Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Омилони қатлҳои номусӣ барои абад зиндонӣ мешаванд. ВИДЕО


Қандил Балуҷ, як ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ баъди фош кардани ин мулоқоташ бо як рӯҳонии маъруф дар моҳи Рамазон аз ҷониби бародараш кушта шуд
Қандил Балуҷ, як ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ баъди фош кардани ин мулоқоташ бо як рӯҳонии маъруф дар моҳи Рамазон аз ҷониби бародараш кушта шуд

Се моҳ пас аз қатли як ситораи маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ парлумони Покистон қонунеро дар бораи "кушторҳои номусӣ" ба тасвиб расонд. Рӯзи панҷшанбе, 7 октябр дар ҷаласаи муштараки ҳарду маҷлиси парламент қонуни зидди кушторҳои номусӣ тасдиқ шуд, ки ҳамакнун муҷримони ҷиноятҳои номусӣ, ба вижа қотилонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мекунад.

То ин замон дар Покистон қонуни муҷозоткунанда барои кушторҳои номусӣ мавҷуд набуд ва маъмулан, дар ҳолати рух додани як куштор ё таҷовузи номусӣ, оилаи қурбонӣ маҷбур буд қотилро афв ва аз ҷавобгарӣ халос кунад. Ҳар сол дар Покистон камаш 500 зан аз дасти наздиконашон ба қатл мерасанд ва қотилон бо истифода аз заъфи қонун аз масъулият озод мешаванд.

Ҳар сол дар Покистон камаш 500 зан қурбони кушторҳои номусӣ мешаванд ва дар аксар ҳолатҳо қотилон бахшида шуда ба озодӣ мебароянд

Дар аксари кушторҳои номусӣ зан аз дасти хешу табораш ба қатл расидаву қотил аз сӯи аъзои оилаи қурбонӣ мавриди афв қарор мегирад.

Бар пояи қонуни нав, дар сурати ба эъдом маҳкум намудани қотил аъзои оилаи қурбонӣ метавонад гуноҳи ӯро бубахшад, вале қотил тамоми умр дар зиндон ба сар мебарад. Дар ҳолати ба унвони қасди номусӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтани зан, ҷинояткор ба 25 соли зиндон маҳкум мешавад.

Билохира Покистон қотилонро ба ҷавобгарӣ мекашад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00

Барандаи Оскар барои филми кушторҳои номусӣ: Ташаккур, Навоз Шариф!

Шармин Убайд-Чиной, як коргардони покистонӣ, ки соли равон ба хотири таҳияи филми мустанад дар бораи кушторҳои номусӣ ба ҷоизаи Оскар мушарраф шудааст, дар шабкаҳои иҷтимоӣ ба арзи сипос ба сарвазири кишвараш навишт: "Ташаккур аз шумо ҷаноби Навоз Шариф, ки ба ваъдаатон вафо кардед!".

Моҳи феврал ин хонум таъкид карда буд, ки бо наворгирии филм орзу дошт, ки билохира масъулони кушторҳои номусиро дар Покистон ба ҷавобгарӣ ҷалб мекунанд. Вай гуфт:

Шармин Убайд-Чиной
Шармин Убайд-Чиной

"Шумо дар шаҳрҳову деҳоти дурдасти саросари Покистон шоҳиди он мешавед, ки мардум кушторҳои номусиро ҷиноят намеҳисобанд, зеро қотилонро ба ҷавобгарӣ намекашанд. Аз ин рӯ, ман хостам, ки як маъракаи зидди кушторҳои номусиро шурӯъ кунам, то мардум фаҳманд, ки ин як ҷинояти мудҳиш аст. Ин амал ба ҳеҷ сурат бахше аз фарҳанги мо ваё дини мо нест. Кушторҳои номусӣ - кушторҳои тарҳрезишуда ҳастанд ва қотил бояд зиндонӣ шавад."

Куштори Қандил аз ҷониби бародараш - нуқтаи авҷи эътирозҳо аз кушторҳои номусӣ шуд

Се моҳ пеш, вақте ситораи шабакаҳои иҷтимоии Покистон Қандил Балуч аз дасти бародараш кушта шуд, фишор болои Навоз Шариф афзоиш ёфт, то вазъро тағйир диҳад. Он замон қотил гуфта буд, ки навиштаҳои бебоки хоҳараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ӯро ба ғазаб оварда буд ва ӯ даст ба амал зад. Қандил Балуч ё Фавзия Азим, хонуми модел ва аз ситораҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, дар моҳи Рамазони имсол аксҳояш аз дидор бо як муфтии покистониро расонаӣ кард. Дар аксҳо дида мешавад, ки муфтӣ Абдул Қавӣ дар канори Қандил Балуҷ нишастааст ва дар рӯи миз нӯшокиҳо ва сигор ба чашм мерасанд, дар ҳоле, ки дар ин моҳи шариф барои мусалмонҳо аз бомдод то шом чизе хӯрдану нӯшидан ва истеъмоли тамоку қатъӣ манъ аст.

Вақте мулло Абдул Қавӣ талош кард худро сафед карда бигӯяд, ки бо хонум Балуч "дар бораи ислом" сӯҳбатҳо мекард, ин зан ӯро ба чолиш кашонд ва гуфт, ки Абдул Қавӣ ба ӯ гуфтааст, ки орзу дошт бо нигоҳ ба чашмони ин зан ифтор кунад. Рӯзи 16 июл ин зан кушта шуд.

Васим Азим
Васим Азим

Васим Азим, бародари ӯ як рӯз баъд аз куштор дар шаҳри Дараи Ғозихон, воқеъ дар тақрибан садкилометрии шаҳри Мултон дастгир шуд ва иқрор кард, ки куштори хоҳараш Қандил Балуҷ “номусӣ” аст ва ӯ аз ин амалаш пушаймон нест. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки аз нашри аксҳои хоҳараш бо муфтӣ Абдул Қавӣ сахт ба хашм омада буд. Баъд аз ин ҳодиса гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуҳои занон ва сиёсатмадорон аз ҳукумат талаб карданд, ки қонун дар бораи муҷозот барои куштори номусиро шадидтар намояд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG