Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 17 июл ба исёни мардум алайҳи Русияи подшоҳӣ дар Хуҷанд 100 сол пур мешавад. Ин исён бо номи “Шӯриши Ходими Ҷамолак” ҳам маъруф аст.

Рӯзи 17 июл (бо тақвими қадима – 4 июл)-и соли 1916 як гурӯҳи сокинони Хуҷанд дар назди манзили пристави пулиси минтақа ҷамъ шуданд. 9 рӯз қабл аз ин, подшоҳи Русия Николайи ду ба хотири кумак ба артишаш, ки дар ҷанги якуми ҷаҳон алайҳи Олмону Австро-Венгрия меҷангид, ҷиҳати барои кандани хандақҳо ва дигар корҳои ақибгоҳӣ ба хидмат сафарбар кардани аҳолии бумии аз 19 то 43-солаи Осиёи Марказӣ фармон содир карда буд. Издиҳоми ҷамъшуда дар назди хонаи пулиси Хуҷанд то анҷоми корҳои саҳроӣ ба ақиб андохтани даъвати мардум ба хидмати ҳарбӣ ва ҳамзамон шарҳи қоидаҳои даъватро талаб карданд.

Бино ба маъхазҳои таърихӣ, фармони даъвати сокинони бумӣ ба хидмат барои артиши Русия билофосила ба як манбаи фасоди густурда табдил ёфт. Азбаски аксари аҳолии вилоятҳои марбут ба Русия дар Осиёи Марказӣ бо худ санади ҳисобие надоштанд, ки синни онҳоро маълум кунад, бисёриҳо бо додани пора синнашонро бузург ё худро мариз нишон дода, худро аз хидмати ҳарбӣ халос мекарданд.

Дар натиҷа, мақомот дар Хуҷанд ва дар гӯшаҳои дигари вилояти Туркистон, Семиречйе, Степной край ва дигар сарзаминҳои “русӣ”-и Осиёи Марказӣ асосан мардуми фақиру бесоҳибро барои сафарбар кардан ба корҳои ҳарбӣ ҷамъ мекарданд.

Ин беадолатиҳо ба як ошӯби бесобиқа дар ин сарзаминҳо оғоз гузошт. Ин ошӯб маҳз аз ҳамин таҷаммӯъи мардум дар Хуҷанд оғоз ёфт.

Раҳим Бобохонов

Раҳим Бобохонов

Раҳим Бобохонов, муаррихи тоҷики муқими Маскав дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Шӯриш дар Хуҷанд барои он сар шуд, ки рӯйхати мардонеро, ки бояд ба хидмат сафарбар мешуданд, аз дасти пулис кашида бигиранд. Кашокаш аз ҳамин сар шуд.”

Издиҳоми ҷамъшуда, бино ба гузориши раҳбари вақти пулис полковник Маккавеев, баъди онки ба талабҳои худ посух нагирифтанд, нирӯҳои пулисро ба самти қалъаи Хуҷанд танг карданд. Издиҳомро ба ин ҳаракат зани 54-солае бо номи Бибисолеҳа Қобилхоҷаева, маъруф ба Ходими Ҷамолак рӯҳбаланд кардааст. Бино ба маъхазҳои таърихӣ, маҳз ҳамин зан аввалин шуда, ба як маъмури пулис дарафтод.

Муаррихи тоҷик Шариф Ҷалилов, ки роҳи зиндагии Ходими Ҷамолакро таҳқиқ кардааст, менависад: “Зане бо номи Ходими Ҷамолак ба городовой наздик шуд. Ӯ шамшери пулисро кашида, ба замин зад. Исёнгарон ба пуштибонӣ аз ин зан ба задани пулису патрул сар карданд, алайҳи онҳо санг меандохтанд.”

Дар назди девори қалъа маъмурони пулис алайҳи издиҳом оташ кушод ва ду нафар куштаву беш аз 30 тани дигар захмӣ шуданд.

Қалъаи Хуҷанд

Қалъаи Хуҷанд

Хабари исёни Хуҷанд билофосила дар минтақаҳои дигар паҳн шуд ва ба мавҷи ошӯбҳо алайҳи Русияи подшоҳӣ оғоз гузошт. Аморати Бухоро амалан тобеъи Русия, вале расман гӯё мустақил буд, вале низ аз ин мавҷи ошӯбҳо эмин намонд. Баъди онки Русия аморати Бухороро ба прадохти андози ҷанг маҷбур кард ва нафарони амир ин андозро аз мардум канданд, дар Кӯлобу Қаротегин мардум даст ба исён зад.

Аммо аз ҳама мавҷи бузурги исён Семиречйеро, ки қаламравҳои кунунии Қирғизистону Қазоқистонро дар бар мегирад, фаро гирифт.

Ошӯбгарон мегуфтанд, ки зӯри Русияи подшоҳӣ ба Олмону Австро-Венгрия нарасид ва акнун мехоҳад мардуми мусалмонро ба коми оташи ҷанг андозад ва бо пули мусалмонон биҷангад.

Дар таърихшиносии шӯравӣ ошӯби соли 1916 ҳамчун қиёми халқҳои заҳматкаши Осиёи Миёна алайҳи юғи истисмори режими подшоҳии Русия ва ҳатто қариб инқилоб қаламдод мешуд. Ва аммо генерали рус Сандетский эътироф кардааст, ки ин ошӯб алайҳи “ҳуқуқи мардуми рус барои ҳукмронӣ ба ин сарзаминҳо буд.”

Раҳим Бобохонов дар бораи сабабҳои он шӯриш мегӯяд: “Вақте ислоҳоти аграрии Столипин сар шуд, 500 ҳазор деҳқонро аз Русия ба Осиёи Миёна кӯчонданд, беҳтарин заминҳои обиву ҳосилхезро аз мардуми маҳаллӣ кашида гирифта, ба онҳо доданд ва мардуми бумиро ба минтақаҳои биёбонӣ ронданд. Ин як. Дувум, гурӯҳҳои ғоратгари маъруф ба “босмачӣ” ҳамон вақтҳо ҳам дар водии Фарғона буданд ва онҳо аз ҳоли танги деҳқонони маҳаллӣ ба сӯди худ истифода бурданд. Ва сабаби асосӣ, албатта, ба хидмати артиш бурдани мардони маҳаллӣ буд.”

Тинчтиқбек Чоротегин, муаррихи қирғиз бар ин аст, ки шӯриши соли 1916 саҳифаи наве дар муборизаи халқҳои Осиёи Миёна барои истиқлол ва раҳоӣ аз зери бори мустамликаи Русияи подшоҳӣ буд: “Ин шӯриш на алайҳи мардуми рус, балки алайҳи ҳукумати подшоҳӣ буд. Доманаи шӯриш баъди Хуҷанд ба қаламрави Қирғизистону Узбакистони кунунӣ ва ҳатто ба Қазоқистон густариш ёфт ва дар шимол ва ҷануби Қирғизистон ошӯбгарон ҳатто ду хонигарии мустақил аз Русияро таъсис доданд, ки ҳар кадомаш аз ҳисоби фармондеҳони шӯриш хонҳои худро доштанд. Русия бо ирсоли нирӯ шӯришро саркӯб кард, вале дастаҳои алоҳидае дар минтақа то суқути подшоҳи Русия дар соли 1917 фаъол боқӣ монданд.”

Саркӯби шӯришгарон

Саркӯби шӯришгарон

Дар ҷараёни шӯриши соли 1916 ҳарду тараф бераҳмии сахт зоҳир мекарданд. Танҳо дар се рӯзи аввали шӯриш, бино ба ҳисобҳо, то 2500 тан аз аҳолии русзабон кушта шуданд. Русияи подшоҳӣ баъди ду ҳафтаи оғози ошӯбҳо дар вилоятҳояш дар ин минтақа вазъи фавқулодда ҷорӣ карда, барои саркӯби ошӯбгарон 20 ҳазор нирӯ фиристод. Нирӯҳои Русия дар ҷараёни амалиёти муҷозотие, ки то моҳи октябр давом кард, ҳазорон нафарро бераҳмона куштанд, ҳазорони дигарро зиндон ваё бадарға карданд. Танҳо дар шаҳри Хуҷанд, ба навиштаи академик Бобоҷон Ғафуров, баъди саркӯби ошӯб беш аз 400 нафарро дастгир ва зиндонӣ карданд.

Раҳим Бобохонов мегӯяд: “Аскарони Русия ба дараҷаи хеле ваҳшиёна мардуми маҳаллиро саркӯб карданд. Ин корпуси муҷозотӣ бо як шеваи ғайриинсонӣ амал мекард. Додгоҳҳои саҳроӣ сохтанд, дар ҳар деҳа, ки мерафтанд, ҳар касеро, ки таҳти шубҳа қарор мегирифт, ё мекуштанд ё ба дор мекашиданд.”

Ба гуфтаи шоҳидон, сарбозони рус деҳаву авулҳоеро, ки ба гумони онҳо, ошӯб бардошта буданд, пурра оташ мезаданд, сокинонашро дастаҷамъӣ мепаронданд ваё сари найза ё шамшер мекарданд. Бино ба ҳисобҳо, дар маҷмӯъ, дар ҷараёни исёни соли 1916 аз 15 то 20 ҳазор, бино ба бархе манобеи дигар, беш аз 100 ҳазор аз мардуми бумӣ ва то 4 ҳазор русзабонҳо кушта шуданд. Саркӯби ошӯби соли 1916 тақрибан 300 ҳазор аз аҳолии кӯчии Осиёи Марказиро маҷбур кард, ки аз Ватани худ қисме ба Чин, қисме ба қаламрави аморати Бухоро ва қисме ба Афғонистон кӯч бибанданд.

Бархе муаррихони рус дар ин авохир рӯи “дасти Туркияи усмонӣ” дар ошӯби соли 1916 таъкид мекунанд. Раҳим Бобохонов ҳам мегӯяд: “Манбаъҳои нав нишон медиҳанд, ки вақти Туркия соли 1916 алайҳи Антанта ба ҷанги якуми ҷаҳон дохил шуд, агентҳояш дар Осиёи Миёна ва ҳатто дар Қошғар фаъол буданд. Дар саршавии шӯриши соли 1916 агентҳои Туркия нақш доштанд, чанд агенти турк, ки ҳукумати подшоҳии Русияро ҳамчун ҳукумати куфр таблиғ карда, мардумро ба зиддаш мешӯронданд. Пантуркизм аз ҳамон давра сар шуд.”

Тинчибек Чоротегин

Тинчибек Чоротегин

Аммо Тинчтиқбек Чоротегин ба ин ақидаҳо розӣ нест. Ӯ мегӯяд: “Дар бораи 5 шаҳрванди Туркия маълумот ҳаст, ки он замон аз Ҳинд ба Осиёи Миёна омада буданд. Вале онҳо мардумшинос(этнограф) будаанд. Дар ҳар сурат, нақши Туркия асосӣ набуд. Туркия он замон худаш даргири ҷанги шаҳрвандӣ буд ва дар остонаи порашавӣ қарор дошт. Тавоне надошт, ки ошӯбҳоро дар як гӯшаи дури дунё раҳнамоӣ ё раҳбарӣ кунад.”

Раҳим Бобохонов мегӯяд, шӯришиёни Хуҷанд дар ниҳоят ба як қисми ҳадафҳои худ расиданд: “Ҳамон рӯйхати мардумеро, ки бояд ба хидмати ҳарбӣ сафарбар мешуд, моҳи октятбри соли 1916, алакай баъди саркӯби шӯриш бекор карданд.”

Дар бораи Бибисолеҳа Қобилхоҷаева, ё Ходими Ҷамолак, ки исёни Хуҷандро ба номи ӯ рақам мезананд, иттилои зиёде дастрас нест.

Дар осорхонаи Хуҷанд ба Озодӣ гуфтанд, ки Бибисолеҳа Қобилхоҷаева бо вуҷуди синни бузургаш мисли духтарони ҷавон мӯи худро ба шакли ҷамолак кокул мебофт ва ба ҳамин далел, ӯро “Ходими Ҷамолак” мегуфтанд. Аз шаҳри Хуҷанд бояд 2000 мардро ба артиши Русия сафарбар мекарданд. Дар байни онҳо наздикони Ходими Ҷамолак ҳам буд ва аз ин рӯ, ин зан ҳам дар сафи аввали ошӯбгарон қарор гирифт.

Иноят Мирзоева, мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангии осорхона ба Озодӣ гуфт: "Азбаски занон бовар надоштанд, ки фарзандонашон аз ҷанг зинда бармегарданд, дар пешопеши шӯриш қарор гирифтанд.Аз ҷумла Ходими Ҷамолак, ки бисёр як зани ҷасур буд."

Ӯ соли 1942, дар синни 80 дар Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Дар Хуҷанд ҳанӯз дар замони Шӯравӣ тангкӯчаеро ба номи ин зан гузошта, соли 1986, вақте дар ин шаҳр гулгашти “Ситораҳои Хуҷанд”-ро кушоданд, дар он дар баробари 6 шахсияти маъруфи зодаи Хуҷанд, ба мисли Ҳайдар Усмонов ва Абдулло Раҳимбоев нимпайкараи Бибисолеҳа Қобилхоҷаеваро низ гузоштанд.

Дар тақвими расмии Қирғизистон ҳар ҷумъаи аввали моҳи август ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни исёни соли 1916 сабт шудааст, вале дар кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ба ёди он ҳаводис кадом санаи расмие муқаррар накардаанд.

Ҳамагӣ 8 моҳ баъд аз исёни соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ дар Русия дар натиҷаи инқилоби моҳи феврали соли 1917 барҳам хӯрд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG