Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Қубодиён ба иллати мушкилоти молӣ аз идомаи ширкат дар мусобиқот даст кашид. Бинобар ин бар асоси дастури мусобиқот рақибонаш бо ҳисоби техникии 3-0 ғолиб дониста мешаванд.

Бозиҳои даври пеш аз охирин бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд:
“Ҳосилот” (Фархор) – “Нури Норак” (Норак) - 3-0 (техникӣ)
«Бохтар» (Бохтар» - РТСУ (Душанбе) – 3-2
“Пахтакор” (Қубодиён) – “Кӯктош+С” (Рӯдакӣ) – 0-3 (техникӣ)

Дар ҳамин ҳол “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ бо 30 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад. “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо 27 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Нури Норак”-и шаҳри Норак бо 21 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Саройкамар» 13 9 3 1 3911 30
2. «Кӯктош+С» 12 8 3 1 22 – 11 27
3. «Нури Норак» 12 6 3 3 17 – 15 21
4. Р Т С У 11 4 2 5 15 – 17 14
5. «Ҳосилот» 11 4 1 7 15 – 16 13
6. «Ҳулбук» 11 4 1 6 15 – 23 13
7. «Бохтар» 14 3 4 7 19 – 23 13
8. «Пахтакор» 13 2 1 10 11 – 37 7

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) – 13 тӯб, Зоир Холматов (“Ҳулбук”) – 8 тӯб, Акмал Авазов (“Саройкамар”) – 7 тӯб ва Сайидамир Мирзоев (“Ҳосилот”) – 6 тӯб.

Бозиҳои даври 18-ум
25-уми октябр, ҷумъа
Оғози бозиҳо – соати 15:00


“Ҳулбук”– “Пахтакор”
“Кӯктош+С” – “Ҳосилот”
“Нури Норак” – “Саройкамар”

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG