Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагии махфиёнаи Бин Лодени "нодор" дар Покистон


Ҷараёни амалиёти маҳви Бин Лоденро дар Кохи Сафед ҳам тамошо мекарданд

Ҷараёни амалиёти маҳви Бин Лоденро дар Кохи Сафед ҳам тамошо мекарданд

Як куммиссиюни вижа дар Покистон мегӯяд, хунукназарӣ ва бемасъулиятӣ ин кишварро ба паноҳгоҳи амни раҳбари Ал-Қоида табдил дода буд.

Куммиссиюни вижаи ҳукумати Покистон ба хулосае омадааст, ки раҳбари собиқи шабакаи Ал-Қоида Бин Лоденро дар тӯли 10 соли будубошаш дар Покистон метавонистанд қабл аз амрикоиҳо боздошт ва безарар кунанд. Ин куммиссиюн, ки барои бозҷӯии будубоши Бин Лоден, ташкил ёфта буд, мегӯяд, бино бар хунукназарии мақомоти маҳаллӣ раҳбари собиқи Ал-Қоида тавонист дар Покистон паноҳгоҳи боамн пайдо кунад.




Шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира бо такя ба гузориши ин куммиссиюн мегӯяд, ки боре Бин Лоден ҳамроҳ бо ёвараш қариб ба дасти мақомот афтода буд ва шахсияти ӯ метавонист ошкор шавад. Аммо тавре дар гузориш омадааст, ёвари раҳбари собиқи Ал-Қоида бо ходимони пулис “забон ёфт” ва мошине, ки Бин Лоден савор буд, аз дасти пулис хато хӯрд.

Ба назар мерасад, ки дар тӯли солҳои будубош дар минтақаи Аббатобод, дар ҳамсоягӣ бо бӯстонсароҳои низомиёни мустаъфӣ ва Академияи низомӣ, Бин Лоден аслан мавриди шубҳаи мақомоти Покистон қарор нагирифт. Ин хонаи мустаҳками печида бо симхорҳо ва раҳбари аз ҷаҳони берунӣ дар инзивоъ қарордоштаи Ал-Қоида ҳеҷ гоҳ таваҷҷӯҳи мақомотро ба худ ҷалб накард. Тавре дар гузориш омадааст, на хадамоти муҳоҷират, на хадамоти молиёт боре ҳам напурсиданд, ки ин оилаи бузург, ки соли 2002 ба ин манзил кӯчид, кӣ аст ва аз куҷо омадааст?

“Хунукназарии ҷинояткорона ва бемасъулиятӣ дар ҳама сатҳҳои ҳукумат будубоши бемамониати Бин Лоденро дар кишвар таъмин кард,” - омадааст дар гузориши куммиссиюни давлатӣ.

Ба назар мерасад, Бен Лоден танҳо аз хадамоти махсуси Амрико ҳарос надошт. Ӯ ба хотири он ки дар дурбини моҳвораҳо наафтад, бисёр вақт кӯлоҳи бузурги “ковбой”-ӣ мепӯшид, то ҳангоми наворбардорӣ аз боло чеҳрааш нанамояд. Ба ғайр аз ин, Бин Лоден мекӯшид, ки бидуни зарурат аз паноҳгоҳаш берун наравад.


Лаҳзае аз филми "Ҳадафи рақами як"

Лаҳзае аз филми "Ҳадафи рақами як"

Дар гузориши куммиссиюн ҷузъиёти ҷолиби зиндагии пинҳонии Бин Лоден низ нашр шудааст. Фарзандонаш гоҳо аз “террористи рақами 1” мепурсиданд, ки чаро аз хона берун намешавад ва ба бозор, ки дар наздикии маҳалли зисти онҳо воқеъ буд, намеравад. Ёварони Бин Лоден ба онҳо шарҳ медоданд, ки ӯ он қадар фақиру нодор аст, ки агар ба бозор ҳам равад, чизе харида наметавонад. Баъди ин шарҳ яке аз духтарони раҳбари собиқи Ал-Қоида ӯро “падари нодор” лақаб гузошт.

Дар ин гузориш ҳамчунин нақли наздикони Бин Лоден аз соатҳои ахири зиндагии ӯ нашр шудааст, ки аз фарзияҳои қаблӣ фарқ мекунад.

Занҳо ва фарзандони раҳбари собиқи Ал-Қоида ҳодисаи шаби 1 майи соли 2011-ро ингуна қисса кардаанд: ”Нимашаб аҳли хонавода аз сару садо бедор шуданд, ки ба садои чархбол монанд буд. Он замон Бин Лоден бо ҳамсари хурдиаш дар ҳуҷраи хобаш буд. Ду ҳамсари дигараш дар ҳуҷраҳои шафат хобида буданд. Вақте маълум шуд, ки хона мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст, Бин Лоден ба ҳамсари хурдиаш ва ду духтари 20-солааш, амр кард, ки ӯро танҳо бигузоранд. Аммо занҳо дар хона монданд ва ҳатто ба нирӯҳои Амрико муқовимат нишон доданд. Ҳамсари раҳбари собиқи Ал Қоида, ки гуфта мешуд, аз пояш захмӣ шудааст, дар ҳоли ҳуҷум ба яке аз сарбозони амрикоӣ ҷароҳат бардошт."


Солми гузшта манзили Бин Лоден дар Аббатободро мақомот ба хок яксон карданд

Солми гузшта манзили Бин Лоден дар Аббатободро мақомот ба хок яксон карданд

Ба сурати умум, тасвири ҳаводиси 1 майи соли 2011 шабеҳи фарзияест, ки қаблан пешниҳод шуда буд, вале ба истиснои як нукта: ба фарзияи ду иштирокдори ин амалиёт, Бин Лоден ҳангоми муқовимати мусаллаҳона кушта шуд. Вале занҳо ва духтарони Бин Лоден ин фарзияро рад мекунанд. Онҳо ҳангоми бозпурсӣ ба мақомоти Покистон гуфтаанд, ки дар ҳуҷраи хоби раҳбари собиқи Ал-Қоида ҳеҷ гуна силоҳ вуҷуд надошт ва ӯ дар вақти кушта шуданаш мусаллаҳ набуд. Ин гуфтаҳо фарзияи яке аз муридони собиқи Бин Лоденро рад мекунанд, ки гуфтааст, раҳбари собиқи Ал-Қоида то нафаси охирин ба нирӯҳои махсуси Амрико муқовимат нишон дод.

Дар ҳар сурат, то замоне, ки мӯҳри махфӣ аз рӯи санадҳои марбут ба амалиёти маҳви “террористи рақами 1” бардошта нашавад, донистан душвор аст, ки он шаб дар асл дар Аббатобод чӣ гузашт? Феълан ин аснод ҳама сирре сарбамӯҳр боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, низомиён қаблан тамоми санадҳоро ба хадамоти истихбороти Амрико супурданд, то ба онҳо мақоми махсус дода, аз ифшо шудани онҳо пешгирӣ кунанд. Тибқи қонуни Амрико дар бораи озодии иттилоъ, тамоми санадҳои ҳукуматиро метавон барои омӯзиши комил ва ё қисман дархост кард
XS
SM
MD
LG