Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Конҳои махфии духтарони президент


Лайло ва Орзу Алиеваҳо

Лайло ва Орзу Алиеваҳо

Маълум мешавад, пурфоидатарин конҳои тило, мис нуқраи Озарбойҷон дар дасти хонаводаи президент Илҳом Алиев будааст.

Рӯи ин таҳқиқот Миранда Патручич, Элеанор Роуз, Лайло Камҷич ва Хадиҷа Исмоилова кор кардаанд.

Ифшо шудани асноди ширкати ҳуқуқии " Mossack Fonseca"-и Панама нишон дод, ки хонаводаи раисиҷумҳури Озарбойҷон пурфоидатарин конҳои тило, мис нуқраро тавассути ширкатҳои оффори дар Панама сабтиномшуда назорат мекунад.

Ҷамшед Аскарлӣ, геологи 46-сола, собиқадори ҷанг ва падари се фарзанд, вақте фаҳмил, ки маоши моҳонаи ӯро дар ҷои кораш дар кони тило саривақт намедиҳанд, маъюс шуд. Баъди чанде ӯ ва 300 ҳамкораш тавассути почтаи электоронӣ ном гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба рухсатии маҷбурии думоҳа фиристодаанд.
Аскарлӣ мегӯяд, "баъди ду моҳ боз як паём омад, ки рухсатии мо ба мӯҳлати номаълум тамдид мешавад ва ба мо танҳо аз се ду ҳиссаи маошамонро хоҳанд дод."

Аз он замон ду сол гузашт, вале коргарони ин кони тило то ҳол ягон тин нагирифтаанд. Ҳарчанд то кунун расман коргари он корхона шумурда мешаванд ва тибқи қонунҳои Озарбойҷон, ҳаққи ҷустуҷӯи ҷои кори дигарро надоранд. Ин мардум дар ин муддат ҳама пасандозҳои худро сарф карданд ва дигар намедонанд, чӣ кунанд.

Корфармони онҳо - ширкати байналмилалии маъдани Озарбойҷон (AIMROC) ҳамагӣ чанде пеш дар майдон пайдо шуд ва билофосила ба дувумин тавлидкунандаи бузурги тило дар кишвар табдил ёфт. Баъдан ҳамон тавре, ки пайдо шуда буд, ғайб зад ва коргарони ба ҳукми тақдир ҳаволашудаи ширкат ҳеҷ нафаҳмиданд, ки барои кӣ кор мекарданд?

Онҳо ба идораи мухталифи давлатӣ - аз вазорати меҳнат то парлумону ҳатто ба президент Илҳом Алиев муроҷиат карданд. Вале, мегӯяд Ҷамшед Аскарлӣ, "ҳама чунин вонамуд мекунанд, ки чизеро намедонанд."

Дар асл корфармоёни онҳо дар Озарбойҷон, дар пеши биниашон буданд, вале дар минтақаҳои оффшорӣ пинҳон шуда буданд. Ин корфармоёни либосҳои муҷалло дар тан ба коргарони ба кӯча андохтаашон аз муқоваи маҷаллаҳои муҷалло нигоҳ мекарданд, дар расми ифтитоҳи иншооти нав лента мебуриданд, дар тантанаҳои расмӣ ширкат мекарданд ва барои пешрафту шукуфоии Озарбойҷон сухан меронданд.

Ин корфармоён духтарони президент Илҳом Алиев - Лайло ва Орзу Алиеваҳо будаанд.

Маълумот дар ин бораро метавон дар асноди ширкати ҳуқуқии "Mossack Fonseca"-и Панама", ки як сол пеш ба дасти ширкати олмонии “Зюдойче Цайтунг”, Маркази байналмилалии таҳқиқоти журналистӣ, Маркази таҳқиқоти фасод ва ҷиноятҳои муташаккил (OCCRP) ва беш аз 100 расонаи дигар аз 82 кишвар расид, пайдо кард.

Рӯзҳои тилоӣ​

9 сол пеш раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев 6 кони тилои арзишашон миллиардҳо долларро ба ихтиёри 4 ширкат гузошт. Яке аз ин ширкатҳо - Globex International LLP - дар Бритониё ва сеи дигар – Londex Resources S.A., Willy & Meyris S.A. ва Fargate Mining Corporation – дар минтақаҳои оффшорӣ сабти ном шудаанд. Дар асл ҳамаи ин конҳои тило ба дасти аъзои хонаводаи худи Алиев гузаштанд.

Лайло ва Орзу бо модарашон Меҳрубон Алиева.

Лайло ва Орзу бо модарашон Меҳрубон Алиева.

Таҳқиқоти соли 2012-уми Радиои Озодӣ ва Маркази таҳқиқоти фасоди Хадиҷа Исмоилова нишон дода буд, ки дар пушти ширкати Globex International LLP, ки 11 фоизи саҳмияҳои консортсиуми конҳои тилоро дар даст дошт, духтарони Илҳом Алиев истодаанд. Аммо дар асл маълум шуд, ки саҳми Орзу ва Лайло Алиеваҳо дар ин бизнеси пурфоидаи тило хеле бештар аз танҳо 11 дарсад будааст.

Бино ба асноди ифшошуда аз ширкати Панама, духтарони Алиев назорати ширкати дар ин кишвари Амрикои марказӣ сабтиномшудаи Londex Resources S.A-ро пурра дар даст доштаанд. Ин ширкат 45 фоизи саҳмияҳои консортсиуми конҳои тилои Озарбойҷонро назорат мекунад. Ба ин тартиб, саҳми духтарони президент дар 6 кони тилои Озарбойҷон ба 56 дарсад мерасад.

Касе аз хонаводаи Илҳом Алиев ба дархостҳои батакрори Маркази таҳқиқоти фасод ҷиҳати шарҳи ин маълумот посух надод.

Ширкати Londex Resources S.A. молики ширкати байналмилалии маъдани Озарбойҷон (AIMROC), яке аз се ширкати дигари шарик дар ин консортсиум будааст. Ширкати сеюм - Fargate Mining Corporation низ дар як рӯз Londex Resources S.A. сабти ном шудаааст ва бино ба асноди фошшуда, таҳти назорати Насиб Ҳасанов, дӯсти наздик ва шарики тиҷории Алиев қарор дорад. Ҳукумат мегӯяд, ширкати чорум дар ин консортсиум - Willy & Meyris S.A. низ дар Панама сабт шудааст, вале ба хабарнигорони Маркази таҳқиқоти фасод муяссар нашуд, ки ягон изи онро пайдо кунад. Вале агар ба схемаи тақсими моликият дар корхонаҳои дигари мутааллиқ ба аъзои хонаводаи президенти Озарбойҷон таваҷҷӯҳ кунед, хулосаи мантиқие бармеояд, ки ин ширкат ҳам ба кадоме аз наздикони Илҳом Алиев тааллуқ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG