Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Парасту” бидуни шоҳҷоиза ҷамъбаст шуд


Танҳо «Чархи гардон» - намоишномаи пешниҳодкардаи ҳунармандони театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беҳтарин намоишнома аз миёни 15 асари театрӣ дониста шуд.

Ҷашнвора-озмуни театрҳои касбии «Парасту» имсол бидуни тақдими шоҳҷоиза ҷамбаст гардид. Ҳарчанд дар ҷашнвораҳои қаблӣ тақдими чунин шоҳҷоиза ба беҳтарин асари саҳнавӣ сурат мегирифт.

Аммо «Чархи гардон» - намоишномаи пешниҳодкардаи ҳунармандони театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беҳтарин намоишнома аз миёни 15 асари театрӣ дониста шуд.

«Чархи гардон» асари таълифкардаи Нур Табаров, аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангу театри тоҷик буда, онро коргардони театр Давлат Убайдуллоев ба саҳна гузоштааст. Худи Давлат Убайдуллоев ҷоизаи беҳтарин коргардон ё режиссерро ба худ ихтисос дод.

Ин буд, ки беҳтарин намоишнома ба маблағи 2 ҳазору 200 сомонӣ ё муодили ҳудуди 500 доллар ва беҳтарин режиссура бо маблағи 1000 сомонӣ, муодили беш аз 200 доллари амрикоӣ қадр шуданд.

Маросими ҷамъбастии ин ҷашнвора шоми рӯзи чоршанбе дар толори театри давлатии операву балети ба номи С.Айнии пойтахт бо ширкати мақомоти вазорати фарҳанг, намояндагони театрҳои ширкаткунанда ва ҳунаршиносону меҳмонон ҷамъбаст гардид.

Куллияи театрҳои ширкаткунанда барои иштироки фаъол дар ҷашнвораи имсола бо дипломҳо ва ҷоизаҳои таъсиснамудаи вазорати фарҳанг, иттифоқи ходимони театрӣ ва иттиҳодияи нависандагонип Тоҷикистон тақдир шуданд. «Парасту» ба Аловиддин Абдуллоев, бозигари нақши аслии намоишномаи «Лаку Пак» дар тақдими театри шаҳри Қурғонтеппа унвони беҳтарин нақши мардонаро сазовор донист.

Ҳамчунин Гулчеҳра Наимова, раҳбари студияи «Наимов традик компани» ба Фирдавс Қосимов барои аввалин бор нақшофарӣ дар ҷашнвораи «Парасту» ҷоизаи вижаи ин ширкатро супурд. Фирдавс Қосимов, писари Фаррухи Қосим, ҳунарманди фақиди тоҷик аст, ки барои аввалин бор дар намоишномаи «Тавваллуди дигар» аз театри «Аҳорун» нақш офарид.Намоишномаи «Таваллуди дигар» аз сӯи ҳунармандонитеатри «Аҳорун» ба ёди Фаррухи Қосим таҳия шуда буд ва меҳвари онро намоишномаҳои ба саҳна гузоштаи ин ҳунарманди шодравон ташкил медод.

Зимнан дар «Парасту» -и имсола дар маҷмӯъ 15 намоишномаи озмунӣ ва ду намоишномаи ғайриозмунӣ пешниҳод шуд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар канори шахсиятҳои фарҳангии тоҷик, се ҳунаршиноси хориҷиро низ, аз Русия, Қазоқистон ва Узбакистон барои доварӣ ба ҷашнвора - озмуни театрҳои касбии «Парасту» даъват карданд.

Ин иқдом ба хотири он аст, ки дар ҷамъбасти ҷашнвора ва арзёбии ҳунари театрҳо ихтилофи назар ба вуҷуд наояд. Масъулони ҷашнвораи «Парасту» мегӯянд, дар гузашта пас аз ҷамъбаст, намояндагони иддае аз театрҳо ба баҳои доварони озмун розӣ намешуданд ва онро одилона намедонистанд. Ин шуд, ки раҳбарияти вазорати фарҳанг тасмим гирифт, то ба ҳадафи рафъи ин мушкил, ҳунаршиносонро аз хориҷи кишвар даъват кунад.

Ҷашнвора - театри «Парасту» субҳи рӯзи ҷумъаи 5 апрел дар бинои Театри академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ шуд ва муддати панҷ рӯз идома пайдо кард.

Ҳамчунин дар ҷашнвораи имсол барои бори аввал як театр аз Фаронса низ ширкат кард. Мавзуоти асарҳои ба ҷашнвора пешниҳод шуда мухталиф буда ва чун солҳои пеш дар пешниҳоди мавзӯи асарҳо маҳдудият эҷод нашудааст.

Намоишномаҳои ҷашнвора дар театрҳои академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маяковский ва Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҷашнвораи имсолаи «Парасту» ба гиромидошти 100-- солагии София Туйбоева, аз чеҳраҳои саршиноси театри тоҷик бахшида шуда буд.

“Парасту», ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбии Тоҷикистон аст, ки ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва ҳадафи он ташвиқ ва рушди театр ва ба ин васила дарёфти беҳтарин истеъдодҳои театрӣ аст. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба сабаби душвориҳои молӣ, ҷашнвораҳои "Парасту" -ро дар соли 2007 қатъ карда буд. Аммо дар соли 2011 дубора ин ҷашнвора ба ифтихори 20-- солагии истиқлоли Тоҷикистон фаъол шуд.

Барандагони ҷашнвора бо ҷоизаҳо барои се ҷой ва ҳамчунин барои беҳтарин кори таҳия, беҳтарин нақш, ороиши мусиқӣ, ороиши саҳна ҷоизаҳои молӣ қадр карда мешаванд. Намоишномаи «Рӯдакӣ», дар пешниҳоди ҳунармандони театри академӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2011 соҳиби шоҳҷоизаи ҷашнвораи «Парасту» шуда буд.
XS
SM
MD
LG