Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳургаронро аз бинои телевизиони Покистон берун карданд (2ВИДЕО)


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои амниятии Покистон тазоҳургарони зиддидавлатиро аз бинои телевизиони давлатӣ берун карданд.

Ин тазоҳургарон рӯзи якуми сентябр бинои PTV телевизиони давлатии Покистонро тасарруф карданд ва монеъи пахши барномаҳои он шуданд. Бар тибқи гузоришҳо, тазоҳургарон зери назари низомиён, бинои телевизионро оромона тарк кардаанд. Тазоҳугарон дар лаҳзаи берун шудан аз бинои телевизиони давлатӣ "Зинда бод артиши Покистон" шиор медоданд.

Ҳазорон нафар чанд ҳафта аст, ки дар шаҳри Исломобод ба раҳбарии Имрон Хон, сиёсатмадори мухолифи давлат ва Тоҳир Қодирӣ, як рӯҳонии шӯҳратталаб тазоҳурот доранд ва мехоҳанд, ки Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз мақомаш истеъфо бидиҳад. Онҳо Навоз Шариф ба тақаллуб дар интихоботи парлумонии моҳи майи соли 2013 муттаҳам мекунанд.

Рӯзи 30-уми сентябр ҳангоми талоши тазоҳургарон барои ишғоли қароргоҳи Навоз Шариф, се нафар кушта шуданд ва садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Субҳи 1-уми сентябр байни тазоҳургарони мусаллаҳ бо сангу калтак ва маъмурони пулис дар назди қароргоҳи нахуствазири Покистон задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.

XS
SM
MD
LG