Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон президенти нав интихоб мекунад


Покистон рӯзи сешанбе раиси ҷумҳури нави худро интихоб мекунад. Осиф Алӣ Зардорӣ дар моҳи сентябр ба таври расмӣ аз мақоми раёсати ҷумҳури Покистон канор меравад.

Мамнун Ҳусайн ва Ваҷиҳуддин Аҳмад дар интихоботи раёсати ҷумҳури Покистон рақобат мекунанд. Оқои Ҳусай аз ҳизби Лигаи мусалмонони Навоз Шариф ва қозии бознишаста Ваҷиҳуддин Аҳмад аз ҳизби Ҷунбиши адолати Покистон бо раҳбарии Имронхон, дар ин интихобот номзад ҳастанд. Ҷунбиши адолат савумин ҳизби бузурги Покисто ба шумор меравад.

Ҳизби мардумии Покистон бо раҳбарии президент Осиф Алии Зардорӣ аз муаррифии номзади худ худдорӣ кардааст. Ин гуруҳи сиёсӣ эътироз дорад, ки дар робита ба пеш овардани таърихи баргузории интихобот, бо онҳо машварат нашудааст. Рӯзи 6-уми август таърихи баргузории интихобот таъйин шуда буд.

Эҳтимол меравад, ки Мамнун Ҳусайн ҷойгузини Осиф Алӣ Зардорӣ шавад.
Эҳтимол меравад, ки Мамнун Ҳусайн ҷойгузини Осиф Алӣ Зардорӣ шавад.
Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки Мамнун Ҳусайн, дар ин интихобот баранда шавад. Оқои Ҳусайн як тоҷир ва дӯсти наздики Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аст ва тибқи таҳлилҳо, бо пирӯзии Мамнун Ҳусайн қудрати оқои Шариф тақвият хоҳад ёфт.

Раиси ҷумҳури нави Покистон аз сӯи чаҳор маҷлиси вилоятӣ ва ду маҷлиси парлумони марказӣ баргузида хоҳад шуд. Раванди раъйдиҳӣ соати даҳи субҳи рӯзи сешанбе ба вақти маҳалии ин кишвар оғоз хоҳад ва то соати чаҳори зуҳр идома меёбад ва натиҷаи интихобот ҳамон рӯз эълон хоҳад шуд.

Покистон як кишвари мусалмоннишини дорои низоми парлумонӣ буда ва раиси ҷумҳур дар он нақши ташрифотӣ дорад. Ҳасан Аскарӣ, як таҳлилгари покистонӣ мегӯяд, ки Навоз Шариф ба он хотир Мамнун Ҳусайнро ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузида, ки ӯ аз нуфузи сиёсии зиёд бархӯрдор нест. Ба гуфтаи оқои Аскарӣ, Мамнун Ҳусайн ба соддагӣ президенти Покистон интихоб хоҳад шуд, аммо ӯ раҳбарии худро дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ бо мушкилоти зиёд оғоз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG