Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сокинони деҳкадае дар шимолу ғарби Покистон ултиматум гузоштаанд, ки то ҳукумат деҳкадаи онҳоро бо барқ таъмин накунад, онҳо аз ваксини зидди фалаҷ барои бачаҳои худ сарпечӣ хоҳанд кард.

Ин асосан ибтикори пирони қабила будааст, ки барои таъмини минтақаи зисти худ бо нирӯи барқ аз чунин тадбири фақулодда кор гирифтаанд. Садҳо бошандаи деҳкадаи Лаки Марват рӯзи душанбе аз ваксини зиди полиомелит даст кашиданд ва саркардаи қабила Зайдулло Бетанай ба радио Озодӣ гуфт, ки агар талаби онҳо иҷро нашавад, як қатра ваксин ҳам ба ҷисми кӯдакон роҳ нахоҳад ёфт.




“Хати барқ то деҳкада мерасад, аммо нирӯи барқ нест дар минтақа, трансформаторҳо низ мавҷуд нестанд. Мо ҳеҷ абзоре барои мубориза бо хоммӯшак ё пашшаи шаб надорем, Дар наздикиҳо мошини ёрии таъҷилӣ низ нест. Мо аз ҳукумат талаб дорем, ки дархостҳои моро оҷилан иҷро кунад,” - мегӯяд Зайдулло Бетанай.

Лакки Марват деҳкадаест дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, ки бо Вазиристони Ҷанубӣ марзи муштарак дорад. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, барои ҳалли баҳс бо тазоҳургарон вориди музокирот шудаанд. Ин бори аввал нест, ки маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдак дар қисмати шимолу ғарби Покистон ба бунбаст рӯ ба рӯ мешавад.

Моҳи июни соли 2012 сардорони қабилаҳо дар баъзе манотиқи Вазиристони Шимолӣ бо нишони эътироз алайҳи қатъ шудани нирӯи барқ маъракаи ваксинзании кӯдаконро мамнуъ карданд. Ба бовари онҳо, мақомоти маҳаллӣ пули ҷудо шуда барои тарҳҳои энержиро ба ҷайби худ мезананд. Яке аз сараварони қабилаҳо гуфтааст, ки “чӣ фарқ дорад бачаҳои мо аз чӣ мемиранд, аз гармои сӯзон ё неши хомӯшак ва ё аз бемории фалаҷ?”

Сарпечӣ аз ваксини зидди фалаҷ дар ҳолест, ки гурӯҳи Толибон дар Вазиристони Шимоливу Ҷанубӣ ба нишони эътироз алайҳи ҳуҷуми ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико маъракаи ваксинзаниро мамнӯъ кардаанд. Ин ҳолат ҳазорҳо кӯдакро бидуни ин ваксини муҳим гузоштааст.

Покистон, Афғонистон ва Нигерия танҳо се давлат дар ҷаҳон аст, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт онҳоро ҳамчун кишварҳои гирифтори эпидемтияи фалаҷи атфол арзёбӣ мекунад. Бебизоатӣ, бесаводӣ ва идеологияи ифротгароёна дар решакан кардани ин маризӣ дар шимолу ғарби Покистон монеъа эҷод кардааст.

Мақомот маъракаи ваксинзанӣ зидди фалаҷи атфолро дар канораҳои Пешовар 28 май, баъди қатли ду корманди Созмони Милали Муттаҳид аз тарафи мусаллаҳон қатъ кард. Масъулияти ин амалро то ҳол касе бар дӯш нагирифтааст.

Ахиран кормандони умури ваксинзанӣ алайҳи фалаҷи атфол дар Покистон бештар аз пештар ба ҳуҷумҳои маргбор рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки мусаллаҳони Покистон ваксинро абзори тавтеа алайҳи мусалмонон ва кормандони ваксинзанро ҷосус унвон кардаанд.
XS
SM
MD
LG