Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

С.Азиз: "Покистон талош дорад марзро ҷиддӣ назорат кунад"


Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷӣ ва амнияти миллии нахуствазири Покистон.

Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷӣ ва амнияти миллии нахуствазири Покистон.

Яке аз мушовирони боломақоми ҳукумати Покистон мегӯяд, ки Исломобод талош дорад бар марзҳои ғарбии кишвараш бо Афғонистон назорати ҷиддӣ ҷорӣ кунад.

Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷӣ ва амнияти миллии нахуствазири Покистон гуфт, ба ин таритиб ҷилави ононе гирифта хоҳад шуд, ки бино ба гуфтаҳо, барои ҷанг ба Афғонистон мераванд. Сартоҷ Азиз дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ гуфт, дар ояндаи наздик мақомоти амниятии Покистону Афғонистон бо ҳам мулоқот ва масъалаҳои назорат бар марз ва танзими онро баррасӣ хоҳанд кард.

Сартоҷ Азиз гуфт: “То кунун сарҳадот бозанд, мардум бидуни раводид рафту омад мекунанд. Шикоятҳо вуҷуд надорад, ки гӯё мардумоне, ки аз ин ҷо мераванд, дар задухӯрдҳои Афғонистон ширкат мекунанд. То замоне, ки марзҳо конрол ва бар он назорати ҷиддӣ сурат нагирад, пешгирӣ аз убуру мурури чунин афрод мушкил хоҳад буд. Бояд ёдовар шуд, ки баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ бекорӣ дар Афғонистон афзоиш меёбад”.

Сартоҷ Азиз-мушовири нахуствазир Навоз Шариф мегӯяд, Исломобод барои убуру мурур гузаргоҳҳои махсусе дар марз бо Афғонистон таин ва онҳоро муҷаҳҳаз хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, Покистон барои афғонҳо муқаррароти раводид ё визо ҷорӣ мекунад.

Вай афзуд: “Ҳатто ҳоло мо ҳар рӯз барои афғонҳо аз 1000 то 2000 виза содир мекунем. Ин як раванд аст ва Афғонистону Покистон бар асоси он ҷузъиёти роҳкорҳои нави ояндаро дар бораи идораи умури марзӣ пайдо хоҳанд кард. Мо наметавонем марзро осебпазир боқӣ гузорем. Мо ҳоло ба таври расмӣ ду гузаргоҳи марзӣ дорем. Мо гузаргоҳҳоро афзоиш медиҳем ва убуру мурури мардумро бо виза иҷоза медиҳем”.

Сартоҷ Азиз таъкид кард, ки Покистон бар Толибони ҷангҷӯи Афғонистон контрол надорад, вале омода аст, ки дар масъалаи сулҳу оштии байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон кӯмак кунад. Вай афзуд, ки Исломобод мехоҳад ба нигарониҳои Афғонистон дар бораи ҳамлаҳои фаромарзӣ расидагӣ кунад ва ҳатто аз Ҳиндустон хостааст, ки аз ҳимояти ҷиноҳҳои гуногуни шӯришӣ дар Афғонистон худдорӣ кунад.

Кобулу Исломобод ҳар гоҳ якдигарро муттаҳам мекунанд, ки ба шӯришиён паноҳ медиҳанд. Рақобати Афғонистону Покистон аз 60 соли пеш оғоз ёфтааст, аз замоне, ки дар миёни ду кишвар хати Дюранд таъйин шуд. Афғонистон ҳеҷ гоҳ хати Дюрандро ба унвони марзи байналмиллалӣ қабул накардааст.

Бо вуҷуди ин Покистон зуд-зуд барои паноҳ додани шӯришиёни афғон ва риоят накардани муқарраоти марзӣ муттаҳам мешавад. Агар ҳайатҳои ду тараф роҳкори идораи умури марзии миёни ду кишварро таҳия кунанд, шояд дурнамои сулҳ дар миёни ин ду кишвар рӯшантар шавад.
XS
SM
MD
LG