Пайвандҳои дастрасӣ

"Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард." Ин тезгӯяк дар китоби дарсии синфи 3 ба нашр расида, ба интиқодҳо рӯбарӯ шудааст.

Яке аз волидон бо овардани ин намуна дар саҳифаи Фейсбуки худ сатҳи чопи китобҳои дарсӣ барои мактаббачаҳоро ба чолиш кашидааст ва аз мутахассисони вазорати маориф даъват кардааст, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ ҷиддитар бархӯрд кунанд.

Комилҷон Исоев - раиси Маркази таълимии вазорати маориф оид ба таҳия, нашр ва фурӯши китобҳои дарсӣ рӯзи 9 апрел дар заминаи шикояти сокини пойтахт Гулнора Раҳмонова, ки дар саҳифаи фейсбуки худ ин тезгӯякро аз китоби синфи 3-и мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон ҳамчун намуна ба баҳс кашидааст, эътироф кард, ки шикояти бархе сокинону, волидон ва журналистҳо аз китобҳои дарсӣ асоси воқеӣ дорад.
Комилҷон Исоев гуфт, тезгӯяки «Харкафтар бача кард, бачаи харкафтар ҳафт харкафтарбача кард» воқеан дурушт буда, ба зеҳни талабаи синфи се мувофиқ нест. Гулнора Раҳмонова гуфтааст, дар зери матни ин тезгӯяк оварда шудааст, ки ибораҳои исму сифати онро нишон диҳед, вале магар мешавад барои талабаи синфи ибтидоӣ ба ҷои даҳҳо мисолҳои равону шево ин гуна тезгӯякро пешниҳод кард?

Китоби «Забони модарӣ» барои синфи 3-ро дар таҳияи 4 муаллиф - Абдуллоев Ибодулло, Абдуллоев Зайнулло, Бозоралӣ Боронов ва Зафар Дорғабеков ва зери таҳрири забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов ба нашр расидааст. Мушовирони нашри ин китоб академик Маҳмадулло Лутфуллоев ва шоири маъруф Низом Қосим будаанд.

К омилҷон Исоев - раиси маркази таълимии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оид ба таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ мегӯяд, дар вазорат барои шикояти волидону хонандагон ва боқӣ мардум ғурфаҳои махсус сохтаанд, ки ҳар нафар метавонад шикояти худро аз тариқи ин ғурфаҳо ироа кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳоду шикоятҳо роҷеъ ба сифат ва мӯҳтавои китобҳои дарсӣ баъд аз омӯзиш ба муалифону масъулони нашри китобҳои дарсӣ расонда мешавад. Вай афзуд, мавридҳое ҳам буд, ки онҳое ки танқид ё тавсияи дуруст мекунанд, ҳамчун ҳаммуалиф дар чопи китобҳои дарсӣ ҷалб шудаанд.

Одамони 10-метра дар китоби таърих

Қаблан ҳам аз мӯҳтавои китобҳои дарсӣ дар Тоҷикистон интиқод зиёд буд. Аз ҷумла чанд сол пеш як китоби таърихи халқи тоҷик барои мактабҳои миёна ҳадафи танқидҳои тунде қарор гирифта буд, чунки ривоятҳои илман собитношудае дар бораи дар аҳди бостон дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ба сар бурдани одамони баландии қадашон беш аз 10 метр ваё чандсад сол умр дидани шоҳаншоҳони Эрони қадимро ҳамчун ҳақиқати таърихӣ пешниҳод мекард.

Аммо мавриди нави интиқод аз китобҳои дарсӣ дар ҳолест ки вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар ояндаи наздик навиштани китобҳои дарсӣ барои насли навро оғоз кунад. Мақомоти вазорат мегӯянд, дар ҷараёни таҳияи ин насли нави китобҳои дарсӣ шикоёт ва танқиду тавсияҳо ба назар гирифта хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG