Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон гуфт, ки қаҳрамони "National Geographic"-ро раҳо мекунад


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки Шарбат Гул -- як зани афғонро, ки барои тақаллуби аснод боздошт шудааст, дар бадали замонат озод хоҳанд кард. Мақомоти Покистон қаблан гуфта буданд, ки Шарбат Гулро 14 сол зиндон ва ё аз 3 то 5 ҳазор доллар ҷарима интизор аст.

Чударӣ Нисор Алихон, вазири умури дохилии Покистон рӯзи 30 октябр зимни як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки қазияи Шарбат Гул аз он сабаб мавриди бозрасии дигарбора қарор хоҳад гирифт, ки вай як зан аст ва дар ин масъала аз диди башарӣ нигоҳ мекунанд.

Вазири умури дохилии Покистон мегӯяд, ки агар иттиҳомот алайҳи Шарбат Гул бекор гардад ё ба Афғонистон фиристода шавад ва ё ба вай визаи муваққатии будубош дар Покистон дода шавад, пас бояд иттиҳомот алайҳи он мақомоти покистонӣ, ки ба ин зани афғон санадҳои тақаллубӣ додаанд, бекор карда шавад.

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Покистон, гунаҳкорони аслӣ мақомоте мебошанд, ки ба Шарбат Гул санадҳои тақаллубӣ додаанд ва ӯ ҳаргиз хоҳони озодии чунин афрод нест. Вай гуфтааст, ки Идораи таҳқиқоти федералии Покистон бояд ҳарчи зудтар шароити озодии Шарбат Гулро фароҳам кунад.

Мақомоти Афғонистон қаблан гуфтанд, ки талошҳо барои озодии Шарбат Гул дар Покистон идома дорад. Умар Захилвол, сафири Афғонистон дар Покистон дар "Твиттер"-и худ навишт, ки ахиран масъалаи паноҳҷӯён, бахусус қазияи Шарбат Гулро бо сафири Олмон дар Исломбод низ дар миён гузоштааст.

Дар вокуниш ба сарнавишти Шарбат Гул - Муҳсин Довар, раиси ҷиноҳи ҷавонони ҳизби дунявии Покистон гуфт, боздошту хатари зиндонишавии ин хонум ғайри қобили қабул аст. Дар як сӯҳбат бо бахши покистонии радиои Озодӣ - радиои Машъал Муҳсин Довар гуфт:

“Ҳукумати Покистон набояд бо Шарбат Гул ингуна рафтор кунад. Ӯ як чеҳраи машҳур дар ҷаҳон аст. ӯ қабул дорад, ки баъди ду-се рӯз бояд аз Покистон берун равад. Ба назари ман, чунин бархӯрд бо Шарбат Гул қобили қаблу нест”.

Шарбат Гул -- зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ бо чашмони сабзрангаш рӯи муқоваи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуд ва ӯро ба шуҳрат расонд, чанд рӯз қабл ба иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шуд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ин зан дар моҳи апрели соли 2016 бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешавар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд. Ҳазорон муҳоҷири афғон бо тақаллуб дар системаи компютерии сабти аснод дар Покистон тавонистаанд корти шиносои бигиранд.

Дар аксе, ки рӯи санади шиносоии ҷаълии ӯ қарор дорад, метавон ҳамон чашмони сабзранги Шарбат Гуларо, ки дар акси Стив МакКарри рӯи тасвир омада буд, дид, ҳарчанд каме пиртар ба назар мерасад. Акси аслӣ дар соли 1984 дар урдугоҳи паноҳандагон дар шимолу ғарби шаҳри Пешавар ва дар замони ишғоли Афғонистон аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифта шуд.

Ба дунболи пахши хабари боздошти Шарбат Гул дар Покистон, Стив МакКарри аз боздошти ин қаҳрамони худ нигаронӣ кард. Ӯ дар як сӯҳбат ба Art Newspaper гуфт, ки барои ҳимояти қонунӣ аз Шарбат Гул ва хонаводааш талош хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки боздошти Шарбат Гул хушунат алайҳи ҳуқуқи башар мебошад

Стив МакКарри ҳабдаҳ сол баъд ва пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд, саранҷом дар соли 2002 дубора Шарбат Гулро пайдо кард. Ӯ бо як нонвой ё нонпаз издивоҷ карда модари се фарзанд буд ва дар як деҳаи дурафтодаи Афғонистон зиндагӣ мекард.

Аз соли 1979 ва ишғоли Афғонистон аз сӯи артиши Шӯравӣ, хоки Покистон ба муддати чиҳил сол паноҳгоҳи нисбатан амне барои миллионҳо муҳоҷирони афғон будааст. Тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди чаҳор миллион афғон дар Покистон сабти ном шудаанд ва ин кишвар аз назари қабули паноҳҷӯён дар сатҳи ҷаҳон дар рутбаи саввум қарор дорад. Ба тахмини СММ, ҳудуди як миллион муҳоҷири дигари афғон бидуни иҷозаи иқомат дар Покистон зиндагӣ мекунанд.

Ҳукумати Покистон аз соли 2009 мӯҳлати таъиншуда барои бозгашти афғонҳо ба кишварашонро борҳо ба таъхир андохтааст, вале ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Покистон баъд аз моҳи марти соли 2017, ҳузури муҳоҷирони афғонро дигар таҳаммул нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG