бо онки аз нопадид шудани кӯдакон рӯзҳои зиёде сипарӣ шудааст, одамони зиёд ҳамоно ба онҳо занг мезананд ва ҳолпурсӣ мекунанд. Мо дар як сӯҳбат аз падару модари Сабина таҳаввулоти ахирро пурсидем. Ба бештари суолҳои мо Улуғбек посух дод, чун ду моҳ мешавад муҳимтар аз ҷустуҷӯи духтараш кори дигаре надорад.

Озодӣ: Муддати ду моҳ аст, ки ки фарзандатон бедарак аст. Аммо дар ин муддат нишони умедворкунандае ҳаст? Талоши ҷиддие аз тарафи мақомот мушоҳида мешавад?

Улуғбек: То ҳоло ҳеҷ хабаре нест, аммо умед дорем, ки фарзандони мо ёфт мешаванд. Умед хеҷ гоҳ аз мо дур нахоҳад шуд. Бале, кӯмак ҳаст, ҳам аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам кормандони онҳо. Ҳар рӯз меоянд, дар тамос ҳастанд, лекин то ҳол натиҷа нест.

Озодӣ: Мо шунидем, ки рӯзи гузашта шуморо ба Вазорати корҳои дохилӣ даъват карданд. Хабари тозае буд?

Улуғбек: На, гапи наве набуд. Аз мо пурсиданд, ки хабаре ҳаст ё не? Гуфтанд, ҳар чӣ шавад, онҳоро ҳам дар ҷараён гузорем. Мо ягон фарзияи сохторҳои тафтишотиро ҳам намедонем.

Озодӣ: Вазорати корҳои дохилӣ барои ҷустуҷӯи Малика ва Сабина аз сафорати ИМА дархост карда буд, ки аз тариқи ФБР кӯмак кунад. Ин масъала дар кадом поя аст?

Улуғбек: Бале. Онҳо аллакай омаданд ва аз рӯзи душанбе ба кор сар карданд. Штаб ташкил карда ва ҳамроҳ бо мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ кор карда истодаанд. Корро аз макону ҳолати гум шудани кӯдакон шурӯъ карда таҳқиқро ба роҳ мондаанд. Умед ҳаст, ки онҳо ба мо дар ёфтани фарзандонамон ёрдами худро мерасонанд.

Озодӣ: Дастгирии ҷомеаро чӣ гуна эҳсос мекунед?

Улуғбек: Мардум пештар зиёд занг мезаданд ва мепурсиданд. Ҳоло камтар шудааст. Шояд дар рӯз як ё ду нафар занг мезанаду мепурсад. Ва мехоҳанд бидонанд, ки оё кӯдакон ёфт шудаанд ё не. Аммо пештар ҳар дақиқа занг мешуд ва ҳатто баъзеҳо мегуфтанд, ки фалон кӯдакро пайдо кардем ва аз ин қабил. Фейсбукчиён то ҳоло кумак карда истодаанд. Телефон мекунанд, мепурсанд, ки чӣ кӯмак даркор, коғазҳоро мечаспонанд. Аз тариқи радиои “Ватан” кӯмак мешавад. Пештар мардум бештар буд. Лекин ҳоло кам шудааст. Мо аз ҳама минатдорем.

Озодӣ: Дар баробари кӯмаки пулис, шумо ҳамчунин талош кардед, ки аз роҳҳои дигар низ бачаҳоро пайдо кунед. Шояд мардум ба шумо маслиҳат медиҳанд, ки пеши кӣ бирввад, ҳатто фолбинҳо...

Улуғбек: Пеши экстрасенсҳо низ албатта рафтем. Бо Турсуной Зокирова, тариқи телефон ҳамсӯҳбат шудем, аммо вай ягон маълумот надод.

Нигина: Вай (Турсуной Зокирова) ба таври ошкор гуфт, ки кӯмак карда наметавонам. Баъд ба экстрасенсе дар Маскав муроҷиат кардем. Вай гуфт, ки то охири моҳ ҳатман фарзандонатонро меёбед. Аммо моҳи дуюм аст, ки ҳеҷ хабаре дар бораи кӯдакон нест.

Улуғбек: Мо назди чанд экстрасенси дигар, муллову фолбинҳо рафтем. Ҳамааш аксҳоро нигариста мегӯянд, ки кӯдакон зиндаанд. Вале намегӯянд, ки дар куҷоанду дар чӣ шароит ҳастанд.

Озодӣ: Дигар чӣ гуфтаниед?

Нигина: Мо бо умед зиндагӣ мекунем. Умед дорем, ки ҳатман кӯдаконро меёбем. Гоҳо дар хоб ҳам мебинам, ки ба хона омада истодаанд. Сабина кӯдаки шӯх буд, доноча буд. Ҳар чӣ мехост, ҳатман харида медодем. Ҳамин ҳолатҳоро бисёр хоб мебинам.


Улуғбек: Аз хонандагон ва шунавандагони Радиои Озодӣ ва мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорам, ки агар ягон кас онҳоро бинад, ҳатман муроҷиат кунад. Телефонҳои моро надошта бошанд, ба милистия муроҷиат кунанд.


Телефонҳои тамос бо Улуғбек ва Нигина Араловҳо: 91-900-12-00, 91-970-55-33, 44-600-71-01, 223-01-07

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG