Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Покистон барои "оштӣ" додани Саудӣ ва Эрон


Покистон пешниҳод кардааст, ки барои коҳиши танишҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон миёнҷигарӣ мекунад. Ба ин ҳадаф нахуствазири он кишвар Навоз Шариф ба Риёз ва Теҳрон сафар кардааст.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки рӯзи 19 январ ба Теҳрон сафар кард, дар дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон пешниҳоди миёнҷигарӣ барои коҳиши таниш миёни Эрон ва Арабистонро матраҳ кардааст. Дар ҳамин ҳол, Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон барои ширкат дар конфронси Созмони ҳамкории исломӣ ба ҳадафи баррасии ҳамлаҳо ба амокини дипломатии Арабистони Саудӣ дар Эрон, ба Ҷидда рафтааст.

Нахуствазири Покистон субҳи рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо Роҳил Шариф, фармондеҳи артиш ва бархе мақомҳои баландпояи Покистон барои гуфтугӯи якрӯза бо Ҳасан Рӯҳонӣ ва дигар мақомоти эронӣ вориди Теҳрон шуда буд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар ҷараёни сафари нахуствазири Покистон, дар бораи таҳаввулоти минтақа, таниш миёни Эрон ва Арабистони Саудь ва густариши равобити иқтисодии ду кишвар пас аз рафъи таҳримҳо, ҳамчунин мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, гуфтугӯ сурат гирифтааст.

Талоши Навоз Шариф барои оштӣ додани Эрону Арабистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:27 0:00

Тибқи гузоришҳо, Навоз Шариф пешниҳод кардааст, ки барои аз байн бурдани танишҳо миёни Арабистони Саудӣ ва Эрон, Исломобод омодааст миёнаравӣ кунад. Нахуствазири Покистон як рӯз пеш аз вурудаш ба Теҳрон, бо Малик Салмон, дар Риёз гуфтугӯ карда буд.

Навоз Шариф ҳини мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ.
Навоз Шариф ҳини мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ.

Чанд соат пас аз он дидор, вазорати умури хориҷии Покистон дар баёнияе эълом кард, ки Малик Салмон зимни қадрдонӣ аз пешниҳоди Покистон барои миёнҷигарӣ миёни Теҳрон ва Риёз, гуфтааст, ки Арабистони хостори робитаҳои бародарона бо кишварҳои минтақа аст.

Арабистони Саудӣ пас аз ҳамлаҳои рӯзи 2-уми январ ба сафорат ва консулгариаш дар Теҳрон ва Машҳад, робитааш бо Ҷумҳурии исломии Эронро қатъ кард. Дар пайи он Покистон, ки бо ҳар ду кишвар робитаи дӯстона дорад, зимни маҳкум кардани ҳамла ба ниҳодҳои дипломатии Арабистон, кӯшидааст нақши миёнаравро бозӣ кунад.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс низ гузориш додааст, ки Навоз Шариф пас аз гуфтугӯ бо Ҳасан Рӯҳонӣ дар Теҳрон, ба хабарнигорон гуфт, ки Эрон тамоюли худро барои беҳбуди робитааш бо Арабистони Саудӣ эълон карда ва қарор аст "намояндае" барои музокироти оянда бо Риёз таъйин кунад. Навоз Шариф гуфтаааст, ки Покистон мекӯшад, Арабистонро низ барои таъйини чунин "намояндае" тарғиб кунад.

Ба гузориши ИРНА, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзе сешанбе пас аз дидор бо Навоз Шариф, бо ишора ба суханони нахуствазири Покистон дар робита бо таниш миёни Эрон ва Арабистон гуфт, ки "мо аз таниш истиқбол намекунем, аммо ба шарти он, ки ба ҳуқуқи мардуми мусалмон эҳтиром гузошта шуда ва миллатҳои минтақа эҳтиром шаванд ва чорчӯбаҳои дипломатӣ ва одоби он низ риоя гардад."

Ҳамзамон бо ин таҳаввулот, ба гузориши хабаргузории эронии ИСНА, Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон имрӯз, чаҳоршанбеи 20-уми январ озими Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мешавад, то дар нишасти изтирории Созмони ҳамкориҳои исломӣ барои расидагӣ ба мавзӯи ҳамлаҳои 2-юми январ ба сафорат ва консулгарии Арабистони Саудӣ дар Эрон, ширкат кунад.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Араб, Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ва кишварҳои муттаҳиди Арабистони Саудӣ қаблан бо дархости Риёз он ҳамлаҳоро маҳкум карда буданд. Нишасти фавқулоддаи Созмони ҳамкории исломӣ низ бо даъвати Арабистони Саудӣ барои баррасии ҳамин мавзӯъ рӯзи панҷшанбеи 21-уми январ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG