Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даргирӣ" миёни ниқобпӯшон дар Душанбе


Бинои вайронае дар як кунҷи Душанбе ба нуқтаи даргирии ду гурӯҳ табдил ёфтааст. Размандаҳо аз ду тараф сангар гирифтаанд ва бояд талош кунанд пойгоҳи худро аз душман ҳифз намоянд.

Онҳо вазифадоранд, душманро то охирин сарбозаш нобуд созанд. Аммо на бо тир, балки бо тӯбчаҳои ранга ва аслиҳаи варзишӣ, ки махсус барои бозии пейнтбол истифода мешавад. Ин саҳнаи бозии як гурӯҳ ҷавонони тоҷик аст, ки дар майдони махсуси пейнтболбозӣ дар маҳаллаи 33-юми пойтахт сурат гирифт. Бозигарон мегӯянд, ин бозӣ варзиши ҷисмонист ва ҳам равонӣ, зеро ҳангоми он адреналин дар бадани одам боло меравад ва ҳамаи хастагиву афсурдагӣ раҳо мешавад. Ҷавонон худро қаҳрамони майдони ҷанг тасаввур мекунанд.

Пейнтбол яке аз бозиҳои муосири варзишӣ дар Тоҷикистон ҳам оҳиста оҳиста ҳаводорони худро пайдо мекунад ва кормандони нахустин клуби варзишии PaintBall мавсум бо номи Контер страйк дар Душанбе ҳам тасмим доранд бо муаррифӣ ва ҷалби бештари ҷавонон, ин навъи варзишро дар кишвар рушд диҳанд.

Ин клуб, ки ба ҷавонон ва хоҳишмандон имкон медиҳад, бо сару либос ва лавозимоти махсус пейнтболбозӣ ё дар саҳнаҳои ҷангӣ ширкат кунанд, сар аз соли 2013 аз сӯйи як гурӯҳ ҷавонон бо иҷозаи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Сулаймон Қурбонов, роҳбари клуб мегӯяд, онҳо барои хоҳишмандони пейнтбол 3 майдон доранд, яке бинои нимасохта дар маҳаллаи 33-юми пойтахт ва дуи дигар ҳам дар ҳавои кушод дар минтақаи Варзоб ва мавзеи Лоҳур.

«Идеяи ташкили клуби мо ҳам дар он аст, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар пойтахт ҳам маконҳои дилхушиву фароғатӣ барои ҷавонон зиёд нест ва ин намуди варзишро мо бо мушоҳида аз таҷрибаи дигар давлатҳо ин ҷо ҳам ташкил кардем. Ин яке аз варзишҳои бехатар ва хеле ҷолиб аст. Мо барои ҳудуди 20 нафар имкони ташкили бозии варзишии пейнтболро дорем. Ғолибан муштариёни мо кормандони ширкату корхонаҳои мухталифанд. Онҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуда аз рӯи саҳнаи пешниҳодшуда ва дар мӯҳлати муайяншуда бояд тавонад рақиби худро шикаст диҳаду ба ҳадаф бирасад. Зимнан, ин бозӣ як василаи хубӣ муттаҳидсозии кормандон ҳам ҳаст.»

Қабл аз бозӣ ба бозигарон, тарзи кор бо лавозимот, аз ҷумла аслиҳаи варзишӣ, ки «маркер» ё «нишонагузор» ва қоидаҳои бехатарӣ фаҳмонида мешавад. Қоидаи аслӣ ин аст, ки дар ҷараёни набард ба ҳеҷ ваҷҳ бояд бозингар ниқобро аз рӯйи худ нагирад ва хеле боёҳтиёт бошад. Гурӯҳи ғолибро довар муайян мекунад.

Вижагии аслии бозии пейнтбол ба гуфтаи дӯстдоронаш ҳам дар он аст, ки бозигарон дар ин бозӣ ба саргузаштҳои ҷолиб рӯ ба рӯ мешаванд ва ин навъи варзиш аз лиҳози ҷисмониву зеҳнӣ бозингарро рушд медиҳад. Сулаймон Қурбонов мегӯяд, ин як роҳи хуби тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҳам василаи муассири омодасозии ҷавонон барои хизмат дар сафи артиш ва ё муқовиматҳои муссалаҳона аст.

«Ин бозӣ на фақат як воситаи дилхушӣ ва ба саломатӣ фоидаовар аст, балки бо истифода аз ин лавозимот ҷавонон метавонанд тарзи нишонгирӣ, ҳаракатҳо, сари вақт ва аз ҳаракоти дуруст кор гирифтанроо омӯзанд. Дар дигар давлатҳо ин намуди варзишро барои обу тоб додани хизматчиёни ҳарбӣ ва муҳофизон истифода мебаранд»

Собир Шодиев, корсози клуби Пейнтбол мегӯяд, ҳоли ҳозир ҷавонони тоҷик аксаран ба бозиҳои тактикӣ ё амалӣ ва ҳам ба варзиш таваҷҷӯҳ доранд ва бозии пейнтбол ҳам ин ҳардуро дар бар мегирад. Аз Собир пурсидем, ки як хоҳишманд бо чӣ қадар маблағ метавонад ба майдони пейнтболбозӣ биёяд?
«Ҳоло мо ду тариф дорем. Тарифи стандартӣ 150 сомонӣ аст, яъне бо ин миқдор маблағ шумо соҳиби 500 тӯпча ва сару либоси вижа ё муҳофизатӣ ва ниқоб мешавед. Бо тарифи эконом бар ивази 100 сомонӣ узви ҳар гурӯҳ 250 тӯпча ва либосу лавозимоти дигар мешавад. Ҳоло яке аз саҳнаҳои серистифода ин девор ба девор аст. Яъне, бозигарон дар ду гурӯҳ ва ду тарафи майдон қарор гирифта, то шикаст додани охирин рақиби худ мубориза мебаранд.»

Масъулони клуби варзишии пейнтбол дар Тоҷикистон тасмим доранд аз оғози мавсими баҳор миёни хоҳишмандон нахустин мусобиқаҳои варзишии пейнтболро ташкил кунанд. Дар ин бозӣ на фақат ҷавононписарон ва мардҳо, балки занону духтарон ҳам метавонанд ширкат кунанд ва пас аз чанд рӯзи кориву хастагӣ машқи ҷисмонӣ кардаву бо ин роҳ тамоми эҳсос ва фишорҳои равониро аз худ берун созанд. Онҳо ба ин боваранд, ки рушди ин варзиш метавонад ба ҷилавгирӣ аз одату амалҳои бад миёни ҷавонон мадад кунад ва нерӯи изофиро аз онҳо берун орад.
XS
SM
MD
LG