Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин интихобот бояд ҳафтуми январ ба вуқуъ мепайваст, аммо куштори сарвазири собиқ Беназир Бҳутто сабабгори таъхир гардид.

Собиқ сарвазири Покистон Беназир Бҳутто дар як гирдиҳамоии сиёсии моҳи декабр кушта шуда буд. Шореҳон тахмин мекунанд, ки дар раъйдиҳӣ ҳизби Бҳутто бо номи ҳизби мардумии Покистон пирӯз хоҳад шуд.

Маҷлиси қонунгузори ин кишвар аз 342 курсӣ иборат аст.

Имрӯз барои таъмини назму субот 80000 афсару сарбози покистонӣ ба кӯчаҳои ин кишвар мебароянд.

Соли равон дар норомиҳои Покистон беш аз 450 нафар ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG