Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Низомиён кори хуберо анҷом доданд"


Барак Обама амалиёти маҳви Усома бин Лоденро "яке аз бузургтарин амалиёт дар таърихи Амрико" номид,

“Ал-Қоида” хабари кушта шудани Усома бин Лоденро тайид кард ва бо нашри як изҳорот дар торнамоҳои интернетӣ савганд хӯрд, ки барои марги ӯ интиқом хоҳад гирифт.

Дар ҳоле, ки “Ал-Қоида” азми худ барои идомаи муборизаро эълом дошт, Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА изҳор намуд, ки ин гурӯҳи террористӣ дар ниҳояти кор аз байн бурда хоҳад шуд.

ОБАМА: САРИ "АЛ-ҚОИДА" АЗ ТАН ҶУДО ШУД

Изҳороти Барак Обама дар пойгоҳи низомии Кампбел, воқеъ дар аёлати Кентаккӣ, пахш шуд. Дар он ҷо раисиҷумҳури Амрико ба ҳама афсарону сарбозоне, ки дар амалиёти маҳви Усома бин Лоден дар шаҳри Абботободи Покистон ширкат доштанд, шахсан арзи сипос кард.

Низомиён ё “коммандос” аз Team Six, ки бештар чун Seals (шакли кӯтоҳшуда аз вожаҳои “баҳр”, “замин” ва “осмон”) маъруф аст, аз гурӯҳҳои вижа ва
Cуханронии Обама дар пойгоҳи низомии Кемпбел
тамриндидаи низомии Амрико маҳсуб мешавад.

Барак Обама бо низомиёни полки 160-уми амалиётҳои вижаи ҳавоӣ низ мулоқот дошт, ки тавассути чархболҳо коммандосро ба маҳалли амалиёт интиқол доданд.

Баъдан дар сӯҳбат бо афсарону сарбозон Барак Обама гуфт, ки онҳо ваъдаи Амрико барои муҷозоти гунаҳкорони ҳамлаҳои террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вошингтонро иҷро карданд.

"Ман имтиёзи мулоқот бо гурӯҳи амалиёти фавқулодда – бо афродеро доштам, ки ин ваъдаро иҷро карданд. Ман имкон пайдо кардам, ки аз номи ҳама амрикоиҳо ва ҳама одамони олам бигӯям – “корро хело хуб анҷом додед!” -гуфт раисиҷумҳури ИМА

Барак Обама амалиёт дар Абботободро яке аз бузургтарин амалиётҳои хадамоти кашф ва низомиён дар таърихи Амрико номид. Дар ин амалиёт, ба гуфтаи Обама, сари “Ал-Қоида” аз тан ҷудо карда шуд,

Дар мулоқот низомиёне низ ҳузур доштанд, ки ахиран аз Афғонистон баргаштаанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, маҳз тавассути онҳо раҳбарони “Ал-Қоида” ба шадидтарин фишор баъд аз ҳаводиси 11 сентбяри соли 2001 рӯбарӯ шуданд ва маҳз ин низомиён замина барои дар ихтиёри нерӯҳои афғон гузоштани назорати таъмини амният дар кишварро омода карданд.

ДАРИ "ДОНИШГОҲ"-И БИН ЛОДЕН БАСТА НАМЕШАВАД?

“Ал-Қоида” дар изҳороти худ дар торнамо навиштааст, ки хуни Бин Лоден беҳуда нарехтааст. Ин гурӯҳ қасам хурдааст, ки барои марги ӯ аз Амрикову ҳампаймонҳояш интиқом мегирад. “Бин Лоден донишгоҳи мазҳаб, Қуръон ва ҷиҳодро таъсис кардааст, ки дари он ҳеҷ гоҳ баста нахоҳад шуд”, омадааст дар изҳороти “Ал-қоида”.

Ин изҳорот рӯзи 3 май иншо шуда буд ва аммо фақат рӯзи 6 май дар интернет пайдо шуд. То куҷо асл будани ин изҳорот маълум нест. Дар он ҳамчунин омадааст, ба зудӣ як изҳороти садоии Усома бин Лоден, ки чанд рӯз пеш аз маргаш сабт шуда буд, пахш хоҳад шуд.

АЗ-ЗАВОҲИРӢ БА ҲАМЛАИ НАВ БА ИМА ОМОДАГӢ МЕГИРАД

Ба гуфтаи коршиносон, тайиди марги Усома бин Лоден маънои онро дорад,
Айвон Аз-Завоҳирӣ.
ки акнун “Ал-Қоида” раҳбари навашро интихоб хоҳад кард. Ҳадс зада мешавад, ки садорати шабака бар ӯҳдаи Аймон аз-Завоҳирӣ вогузор мешавад, ки акнун дар садри феҳристи таҳиякардаи Вошингтон оид ба афроду гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад ва ИМА барои иттилоъ дар бораи макону буду боши ӯ 25 миллион доллар ваъда кардааст.

Ҳадс зада мешавад, ки Айвон аз-Завоҳирӣ низ дар қаламрави Покистон панаҳ мебарад.

Дар робита ба таҳдиди нави “Ал-Қоида” барои ҳамла ба Амрико Ҷей Карнӣ, сухангӯи Кохи Сафед изҳор намуд, ки “мо дар бораи тавони ин шабака маълумоти кофӣ доред ва аз ин рӯ ҳушёр хоҳам буд”.

Коршиносони амрикоӣ баъд аз мутолиаи асноди дар компутари махфигоҳи Усома бин Лоден дар Абботобод ошкоршуда гуфтанд, “Ал-Қоида” тасмим гирифтааст, ки рӯзи 11 сентябр, дар даҳумин солгард аз ҳамлаҳои террористӣ ба Ню-Йорку Вошингтон, дар роҳҳои оҳани Амрико инфиҷорҳо ташкил кунад.
XS
SM
MD
LG