Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ДИИШ боз як бинои таърихиро дар Палмира вайрон кард


Раиси созмони мероси бостонии Сурия гуфтааст, гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДИИШ як бинои таърихии дигар ба номи “Тоқи нусрат”-ро дар шаҳри бостонии Палмира тахриб кардааст.

Маъмун Абдулкарим, раиси созмони мероси бостонии Сурия, ба хабаргузории Ройтер гуфтааст, манобеи боэътимод дар шаҳри Палмира таъйид кардаанд, ки бинои таърихии “Тоҷи нусрат” аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” тахриб шудааст. Ин осори таърихии даврони Рими Қадим дар қарни дуи милодӣ бунёд шуда буд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар моҳи майи соли ҷорӣ шаҳри Палмираро тасарруф карда ва ду маъбади таърихиро дар ҳудуди ин шаҳри бостонӣ хароб карда буд. Маъбади “Бел”, ки аз бузургтарин маъбадҳои бостонӣ дар Ховари Миёна ба шумор мерафт, ва маъбади бостонии “Баъли шамин” ду маъбаде буданд, ки тавассути ин гурӯҳи ифротӣ тахриб шуданд.

Созмони ЮНЕСКО тахриби ин маъбадҳоро “ҷинояти ҷангӣ” бо ҳадафи аз миён бурдани намодҳо ва осори фарҳангии Сурия тавсиф карда буд.

Бар асоси ривоёти Инҷил, шаҳри Палмираро шоҳ Сулаймон поягузорӣ карда ва ин шаҳр солиёни тӯлонӣ шаҳри муҳими тиҷоратӣ дар шоҳроҳи Шарқу Ғарб маҳсуб мешуд.

Ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” қаблан 3 манораи бостонии шаҳри Тадмур, маъруф бо номи Палмираро таркондаанд. Ин манораҳо сохти солҳои 44 ва 103-юми мелодӣ буда, дар авохири моҳи августтахриб шудаанд.

Ба гуфтаи Маъмун Абдулкарим, раиси созмони мероси бостонии Сурия, манораҳои тахрибшуда манораҳои“ аз ҳама зеботарин ва ҳифзшудатарин”-и Палмира буданд. Яке аз ин сутунҳо манораи Ал-Аҳбал аст, ки аз 4 қабат ва як қабати зеризаминӣ иборат буд.

Ҷангиёни ин гурӯҳ ҳамин тавр ёдгориҳои таърихии чӣ масеҳӣ ва чӣ исломиро дар манотиқи таҳти тасарруфашон дар Сурияву Ироқ вайрон кардаанд.

XS
SM
MD
LG