Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди ду қатор дар Покистон ҷони 20 касро гирифт. ВИДЕО


Бар асари бархӯрди ду қатор дар шаҳри бандарии Карочии Покистон рӯзи 3 ноябр, дасти кам 20 нафар кушта ва ҳудудан 50 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот мегӯянд, ки тасодуф лаҳзае рух дод, ки қатори босуръати Zakaria Express аз Мултон ҳаракат мекард ва бо қатори the Fareed Express-и Лоҳур бархӯрд кард. Телевизионҳои маҳаллӣ бо пахши ин хабар гуфтанд, ки ин дуюмин фоҷеаи бархӯрди қаторҳо дар роҳҳои оҳани Покистон дар ду моҳи охир мебошад. Барои кӯмак ба осебдидагон хадамоти кӯмаки изтирорӣ дар маҳалли фоҷеа кор мекунанд.

Парвиз Иқбол, як мусофири қатор мегӯяд, ки фоҷеа замоне рух дод, ки як қатор дар истгоҳ қарор дошт ва қатори дигар босуръат омада аз пушт бархӯрд кард.

Баъди ин тасодуф ҳаракати қаторҳо дар роҳҳои оҳани шаҳри Карочӣ, ки дуюмин шаҳри азимтарини Покистон мебошад, қатъ шуд.

Дар як фоҷеаи бархӯрди ду қатор дар моҳи сентябр 4 нафар кушта ва 93 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса дар назди шарҳи Мултони вилояти Панҷоб рух дод.

Бо сабаби сармоягузории нокофӣ ба соҳа, роҳҳои оҳани Покистон, ки ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 1940-ум сохта шудаанд, дар ҳолати хароб қарор доранд.

XS
SM
MD
LG