Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Бародар "ба хотири сулҳ" озод шуд


Ҳомид Карзай ва Навоз Шариф(акс аз бойгонӣ)

Ҳомид Карзай ва Навоз Шариф(акс аз бойгонӣ)

Кобул аз раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар, фармондеҳи аршад ва яке аз раҳбарони ҷунбиши Толибон аз маҳбаси Покистон истиқбол кард.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон, рӯзи 21 сентябр, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародарро “самари талошҳои дусолаи ҳукумати Кобул” номид ва гуфт, мавзӯъи раҳоии Мулло Бародар ҳангоми сафари ахири раисиҷумҳур Ҳомид Карзай ба Исломобод ва дар музокироташ бо нахуствазир Навоз Шариф дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор дошт.



Мақомоти Покистон рӯзи шанбе раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар ба хотири “мусоидат ба раванди сулҳ дар Афғонистон”-ро тайид карданд. Гуфта мешавад, тасмим дар бораи раҳоии ин фармондеҳи аршад аввалҳои ҳамин моҳ гирифта шуда буд. Мулло Абдулғанӣ Бародар, ки аз муассисони “Толибон” ва аз афроди наздик ба раҳбари ҷунбиш Мулло Умар маҳсуб мешавад, соли 2010 дар Покистон дастгир шуда буд.

Аз ин пеш Исломобод 33 толиб, аз ҷумла Нуриддин Туробӣ, вазири адлия дар аҳди Толибон дар Афғонистонро аз маҳбас раҳо карда буд, аммо дар бораи сарнавишту макони иқомат ва ба раванди музокироти сулҳи Афғонистон ворид шудан ё нашудани онҳо иттилое зери даст нест.

Баъд аз пахши хабари раҳоии Мулло Абдулғанӣ Бародар суоле матраҳ шуд, ки ӯ аз ин баъд дар куҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад? Аймал Файзӣ мегӯяд, ки аввалин дархости онҳо бозгашти Мулло Бародар барои зист ба Афғонистон ва ҳамроҳ бо дигар фармондеҳони Толибон дар раванди сулҳ ҳамкорӣ кардани онҳост. “Аммо агар ӯ дар кишвари саввуми исломӣ зистан хоҳад, мо мухолиф нестем, ба шарте, ки ӯ нишонии мушаххас дошта бошад, амн бошад ва Шӯрои сулҳи Афғонистон имкони ҳар вақти дилхоҳ тавонад бо ӯ дар тамос шавад,” -меафзояд сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон.

Аммо Ваҳид Мужда, таҳлилгари сиёсии муқими шаҳри Кобул, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳадс зад, ки Мулло Абдулғанӣ шояд барои зист ба кишвари сеюм равад, зеро ба гуфтаи ӯ, ба назар мерасад, ҳангоми сафари ахири Ҳомид Карзай ба Исломобод дар мавриди ба кишвари сеюм рафтан ва он ҷо дафтаре чун дафтари Толибон дар Қатар ифтитоҳ кардани фармондеҳони раҳошудаи толибон тасмим гирифта шудаст. Ҳадаф аз таъсиси дафтари нав, ба гуфтаи ӯ, ба ду гурӯҳ – тундрав ва миёнарав тақсим кардани Толибон ва ба ин васила заъиф кардани мавқеи мухолифини сарсахти ҳукумати Кобул аст.

Ба гуфтаи Ваҳид Мужда, дар сурати бозгашт ба Афғонистон Мулло Абдулғанӣ Бародар чун дигар фармондеҳони дар Кобул боқимонда ба раванди сулҳ таъсире нахоҳад дошт. Ҳамзамон таҳлилгар, имкони дубора ба ҷанг алайҳи ҳукумати Кобул бархостани Мулло Абдулғанӣ Бародарро байид медонад, ҳарчанд қаблан ин гуна ҳодиса зиёд буданд ва баъзе аз маҳбусони зиндонии Гуантанамо баъд аз раҳоӣ дубора ба сафи толибон пайвастанд.

Акбар Оғо, аз фармондеҳони пешини Толибон, ба Радиои Афғонистон Озод гуфт, ки Мулло Бародар ҳанӯз ҳам дар ҷунбиши Толибон аз обрӯву маҳбубияти зиёд бархӯрдор аст.

Феълан садҳо фармондеҳони Толибон дар маҳбасҳои Покистон нигаҳ дошта мешаванд ва аммо, ба гуфтаи Ваҳид Мужда, бештари онҳо номҳои аслии худро махфӣ нигаҳ медоранд. Яке аз онҳо Мулло Убайдулло, ки соли 2007 дастгир шуда буд, то кушта шуданаш сирри худро фош накард, ҳарчанд Толибон дар бораи чӣ фарде будани ӯ иттилои комил доштанд. То ҳол чанд тани дигар, аз ҷумла, Мулло Ҷаҳонгирвол, яке аз мушовирони низомии раҳбари Толибон Мулло Умар, ки ҳамроҳ бо Мулло Убайдуллоҳ дастгир шуда буд, дар зиндонҳои Покистонанд ва мақомоти Исломобод номҳои аслии онҳоро ба забон намеоваранд.
XS
SM
MD
LG