Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Бародар ин бор баъди раҳоӣ бо кӣ "бародар" хоҳад шуд?


Мулло Абдулғанӣ Бародар

Мулло Абдулғанӣ Бародар

Як мақоми аршади покистонӣ гуфтааст, кишвараш омодааст, ба хотири имдод ба сулҳи Афғонистон нафари дувуми Толибонро аз ҳабс озод кунад.

Сарнавишти Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки борҳо байни ҳукуматҳои Покистон ва афғонистон баҳс шудааст, дар ҳоле дубора доғ шуд, ки як ҳайати вакилони маҷлиси Покистон ба Кобул сафар карда ва моҳе пеш раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай бо сарвазири нави Покистон Навоз Шариф дар Исломобод мулоқоти махсус дошт.

Покистон ниҳоят даъватҳои батакрори Шӯрои сулҳи Афғонистонро шунидааст ва Сартоҷ Азиз, мушовири умури хориҷии сарвазири Покистон Навоз Шариф рӯзи сешанбе ба хабаргузориҳои ғарбӣ гуфт, кишвараш усулан ба озодии яке аз раҳбарон ва бунёдгузорони ҷунбиши Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар ризоият дода, танҳо муайян кардани фурсати иҷрои ин дархост мондааст. Азиз ҳадс задааст, ки ба зудӣ, шояд дар тули як моҳи оянда Бародар аз ҳабс дар Покистон озод хоҳад шуд.




Сартоҷ Азиз

Сартоҷ Азиз

Аммо ӯ афзудааст, ки бархилофи хоҳиши Кобул Покистон Мулло Абдулғанӣ Бародарро ба мақомоти Афғонистон нахоҳад дод, балки озод хоҳад кард.
Мақомоти Афғонистон бар инанд, ки Бародар аз дигар раҳбарони толиб дида, сулҳҷӯтар аст ва эҳтимол дорад, ба раванди гуфтушунид масоадат намояд. Ҳамзамон рӯшан нест, ӯ баъд аз раҳоӣ аз зиндон оё хостори гуфтугӯ бо ҳукумати Карзай хоҳад шуд ё на.

Мулло Абдулғанӣ Бародар яке аз чанд нафарест, ки дар соли 1994 ҷунбиши Толибони Афғонистонро таъсис доданд ва дар ҳамаи ин муддат вай ёвари наздик ва фармондеҳони боварбахши раҳбари маънавии толибҳо Мулло Муҳаммад Умар буд. Замоне ӯро аз бераҳмтарин ва сарсахттарин чеҳраҳои Толибон медонистанд ва номи “Бародар" ба ӯ аз тарафи Мулло Умар дода шудааст. Вай моҳи феврали соли 2010 дар бандари Карочии Покистон боздошт шуд.

Покистон дар як соли гузашта аллакай 33 толиби маҳбус, аз ҷумла собиқ вазири адлияи Толибон Нуриддин Туробиро озод кард. Ахиран Исломобод эълон кард, ки ҳафт нафари дигариин ҷунбиш, аз ҷумла фармондеҳи саршинос Мансур Додуллоҳро низ озод мекунад ва ҳадафаш кумак ба раванди оштӣ дар Афғонистон дар ростои хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар дар соли 2014 аст.

Мақомоти Афғонистон ба ин боваранд, ки озод шудани чунин афрод онҳоро ба гуфтушунид бо ҳукумати Кобул мойил хоҳад кард. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, дар ин маврид далели каме мавҷуд аст ва чандин маҳбуси пешин баъд аз озодӣ ба саҳнаҳои ҷанг баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG