Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷике дар "Давлати исломӣ" фармондеҳи гурӯҳ шудааст


Абу Иброҳим Хуросонӣ ба ҷои Салоҳуддини чеченитабор раҳбари "Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор" шудааст.

Дар ҳоле ки бисёре аз тоҷикони тундгаро дар Сурия якҷоя бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд, баъзе аз онҳо ҳадди ақалл дар ду гурӯҳи дигари тундрави исломӣ дар Сурия узвият доранд. Як тоҷик ҳатто раҳбари як гурӯҳ таъйин шудааст.

Ин тоҷик бо номи Абу Иброҳим Хуросонӣ маъруф аст. Ӯ моҳи гузашта фармондеҳи нави “Ҷайш-ал-Муҳоҷирин-вал-Ансор” (ҶМА) таъин шудааст. Раҳбарии ин гурӯҳро дар гузашта як чеченитабор бар ӯҳда дошт.

Ду тоҷики дигар мегӯянд, ки онҳо дар сафҳои “Ҷамоати Қрим” меҷанганд. Ин гурӯҳ мехоҳад, аз “Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор” ҷудо ва мустақил шавад.

Баъд аз таъини Абу Иброҳим Хуросонӣ ба раҳбарии “Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор” суоле ба миён меояд, ки ӯ кист ва чӣ тавр ба мақоми раҳбарии ин гурӯҳи тундрав расидааст?

Дар бораи Абу Иброҳим ва гузаштаи вай маълумоти зиёд вуҷуд надорад. Вале ин нукта маълум аст, ки Иброҳим ба ҷойи Салоҳуддини чеченитабор раҳбарии гурӯҳро ба ӯҳда гирифтааст. Салоҳуддин дар водии Панкисии Гурҷистон ба дунё омадааст. Вайро моҳи гузашта аз фармондеҳии “Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор” барканор карданд.

Абу Иброҳим дар Фейсбук худро тоҷики мутаваллиди Русия нишон додааст. Барои Иброҳим тахаллуси Хуросониро интихоб кардаанд ва ин тахаллус решаҳои миллии вайро ифода мекунад.

Маъмулан тундравҳо ҳам дар сафи “Давлати исломӣ” ва ҳам дар гурӯҳҳои дигари ифротгаро бо тахаллус ё вожаи ахири номашон мешиносанд, ки ба зодбуми онҳо иртибот дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки тундравҳои тоҷик маъмулан дар охири номи худ “ат-Таҷикӣ” ё “ат-Тоҷикӣ”-ро илова мекунанд, ки он нишондиҳандаи миллати онҳост. Вале Иброҳим Хуросонӣ бо ин роҳ нарафтааст ва ба номи худ минтақаи ҷуғрофиёиро илова кардааст, ки ғарби Афғонистон, шарқи Эрон, Туркманистону Узбакистон ва Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ба ҷуз аз тахаллус дар бораи Иброҳим маълумоти дигаре дода намешавад, вале гуфта мешавад, ки вай чун фармондеҳи низомии “Ҷайш-ал Муҳоҷирин вал-Ансор” нотарс аст. Ин гурӯҳ дар шимоли Сурия дар вилояти Ҳалаб фаъолият мекунад. Гурӯҳи мазкур аз аввали соли 2014 дар таркиби нерӯҳои “Давлати исломӣ” ва ҳатто якҷоя бо бахши “Ал-Қоида”-и Сурия бо номи “Ҷабҳат ан-Нусра” меҷангад.

XS
SM
MD
LG