Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушакҳои навро озмоиш кард


Машқҳои низомии Эрон дар Iran begins navy drill off Strait of Hormuz as US newly wary
Машқҳои низомии Эрон дар Iran begins navy drill off Strait of Hormuz as US newly wary

Дар ҷараёни тамрини низомӣ дар Халиҷи Форс Эрон мушакҳои навро озмоиш кард. Дар ин бора хабаргузории Меҳр аз қавли Ҳусейн Деҳқон, вазири дифои Эрон рӯзи 27 феврал хабар дод ва гуфт, ки нерӯҳои дарёгард навъи ҷадиди мушаки миёнапарвози Насрро аз санҷиш гузарониданд.

Озмоиши мушкаҳои нав як бахши тамрини низомӣ аст, ки Эрон ҳамасола дар наздикии гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз анҷом медиҳад.

29 январ Эрон дар ҳамон ҷо мушакҳои миёнапарвозро озмоиш кард. Ҳусейн Деҳқон гуфт, ки санҷиши мушкаҳо созишномаи ҳастаии байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, ё Қатъномаи Созмони Милал дар робита ба Эронро нақз намекунад. Рӯзи дигараш намояндагони расмии Амрико озмоиши мушакро танқид ва онро амали "ғайри қобили қабул" унвон карданд.

Беш аз сеяки фурӯши ҷаҳонии нафт аз роҳи баҳрӣ тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузарад, ки саҳнаи муқовиматҳои қаблии байни Амрико ва Эрон буд.

XS
SM
MD
LG