Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Беҳтаринҳои Озодӣ дар соли 2013: Аз "муллои ҷодугар" то Зайду Бозор ва интихобот


Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Соли нави мелодиро ба тамоми мухлисонаш муборакбод мегӯяд. Умедворем, ки дар соли нави 2014-ум низ мухлиси Озодӣ хоҳед монд.


Бино ба ҳисоби пойгоҳи интернетии Google Analytics, сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ - http://www.ozodi.org ё http://www.ozodi.tj/ - аз 1 январ то соати 14-и 31 декабри соли 2013, яъне дар тӯли 10 соат кам як сол, қариб чорум ним миллион нафар ва ё дақиқтараш 4 473 906 нафар хонанда доштааст. 566 289 нафар ё беш аз ними миллиони онҳо хонандагонеанд, ки тоза ба сафи мухлисони Озодӣ пайвастаанд. Ба ҳисоби Google Analytics, ба сурати умум, дар соли 2013 ин артиши бухурги мухлисон 16 631 324 маротиба ба сомонаи http://www.ozodi.org ё http://www.ozodi.tj/ сар задаанд.

Радиои Озодӣ бо чунин шумори мухлисон яке аз пурхонандатарин сомонаҳои интернетии фаъол дар сегменти тоҷикии Интернет эътироф шудааст.

"Мулло"-и ҷодугар дар ҷои аввал

Аз байни матлабҳои нашршуда дар http://www.ozodi.org ё http://www.ozodi.tj/ дар соли 2013 пойгоҳи интернетии Google Analytics ҷои аввалро дар миёни пурхонандатарин матолиб ба мақолаи “Навори "муллои ҷодугар" ба додгоҳ меравад” (http://www.ozodi.org/content/tajik-mullah-harrased-a-girl-while-reading-surahs-from-qoran/25109235.html) додааст, ки аз моҳи сентябр то имрӯз 21 045 нафар онро мутолиа ва тамошо кардаанд. Ин матлаб аз 17 сентябр дар бораи Асадулло Иброҳимов, як сокини маҳаллаи Лучоб дар канори Душанбест, ки баъдан бо ҷурми “ҳаракатҳои шаҳвонӣ” нисбат ба зани корафтода ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Матлаби “Видеои равобити маҳрамонаи наврасони тоҷик дар телефонҳо мечархад» аз 11 январ бо 17 867 тамошобин дар ин сабқати пурхонандатарин мақолаҳои сол дар мақоми дуюм аст.

Матлаби “Шоҳнаврӯз Раҳматшоев: "Шоҳҷон ҳамагӣ як моҳ пеш арӯсӣ карда буд", ки дар поёни ҳафтаи гузашта нашр шуд ва аз қатли ваҳшиёнаи як муҳоҷири тоҷик дар Маскав ва буридани сари ӯ қисса мекунад, дар зарфи ҳамагӣ чанд рӯз зери 15 000 хонанда ҷамъ кардааст: http://www.ozodi.tj/content/moscow-police-investigating-brutally-killing-of-tajik-citizen-who-was-beheaded-/25213997.html

Мавзӯъҳои мазҳабӣ маъмулан дар ҷумлаи масоили пурхонандаанд ва рейтинги имсоларо ба ғайри он навори “мулло"-и”лучобӣ боз “Эшони Сироҷиддин: Тоҷикистони мо ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад” бо видеояш аз 24 июн (http://www.ozodi.mobi/a/25025893.html ) дар бораи раҳоии ин рӯҳонии сокини Испечак аз маҳбас бо 11 194 хонанда ва матлаби “Шиносоӣ шудани "қаҳрамон"-и як навори робитаи маҳрамона” ( http://www.ozodi.org/content/local-imam-khatib-summoned-to-police-over-intimate-video-on-youtube/25012202.html ) аз 10 июн дар бораи як рӯҳонӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки навори алоқаи ҷинсии ӯ бо ҳамсараш дар телефонҳои мобил ва дар Интернет ба сайр даромад, бо 12 667 пайрав ба даст овардаанд.

Аз Атовуллоҳу Қувватов то интихоботи Раҳмон

Масъалаи дигаре ки хонандаи Озодӣ бештар таваҷҷӯҳ нишон медиҳад, масоили сиёсист ва азбаски соли 2013 аз нигоҳи рӯйдодҳои сиёсӣ соли бой буд, матлабҳои мо дар ин бахш низ хонандаи зиёд ҷамъ кардаанд. Аз ҷумла матлаби “Додоҷони Атовулло дар Аврупо "ёфт" шуд» (http://www.ozodi.org/content/tajik-oppositioner-returned-to-prague-from-moscow-airport/25046431.html ) дар бораи боздошти ин мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Маскав ва дубора ба Прага пас фиристодани ӯ аз 15 июл 13 204 хонанда доштааст.

«Маҳбуси Дубай забти як сӯҳбати телефониро нашр кард» (http://www.ozodi.org/content/article/24821553.html ) аз 11 январ дар бораи нашри навори як сӯҳбати маҳрамонаи ӯ бо яке аз наздикони президенти Тоҷикистонро 11 787 нафар дидаву шунидаанд.

Матлаби “Президент ба домодаш ордени "Шараф" супурд” аз 5 сентябр (http://www.ozodi.org/content/tajik-president-honoured-his-soninlaw-with-the-honour-order/25096389.html ) таваҷҷӯҳи 10 648 нафарро ҷалб кардааст. Гузориш аз ҷараёни интихоботи президентии Тоҷикистон, ки бо пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт, ва ҳам матлаби Озодӣ дар бораи адои савганди оқои Раҳмон ҳар кадом наздики 20 ҳазорӣ хонанда пайдо карданд.

Боздошти Зайд ва бозгашти Бозор

Зайд Саидов

Зайд Саидов

Ду мавзӯъи дигари пурхонандаи сол яке боздошти Зайд Саидов буд ва дигарӣ – бозгашти Бозор Собир. Дастикам 80 матлаби Озодӣ дар бораи ин соҳибкори зиндонӣ беш аз дуҳазорӣ хонанда дошта, 50 матлаб дар ин бора дастикам 3000, 30 матлаб – беш аз 4 000 ва 15 матлаб – ҳадди ақал 5000 хонанда доштаанд. Аммо дар ҳафтгонаи пурхонандатарин матолиб дар бораи Зайд Саидов ин 7 матлаби Озодӣ қарор мегиранд:

Зайд Саидов: "Ман ҷинояте накардаам, ки ба Тоҷикистон барнагардам" бо 11 126 хонанда,

Нишасти хабарии вакилони Зайд Саидов (2 ВИДЕО) бо 10 762

«Зайд Саидовро озод карданӣ нестанд» бо 10 165

Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд (БО ВИДЕОИ НАВ) бо 9 226

«4 саҳифа номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон» бо 8 526

«Санҷиши пойафзоли Зайд Саидов дар хонаи "ҳамсарон" бо 8 368

Ва «Барзу Абдураззоқов: Боздошти Зайд як амали нангин аст» бо 8 191 хонанда.

Аз байни матолибе ки Озодӣ дар борраи бозгашти Бозор Собир баъди 19 соли ғурбат ва пазироии ӯ аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ва зиндагии баъдиаш дар Тоҷикистон нашр кард, «Шеъри нави Бозор Собир дар васфи Эмомалӣ Раҳмон» бо 9671 хонанда, сӯҳбати худи шоир бо номи “Ман ҳамон Бозорам, ба касе фурӯхта нашудаам” бо 7371 хонанда ва «Мақомот: "Бозгашти Бозор Собир ба интихобот рабте надорад"(ВИДЕО), ки онро дар сомонаи интернетии мо 6418 нафар дидаанд, бештар аз ҳама хонанда овардааст.

Шоҳҷон Раҳматшоев

Шоҳҷон Раҳматшоев

Аммо сомонаи Озодӣ нафақат манбаъи ахбору матолиби хонданӣ, балки майдони баҳсҳои гарм низ ҳаст. Таҳлили матлабҳои дар соли 2013 нашркардаи Радиои Озодӣ нишон медиҳад, ки дар ин сол пурбаҳстарин матлаби мо пурбаҳстаринҳо пурсише дар мавзӯъи “Назари Шумо: Киро "Симои соли 2013" мешуморед?” аст, ки 188 шарҳ овард. Ба гузориши “Манъи кафшҳои пошнапаст дар Донишгоҳи омӯзгорӣ” низ 187 нафар шарҳ навиштаанд. Матлаби “ Номзади ягона: Чаро Кабирӣ не, Зоиров не, балки Бобоназарова?” 176 назар гирифта, дар як ҳафтаи охир пурбаҳстарин матлаб Шоҳнаврӯз Раҳматшоев: "Шоҳҷон ҳамагӣ як моҳ пеш арӯсӣ карда буд" (126) аст, ки дар муддати 5 рӯз ба он алакай 126 нафар шарҳ навиштаанд.

25 матлаби пурбаҳстари соли 2013 дар сомонаи Озодӣ инҳоянд:

1.Назари Шумо: Киро "Симои соли 2013" мешуморед? (188)
  1. Манъи кафшҳои пошнапаст дар Донишгоҳи омӯзгорӣ (187)
  2. Номзади ягона: Чаро Кабирӣ не, Зоиров не, балки Бобоназарова? (176)
  3. Шарҳи Тӯраҷонзода роҷеъ ба "ҳалқаҳои зикр" (141)
  4. Эшони Сироҷиддин: Тоҷикистони мо ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад (127)
  5. Шоҳнаврӯз Раҳматшоев: "Шоҳҷон ҳамагӣ як моҳ пеш арӯсӣ карда буд" (126)
  6. Навори "муллои ҷодугар" ба додгоҳ меравад (121)
  7. Шеъри нави Бозор Собир дар васфи Эмомалӣ Раҳмон (121)
  8. Додгоҳ рӯзи 22 май масъалаи боздошти Зайд Саидовро баррасӣ мекунад (120)
  9. "ҲНИТ-ро ба провокатсия тела доданианд" (113)
  10. Э.Раҳмонро Путину Карзай телефонӣ табрик карданд (105)
  11. ВКД: "Гунаҳкор фарзанди касе набошад, посух хоҳад дод" (105)
  12. Зайд Саидовро озод карданӣ нестанд (102)
  13. Додоҷони Атовулло дар Аврупо "ёфт" шуд (100)
  14. Шикояти эҷодкорон ва донишмандон алайҳи Тутубалина (94)
  15. Мақомот: "Бозгашти Бозор Собир ба интихобот рабте надорад"(ВИДЕО) (94)
  16. Шиносоӣ шудани "қаҳрамон"-и як навори робитаи маҳрамона (91)
  17. Раҷаби Мирзо: "Президент бояд ислоҳотро аз истеъфои Ҳукумов шурӯъ кунад" (90)
  18. Қатли зану шавҳар ва 3 кӯдаки онҳо барои ҳамагӣ 30 000 доллар (89)
  19. Додгоҳи Душанбе Зайд Саидовро озод накард (85)
  20. Оҷонсӣ иттиҳоми нав алайҳи Зайд Саидовро шарҳ дод (85)
  21. Ҷавоб ба мақолаи "Тоҷикистон пири тариқат дорад?" (84)
  22. "Агар президент шавам, Тоҷикистон....ро ба Эрон бармегардонам" (84)
  23. ВКД мегӯяд, раиси ширкати роҳи оҳанро низ "мавриди пурсиш" қарор додааст (83)
  24. Мухолифон ба ваъдаи Эмомалӣ Раҳмон бовар накарданд (83)
Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ расидани Соли нави милодиро ба ҷамъи хонандагонаш, ки дар соли 2013 ба чоруним миллион нафар наздик шуда, беш аз 16 миллион маротиба аз сомонаи мо дар ин сол ёд кардаанд, муборакбод мегӯяд. Радиои Озодӣ бо орзуи беҳтарин хушиҳои зиндагӣ ба якояки мухлисонаш умедвор аст, ки ин артиши бузург дар соли нави 2014 низ бо Озодӣ хоҳад монд, балки шумораш боз ҳам бузургтар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG