Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҷозот барои оташзании Қуръон ва таҳқири ҷасади Толибон


Аксе аз навори эҳтимолии таҳқири ҷасади Толибон аз ҷониби сарбозони нерӯҳои дарёӣ

Аксе аз навори эҳтимолии таҳқири ҷасади Толибон аз ҷониби сарбозони нерӯҳои дарёӣ

Мақомоти низомии ИМА нӯҳ афсару сарбози ин кишварро барои оташ задани Қуръону тавҳини ҷасади Толибон муҷозот кард.

Ибтидои соли ҷорӣ ин ҳодисаҳо боиси аксуламалҳои пурғазаби сокинони Афғонистон шуда буданд. Шаш низомии амрикоӣ, ки дар оташ задани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи Багроми Афғонистон саҳм доранд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ халос шуданд.

Аммо низомиёни амрикоӣ мегӯянд, чор афсар ва ду сарбози ин кишвар, ки дар оташ задани тахминан 100 нусхаи Қуръон ва дигар китобҳои динӣ даст доранд, ҷазои маъмурӣ хоҳанд гирифт. Баъзеҳо рутбаи низомии худро гум мекунанд, баъзеҳо аз қисми маошашон маҳрум мешаванду эҳтимол бо баъзе аз афсарони артиш созишномаи хизмати низомӣ қатъ мешавад.

Рӯзи 27-уми август муфаттишони артиши Амрико изҳор намуданд, ки низомиён ҳадаф надоштанд, ба дини Ислом беэҳтиромӣ нишон диҳанд, вале амали онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд ва фармондеҳон низ ба онҳо дастури дақиқе надода буданд.

Муфаттишон ба ноогоҳии диниву фарҳангии сарбозон ишора кардаанд. Дар гузориши додситонии Амрико гуфта мешавад, ки ба сарбозон дар арафаи сафари Афғонистон дар тӯли як соат дар бораи дини Ислом маълумот додаанду халос. Муфаттишони додситонӣ навиштаанд, зимистони соли равон афсарони амрикоӣ дарёфтанд, ки маҳбусони боздоштгоҳи вилояти Парвон дар дохили китобҳои китобхонаи ин маҳбас ба ҳам паём мефиристанд.

Афсарон забонҳои маҳаллиро намефаҳмиданд, вале тарҷумони онҳо низ баъд аз тафтиши китобҳо хулоса баровард, ки ин адабиёти ифротӣ аст. Ҳамин тариқ, 1100 китоб, ки дар байни он наздик ба 500 нусха Қуръон будааст, барои маҳв ба пойгоҳи Багром фиристода шуд. Вақте китобҳоро оташ мезананд, нозирони афғон дармеёбанд, ки дар байни китобҳо нусхаҳои Қуръон нуҳуфтаанд ва оташро хомӯш мекунанд.

Хабари оташ задани нусхаҳои Қуръон эътирозҳоеро дар саросари Афғонистон барангехт ва ҳукумати афғон тақозо кард, ки масъулони ин амал ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Рӯзи душанбе фармондеҳони нерӯҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳида низ дар бораи анҷоми таҳқиқи ҳодисаи таҳқири ҷасадҳои Толибони афғон иттилоъ доданд. Се маллоҳи пиёдагард гуноҳашро эътироф кардаанд. Аввалӣ эътироф кард, ки рӯи ҷасадҳои Толибон ҳоҷат баровардааст, дуюмӣ эътироф кард, ки дар назди ҷасадҳо аксбардорӣ кардааст ва сеюмӣ қабул кард, ки дар оғоз ба муфаттишон дурӯғ гуфтааст.

Фармондеҳони нерӯҳои баҳрии ИМА таъкид кардаанд, ки муҷозоти маъмурии маллоҳон дертар эълон мешавад, зеро тафтиш то ҳанӯз такмил нашудааст. Навори видеоии таҳқири ҷасади Толибон дар моҳи феврал дар Интернет пайдо шуда буд. Аммо ба қавли муфаттишон, ҳодиса моҳи июли соли 2011-ум дар ноҳияи Мӯсо Қалъаи вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон ба вуқӯъ пайвастааст.

Умуман, эътирозу хушунате, ки дар Афғонистон баъд аз ошкор шудани ҳодисаҳои оташ задани нусхаҳои Қуръон ва таҳқири ҷасадҳои Толибон ба амал омад, мунҷар ба ҳалокати камаш 30 нафар шуд. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз низомиёни амрикоӣ тақозо кард, ки сарбозони масъулро дар як муҳокимаи боз баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG