Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод эътироф кард, ки сарони Толибон дар Покистон ҳастанд


Мушовири нахуствазири Покистон дар умури байналмилалӣ эътироф кардааст, ки раҳбарони Ҳаракати Толибони Афғонистон бо хонаводаҳояшон дар Покистон зиндагӣ мекунанд.

Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон дар умури байналмилалӣ рӯзи 29-уми феврал зимни як нишаст дар вазорати умури хориҷии Амрико дар Вошингтон гуфтааст, ки раҳбарони Толибони афғон ва хонаводаҳояшон дар Покистон зиндагӣ мекунанд ва аз хизматрасониҳои тиббӣ бархӯрдор ҳастанд.

Мушовири умури байналмилалии Навоз Шариф гуфтааст, ки ҳузури раҳбарони Толибони афғон ва хонаводаҳояшон дар он кишвар сабаб шудааст, ки Исломобод болои онҳо нуфуз дошта бошад. Сартоҷ Азиз гуфтааст, бо вуҷуди он, ки Толибони афғон бо хонаводаҳояшон дар Покистон ба сар мебаранд, аммо ба таври комил таҳти назорати Покистон қарор надоранд ва на ба ҳама ҳарфҳои Исломобод гӯш медиҳанд.

Сартоҷ Азиз аз ҷумла гуфтааст, ки "мо то андозае бар болои онҳо нуфуз дорем, ба хотири он, ки раҳбарони онҳо дар Покистон бо хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд ва аз бархе хадамоти тиббӣ бархӯрдоранд. Мо метавонем ба онҳо фишор биёрем то сари мизи музокирот бинишинанд. Аммо мо наметавонем ба ҷои ҳукумати Афғонистон музокира кунем, барои хотири он, ки мо наметавонем ончи ҳукумати Афғонистон ба онҳо пешниҳод мекунад, ба онҳо тақдим кунем."

Мушовири умури байналмилалии нахуствазири Покистон бо ишора ба гуфтугӯҳои сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон мегӯяд, гурӯҳи ҳамоҳангкунандаи чаҳорҷониба дар нишасти ахири худ дар моҳи феврал корҳои муқаддамотиро барои оғози ин музокирот анҷом додааст ва гуфтугӯҳо то 10-15 рӯзи дигар оғоз мешаванд.

Оқои Азиз аз ҷумла гуфтааст, ки "то 10-15 рӯзи оянда нахустин даври гуфтугӯҳо байни Толибони афғон ва ҳукумати Афғонистон метавонад оғоз шавад ва ин раванди содда ва ҳамвор нахоҳад буд. Аммо агар ду омил собит боқӣ бимонад, яке ин ки вазъият ҳамин тавр боқӣ монда ва Толибон минтақаҳои бештареро ишғол накунанд ва ҳамзамон дастовардоеро дар мизи музокирот мушоҳида кунанд, ба таври возеҳ имкони мусолиҳа вуҷуд хоҳад дошт ва умеди мо ин аст, ки вақте гуфтугӯҳо оғоз шавад, сатҳи хушунат дар Афғонистон коҳиш ёбад."

Сартоҷ Азиз ҳамчунон гуфтааст, ки дар ҳафтаҳои гузашта намояндагони Чин, Афғонистон, Покистон ва Амрико дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи ҳамоҳангкунанда нишастҳое доир карданд, ки натиҷҳои он мусбат хоҳад буд.

Толибон як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар миёнаҳои солҳои 90 зуҳур кард ва дар соли 1996 бо тасарруфи Кобул аз таъсиси “Аморати исломии Афғонистон” хабар дод. Режими Толибон, ки то поёни соли 2001 бар Афғонистон, ба истисное қисматҳое дар шимоли ин кишвар, ҳукумат ронд, бо сиёсатҳои тундравонааш, аз ҷумла бо ҷорӣ кардани меъёрҳои шадиди Шариат, лағви ҳаққи занон ба кор, таъқиби дигарандешон ва ҳамчунин бо иқдомҳои ваҳшатангезе, чун таркондани ҳайкалҳои бостонии Буддо дар Бомиён, ном бароварда буд.

Дар поёни соли 2001, баъди онки Толибон аз супурдани раҳбари шабакаи Ал-Қоида Усома Бин Лоден ва дигар афроди гумонбар дар ҳамлаҳои террористии 11 сентябр сарпечӣ кард, эътилофи байналмилалии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико вориди Афғонистон шуд ва Толибонро аз Кобул ронд. Аммо ин гурӯҳ ба муқовимати мусаллаҳонааш алайҳи нирӯҳои эътилоф ва Урдуи давлатии Афғонистон идома дод ва дар пайи хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар поёни соли 2014 дар саҳнаи Афғонистон хеле фаъолтар шудааст.

XS
SM
MD
LG