Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сардори ситоди артиши Покистон ба Тоҷикистон


Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, сардори ситоди артиши Покистон бо ду мақоми аршади вазорати дифои Тоҷикистон мулоқот карда аз як қисми ҳарбӣ дидан кард.

Бахтиёр Бозоров, як масъули дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми август гуфт, субҳи имрӯз Парвиз Ашфақ Каёниро Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Бозоров гуфт:

«Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили вобаста ба авзои минтақаи Осиёи Марказӣ, вазъи кунунии давлати Исломии Афғонистон ва қувваҳои мусаллаҳи кишварро муҳокима намуда, ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои низомии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд».

Ҷаноби Бозоров афзуд, ки дар вохӯрӣ инчунин доираи васеи масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули иттилооту таҷрибаомўзӣ дар муборизаи муштараки зидди террористӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба густариши минбаъдаи муносибатҳои низомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Ба иттилои ин масъули дафтари матбуоти Вазорати мудофеа генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ имрӯз бо сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ генерал-лейтенант Рамил Нодиров вохӯрӣ анҷом дода ҳамчунин аз қисми низомии нерӯҳои зудамали назди Вазорати дифои Тоҷикистон дидан кардааст. Ҳамчунин интизор меравад генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ фардо, 30 август бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот карда вазъи амниятии минтақа ва ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад. Сафари сардори ситоди артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ дар Тоҷикистон се рӯз идома хоҳад кард.

Коршиносон ҳадафи аслии сафари ин мақоми баландпояи низомии Покистонро ба Тоҷикистон як навъ пешгирӣ аз тавсеаи муносиботи Ҳиндустону Тоҷикистон аз ҷумла дар арсаи низомӣ арзёбӣ мекунанд.


Исмоил Раҳматов, коршиноси масоили сисёсӣ дар минтақа ва устоди донишгоҳи Славиянии Тоҷикистону Русия мегӯяд мақсади аслии сафари генерали покистонӣ ба Тоҷикистон якто аст: «Покистон дар ҷое, ки вазни низомӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҳиндустон тавсеа ёбад, кӯшиш мекунад аз он ҷилавгирӣ кунад. Вагарна Покистон ба Тоҷикистон ҳеҷ гуна кӯмаки низомӣ расонида наметавонад, чунки худаш кишвари камбағал аст ва ҳатто имкони ҳифзи сарҳадҳои худро надорад».


Ҷаноби Раҳматов афзуд, ки чун кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна аз хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон эҳсоси хатар мекунанд, Покистон бо ишора ба ҳамин нуқтаи заъфи кишварҳо ва пешниҳоди ҳамкориҳо мехоҳад пеши роҳи афзоиши нуфузи Ҳиндустонро дар минтақа бигирад.


Зимнан матбуоти Ҳиндустон ҳам ба сафари генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон ба Тоҷикистон аҳамияти хос зоҳир мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати мудофеаи Тоҷикистон муносибатҳои низомии ин кишвар бо Покистон аз соли 2009 оғоз шуда ва ҳамасола Покистон аз 8 то 10 ҷавони тоҷикро дар мактабҳои низомии худаш ройгон таълим медиҳад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифои Тоҷикистон аз ифшои рақами дақиқи муҳассилини низомии тоҷик дар Покистон худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG