Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филм дар бораи қатлҳои номусӣ - барандаи ҷоизаи "Оскар"


Филми покистонии “Духтаре дар рӯдхона: баҳои бахшидан” ҷоизаи Академияи синамогарони ИМА - “Оскар”- ро дар бахши филмҳои мустанад сазорвор шуд.

Ин ҷоиза шоми 28 феврал дар шаҳри Лос-Анҷелеси Амрико ба коргардони покистонӣ Шармин Убайд-Чиной супурда шуд. Баъди гирифтани ҷоиза худи коргардон гуфт, “Ин натиҷаи талошҳои занонест, ки бо сарсупурдагӣ кори худро анҷом медиҳанд”. Вай дар суханронии худ инчунин аз мардони боҷасорат дар ҷомеаи Покистон, аз ҷумла падару ҳамсараш қадрдонӣ кард, ки занонро барои таҳсилу кор ташвиқ мекунанду бо ин амали худ дар таъмини адолати иҷтимоӣ саҳмгузор мешаванд.

Баъди гирифтани ҷоиза дар сӯҳбат бо хабарнигорон Шармин Убайд-Чиной, коргардони 37-солаи зодаи Карочӣ гуфт: “Ин ҳама ғайримунтазира буд. Вале худи пешбарӣ шудан ба ҷоизаи Академияи синамо маънои онро дорад, ки шумо қудрати тағйир додани қонунҳо дар Покистонро доред. Нахуствазири Покистон рӯзи душанбеи гузашта маро ба дафтараш даъват кард, дар он ҷо инчунин намояндаггни маҷлис ҳам буданд. Онҳо филмро тамошо карданд. Ин филм дар бораи бахшидан ва ҳам муомилаҳо бо қонун баҳс мекунад ва онҳо гуфтанд, ки дар тарҳи тағйири қонунро таҳия доранд”.

Филми “Духтаре дар рӯдхона: баҳои бахшидан” дар бораи расми қадимаи қатлҳои номусӣ баҳс мекунад, ки дар ҳолати аз ҷониби марде кушта шудани зане, марди муҷрим метавонад аз роҳи пардохти пул ё хунбаҳо аз ҷазои сангин озод шавад. Қабл аз гирифтани ҷоизаи “Оскар” коргардон Шармин Убайд-Чиной бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф ҳам мулоқот кард ва ӯ ваъда супурд, ки дар амри шадидтар кардани қонунҳои кишвар барои мубориза бо чунин суннатҳо талош мекунад. Ин ҷоизаи дуюми “Оскар”-и коргардони покистонӣ Шармин Убайд-Чиной аст.

Филми аввали барандаи ҷоизаи мӯътабари ӯ “Ҳифзи обурӯ” дар соли 2012 дар бораи сарнавишти талхи заноне баҳс мекард, ки баъди ба рӯяшон пошидани тезоб (кислота) барои як умр зишту бадбахту маълул шудаанд. Шармин Убайд-Чиной як коргардон, журналист ва фаъоли ҷамъиятист ва қабл аз гирифтани ҷоизаи “Оскар” дар як сӯҳбати имейлӣ бо хабарнигори радиои Озодӣ Башир Аҳмад Гвах дар шаҳри Лос-Анҷелес дар бораи филми охирини худ сӯҳбат кард. Вай гуфт, ин филм дар мисоли духтаре бо номи Сабо Қайсар дар бораи ҳадди аққал ҳазор қазияи қатлҳои номусӣ баҳс мекунад. Сабо Қайсари 19-сола барои издивоҷи бидуни иҷозат аз тири туфанги падар маҷрӯҳ шуд.

Радиои Озодӣ: Дар бораи сарнавишти Сабо Қайсар бигӯед.

Шармин Убайд-Чиной: Ман дар бораи қазияи ӯ аз матбуот хабардор шудам ва фаҳмидам, ки танҳо гуноҳи ӯ ин будааст, ки ошиқ шудааст. Фикр кардам, ки бояд дар бораи сарнавишти ӯ ба ҷаҳониён бигӯям. Баъди ин бо раҳбарияти бемористон дар тамос шуда, назди духтарак шитофтам. Дар мулоқоти аввал бо духтарак ман идомаи қиссаи ӯро намедонистам, вале баъдан ин қазия бо он анҷомид, ки таҳти фишори ҳамқабилаҳо, духтарак аз гуноҳи падараш гузашт.

Радиои Озодӣ: Шумо бо ин филми худ чӣ паёме додан мехостед?

Шармин Убайд-Чиной: Ин филм дар бораи воқеиятҳои ҷомеаи мардсолор ва хеле муҳофизакори Покистон ва мухолифи ин қоидаҳо будани занон баҳс мекунад. Вақте баъди боздошти падари Сабо ман бо ӯ сӯҳбат кадам, дидам, ки вай ҳанӯз ҳам пушаймон нашуда, балки амали худро дуруст меҳисобад. Вай мегуфт, ки масъулиятҳои падарии худро дуруст иҷро кард ва духтари саркашашро дарси адаб омӯхт ва ӯ ҳамчун як падар ва ҳамсар бояд обурӯи хонаводаи худро аз шармандагие, ки Сабо бо ишқаш оварда буд, пок мекард.

Воқеият ин аст, ки занҳои зиёд дар ҷомеаи Покистон ҳақ надоранд сарнавишти худро худашон ҳал кунанд ва дар баъзе манотиқи кишвар вазъ даҳшатвор бад аст. Дар давоми сол садҳо зан қурбони кушторҳои номусӣ мешаванд. Вале бо вуҷуди як мушкили сартосарӣ будани ин масъала, баҳсу баррасии бозу ошкори он дар ҷомеа табу аст. Қотилон маъмулан бо баҳонаҳои “фарҳанг ва суннат” беҷазо мемонанд. Бо ин филми худ ман мехоҳам, ки ҳамаи монеаҳо дар баҳсу баррасии ин масъала бардошта ва қонунгузорӣ дар амри муҷозоти омилони ҷиноятҳои номусӣ шадидтар шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG