Пайвандҳои дастрасӣ

Ин "Достони меҳр"-ро ба Радиои Озодӣ яке аз хонандагони мо бо номи Умар Юнусов фиристодааст. Номае хеле самимӣ дар бораи чигуна бо як филму бо таронаҳои Гугуш ошиқи Эрон шудани як тоҷик.


Достони меҳр

Соли 1980 буд. Ман донишҷӯи шӯъбаи бинокории Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) будам. Тақрибан вақти холӣ надоштам. Рӯзона - дарсу машғулиятҳо, шабона - то дергоҳ нақшакашӣ ва корҳои курсӣ. Донишҷӯёни донишгоҳҳои дигар моро «шабзиндадорон» лақаб монда буданд. Ба онҳо ҳасад мебурдем, ки вақти холӣ зиёд доштанду баъди дарсҳо то дергоҳи шаб дар шаҳр сайр мекарданду ба киною театр мерафтанд. Мо онҳоро «бекорхӯҷагон» меномидем.

Боре як рафиқи «бекорхӯҷа» - ам гуфт:

- Биё, ба кино равем.

Гуфтам:
- Э беғам! Ман вақти сархорӣ надорам. Баъди ду рӯз бояд кори курсиро супорам. Бирав худат!

- Наравӣ, пушаймон мешавӣ. Як кинои нави хориҷӣ баромадааст. Намедонам, истеҳсоли кадом кишвар аст. Аҷибаш ин ки гарчи ба русӣ дубляж шудааст, сурудҳояш тоҷикиянд. Аммо кинои Тоҷикистон нест. Чунин сурудҳои олиро дар умрам нашунидаам.
Дубай, соли 2011

Дубай, соли 2011

Мо ба тамошои кино рафтем. Кино «Долгая ночь» ном дошт . Истеҳсоли Эрон буд. Номи киноро дар афиша ба тоҷикӣ «Шаби ялдо» тарҷима карда буданд. Дар замони Шӯравӣ байни мову кишвархои хориҷӣ чунон садхои оҳанӣ гузошта буданд, ки дар Тоҷикистон кам касоне дар бораи кишварҳои ҳамзабони мо – Эрону Афғонистон тасаввуроте дошт.

Дар омади гап бояд бигӯям, ки ман замони Шӯравиро ҳамеша ба некӣ ёд мекунам, вале дар баробари ҷиҳатҳои хуби он давра камбудиҳояшро ҳам эътироф мекунам. Яке аз он норасоиҳо ин буд, ки имкон намедоданд, то бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги худ робитаи қавии маънавӣ дошта бошем.

…Тамошои филми эронии «Шаби ялдо» (номи аслияш «Дар имтидоди шаб») маро тамоман афсун намуд. Филм аз ишқи самимии Бобак ном ҷавон ба Парвона ном сарояндаи кабаре ҳикоят мекард. Ишқе, ки зиндагии Парвонаро батамом дигаргун намуду ба он мазмуну моҳияти тоза бахшид...
Ин орзуро Гугуш зимни боздидаш аз маркази Радиои Озодӣ дар Прага навишт

Ин орзуро Гугуш зимни боздидаш аз маркази Радиои Озодӣ дар Прага навишт

Сурудҳои дилнишини Гугуш, ки нақши қаҳрамони асосии филмро ҳам бозӣ мекард, дили маро тасхир намуданд. Маро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Эҳсоси ифтихор омехта ба таассуф. Ифтихор аз он ки ман форсизабонаму сурудҳои Гугуш бароям сад дар сад фаҳмо ва марҳами диланд. Таассуф аз он ки то ин дам аз фарҳангу ҳунари кишвари ҳамзабон огоҳии ночизе доштам.

Ман филмро такрор ба такрор, беш аз бист маротиба тамошо кардаму як ҳафта аз дарсҳо мондам ва аз устодон сахт танбеҳ ҳам гирифтам. Бисёр мешуд, ки баъди анҷоми ин филм аз дари паси кинотеатри «Ватан» (шаҳри Хуҷанд) баромада, боз аз дари пеш медаромадаму билет гирифта, ба тамошои сеанси навбатӣ мепардохтам.

Хусусан, як суруди гӯё соддаю оддии ин филм маро хеле хуш омада буд:

«Нигоҳ мекунам, намебинам, чашми маро ҳавои ту пур карде,
Гӯш мекунам, намешнавам, гӯши маро садои ту пур карде.
Эй чашми ман бидуни ту нобино,
Эй гӯши ман бидуни ту ношунаво,
Бо ман бимон, ҳамеша бимон бо ман…»


Консерти Гугуш. Дубай, соли 2008

Консерти Гугуш. Дубай, соли 2008

Гугуш маро бо Эрон ошно кард. Бисёр шунидаам, ки дигарон низ Эронро тавассути сурудҳои Гугуш шинохтаанду дӯст доштаанд. Барҳақ, гоҳо як нафар кореро қодир аст анҷом бидиҳад, ки ҳазорҳо натвонанд қодир бошанд.
Вале он замон маълумоти дақиқе дар бораи худи Гугуш ба даст овардан амри маҳол буд.

Дар солҳои баъдӣ, дар замони бозсозӣ, журналисти машҳур, шодравон Муҳиддин Олимпур барномаи телевизионие бо номи «Ситораҳои Шарқ» созмон дод. Аввалин барномаи он ба ҳаёту фаъолияти Гугуш бахшида шуда буд. Пахши ин барнома аз тариқи Симои Тоҷикистон шавқу шӯре дар дили мардум барангехт. Шӯҳрати Гугуш якбора ба авҷи аъло расид. Сабти аудиоӣ ва видеоии сурудҳои ӯ, инчунин аксу портретҳояш дар хонаҳои тоҷикон маҳбубу маъмул гаштанд. Ин маҳбубият то ҳанӯз коста нагардидааст.
Муҳиддини Олимпур

Муҳиддини Олимпур

Ҳоло Тоҷикистон бо кишвархои ҳамзабон, аз ҷумла бо Эрон равобити хуби ҳамаҷониба дорад. Мо акнун бо ҳамдигар хеле хуб ошноӣ ва дӯстию бародарӣ дорем. Байни мо дигар садде нест. Мо ба кишвархои ҳамдигар меҳмон мешавему онро ватани дуюми худ мехонем. Мо мардумони ҳамдигарро дӯст медорему эҳтиром мегузорем. Шахсан ман бо эрониёни зиёде, аз ҷумла бо хонум Гугуш, аз тариқи саҳифаи Фейсбук дар шабакаи ҷаҳонии Интернет робита дорам.

Эрон фарзандони маълуму машҳури зиёде дорад. Аммо хонуми зебову хушовоз – Гугуш - барои ман ҳамоно беҳтарин эронии муосир боқӣ мемонад.
Ӯ шабохат дорад ба гули наргис, ки пайғому нишони аввалини баҳори нозанин аст. Наргис – муждаи баҳор асту Гугуш – муждаи кишвари зебое бо номи Эрон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG