Пайвандҳои дастрасӣ

Пешрафтҳо дар музокироти ҳукумат ва Толибони покистонӣ


Ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Покистон ва Толибони он кишвар.

Ҳайати музокиракунандаи ҳукумати Покистон ва Толибони он кишвар.

Дар гуфтугӯҳои ҳукумати Навоз Шариф бо Толибони покистонӣ пешрафтҳое ҳосил шудааст.

Яке аз музокиракунандагон, ки аз Толибони покистонӣ дар музокирот бо ҳукумати Навоз Шариф намояндагӣ мекунад, мулоқоти ахираш бо Шӯрои Толибони покистониро мусбат арзёбӣ карда ва гуфтааст, ки Толибони ин кишвар дар анҷоми музокирот бо ҳукумати Навоз Шариф ҷиддӣ ҳастанд.

Профессор Иброҳим, як узви ҳизби Ҷамоати исломии Покистон, ки аз сӯи Толибон барои музокирот бо ҳукумати таъйин шудааст, рӯзи душанбе дар сӯҳбат ба расонаҳо пас аз боздид, ки бо Шӯрои Толибони покистонӣ дошт, гуфт, ин шӯро ба пешниҳоди ҳукумат барои пеш бурдани музокирот ҷавоби мусбат додааст:

"Метавонам ошкор ва рӯшан бигӯям ки назари Толибон дар мавриди пешниҳодоте, ки аз сӯи ҳайати таъйиншудаи ҳукумат шудааст, мусбат мебошад ва пас аз мулоқот ки миёни мо ва Толибон сурат гирифт, гуфта метавонам, ки музокирот натиҷаҳои мусбат ба ҳамроҳ дорад."

Профессор Иброҳим афзудааст, ки дар мулоқоти қарибулвуқӯи ҳайати таъиншудаи ҳукумат ва Толибон, пешниҳоди Толибони покистониро дар миён хоҳад гузошт. Вай дар мавриди пешниҳоди Толибон чизе нагуфт, аммо афзуд, ки музокироти миёни ҳайатҳои таъйиншудаи ҳукумат ва Толибон вориди марҳилаи ҳассос гардидааст ва умедвор аст, ки музокирот натиҷаҳои мусбат дар пай хоҳад дошт. Ҳукумати Покистон барои ҳайати таъйиншуда аз сӯи Толибон, барои рафтани онҳо ба Вазиристон ба мулоқоти Шӯрои Толибони покистонӣ, ду чархбол ҷудо намудааст.

Шоҳидуллоҳ Шоҳид, сухангӯи Ҳаракати Толибони Покистон низ бо нашри як эъломия, мулоқоти намояндагони онҳо дар музокирот ва Шӯрои Толибонро мусбат хонда ва гуфтааст, ки гуфтааст, ки музокирот ҳангоме метавонад ба комёбӣ бианҷомад , ки намояндагони ҳар ду ҷониб саросемагӣ нашаванд ва аз сабр кор бигиранд. Қарор аст намояндагони Толибони покистонӣ дар як ё ду рӯзи дигар бо ҳайати таъйиншудаи ҳукумати Навоз Шариф мулоқот карда ва пешниҳоди Толибонро ироа кунанд.

Ҳайатҳои музокиракунанда дар гуфтугӯҳо миёни ҳукумати Покистон ва Толибони ин кишвар аз ҳисоби афроди ғайри вобаста ба ҳукумат ва Толибон, аз ҷумла аз ҳисоби сиёсатмадорони мустақил, рӯзноманигорон ва олимони динӣ ташкил шудааст.

Давоми даҳ соли ахир чанд дафъа миёни ҳукумати Покистон ва шибҳи низомиёни Толибон музокирот сурат гирифта буд, ки дар ниҳоят ба нокомӣ анҷомид. Бори ахир мулоқоти ҳукумати Покистон бо Толибон замоне ба нокомӣ рӯбарӯ шуд, ки раҳбари ин гурӯҳ Ҳакимуллоҳ Маҳсуд аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ кушта шуд ва Толибон дар эътироз, аз идомаи гуфтугӯҳо сар боз заданд.

Покистон аз соли 2003 ба мавҷи нооромиҳои бештар рӯбарӯст ва ҳазорон тан аз мардуми бегуноҳ ва садҳо тан аз нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар рӯёрӯӣ бо Толибон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG