Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтугӯ бо наворбардори "Озодагон" баъди раҳоияш аз боздошт


Абдураҳим Шукуров.

Абдураҳим Шукуров.

Абдураҳим Шукуров шоми 26 декабр дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, боздошт ва ҳабси маъмуриаш ба муддати 7 рӯзро поймол кардани ҳуқуқи муаллифии худ шумурда, худро зарра гунаҳкор намедонад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Абдураҳим Шукуровро бо бастани ҷарима дар ҳаҷми 320 сомонӣ, аз боздоштгоҳ раҳо кард.

Наворбардори хабаргузории "Озодагон" баъди раҳоӣ ба Озодӣ гуфт, ӯро шаби 25 декабр бар асоси ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда буданд. Аммо рӯзе баъд таҳти фишори сардабирони нашрияҳои чопи Душанбе маъмурони милиса ӯро бо пардохти танҳо ҷарима озод карданд.


Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Абдураҳим Шукуров шомгоҳи имрӯз ба радиои "Озодӣ" гуфт, додгоҳи ноҳияи Исмоили Смомонӣ зерҳимояашро баъд аз дӯ рӯзи боздошт, бо таъйини ҷарима дар ҳаҷми 320 сомонӣ, раҳо кард.

Бузурмеҳр Ёров афзуд, рӯзи гузашта ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҳафт рӯз ҳабс шудани Абдураҳим Шукуров шикоят бурда буд ва тибқи баррасии аризаи онҳо, додгоҳ ӯро бо бастани ҷарима аз идомаи ҳабс озод кард.
Абдураҳим Шукуров рӯзи 25-уми декабр ҳангоми наворбардории издиҳоми дӯстону наздикони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуд.

Ба дунбол, созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон тақозо карданд, ки наворбардори "Озодагон"-ро ба таври оҷил аз ҳабси ҳафтрӯза раҳо намояд. Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО ва сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабри бо нашри баёнияи муштарак, аз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ тақозо карданд, ки оҷилан наворбардори "Озодагон" Абдураҳим Шукуровро аз ҳабси 7 рӯза раҳо карда ва шароитро барои мулоқоти намояндагони созмонҳои журналистӣ бо вазир Рамазон Раҳимов фароҳам намояд.

Масъулони Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, НАНСМИТ, Шӯрои ВАО ва сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон ҷамъан 20 нафар, зери ин баёнияи муштарак имзо гузоштанд ва талаби оҷилан озод кардани Абдураҳим Шукуровро карданд. Аз ин қабл Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфта буд, ки созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз ҳодисаи боздошту латтукӯб ва ба ҳабс кашидани наворбардори хабаргузории «Озодагон» шадидан нигарон буда, бо ҳамаҷониба омӯхтани ин ҳодиса, баёнияи муштарак пахш хоҳанд кард.



Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ низ гуфт, ки воқеан сарнавишти Зайд Саидов ҳамчун соҳибкори шинохта таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб мекард ва бояд кормандони интизомӣ тартиботро дар назди СИЗО нигоҳ медоштанд, на ин ки наворбардорро ба таври зӯрӣ боздошт кардаву сипас бо латтукӯб ба шӯъбаи милиса барда, ӯро бидуни адвокат ва айбдорӣ, 7 шабонарӯз ҳабс мекарданд.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, «кормандони интизомӣ дар се маврид ҳуқуқи наворбардорро нақз карданд, яъне ғайриқонунӣ бидуни ҳеҷ амали ҷиноӣ боздошт карданд, дуввум латтукӯб карда, сипас бидуни ҳеҷ ҳимояи ҳуқуқӣ 7 шабонарӯз ба ҳабс кашиданд.»

Созмонҳои журналистӣ мегӯянд, ки дар изҳороти якҷоя аз Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ талаб кардаанд, кормандони милиса, ки ба ин амал даст задаанд, маълум ва ба ҷазо кашида шаванд.

7 РӮЗ ҲАБСИ НАВОРБАРДОРИ "ОЗОДАГОН"

Абдураҳим Шукуров, наворбардори хабаргузории «Озодагон», ки рӯзи 25 декбар боздошт шуд, ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Дар бораи ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани Абдураҳим Шукуров ба масъулони хабаргузории "Озодагон" Хуршед Раҳмонов, муовини раиси шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хабар дод. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки ӯро бо чӣ ҷурме чунин ҳукм додаанд.

Абдураҳим Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми наворбардории издиҳоми дӯстону наздикони Зайд Саидов дар назди боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дастгир шуд. Додгоҳи олӣ рӯзи 25 декабр дар як мурофиаи пушти дарҳои баста дар дохили ин боздоштгоҳ вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Эълони ҳукми соҳибкори шинохта бо иттихози тадобири шадиди амниятӣ сурат гирифт. Маъмурони милиса аз наздикони Саидов тақозо карданд, ки пароканда шаванд. Онҳо ҳамин тавр, монеъи кори хабарнигорон шуда, онҳоро дар як қаҳвахона банд карданд ва берун рафтан намонданд. Абдураҳим Шукуров дар ҳамин асно боздошт шуд.

Ӯ дар як тамос ба ҳамкоронаш гуфтааст, маъмурони милиса дар роҳ ба сӯи шӯъбаи пулиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ вайро латтукӯб ҳам кардаанд. Ба гуфтаи ҳамкорони ӯ, Абдураҳим Шукуров аз ноҳияи чашмаш осеб дидааст.

Хилватшоҳ Хоҷаев, мудири хабаргузории «Озодагон» қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як суҳбати телефонӣ муовини аввали вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Бузмаковро аз латтукӯб шудани наворбардори ин хабаргузорӣ Абдураҳим Шукуров аз тарафи корманди милиса дар ҷараён гузошт. Ба нақли Хилватшоҳ Хоҷаев, Абдураҳмон Бузмаков ба мақомоти шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дастур додааст, то ҳодисаи латтукӯб шудани наворбардорро таҳқиқ кунанд.

Аммо ҳукми ҳабси маъмурии наворбардор чунин аломат медиҳад, ки маъмурони милиса дар ин қазия худро ҳақбаҷониб шумурдаанд. Хабаргузории «Озодагон» хабаргузории мустақили минтақавиест, ки дар Душанбеву Бишкек марказ дорад. Таҳти ин ном дар Душанбе ҳафтаномаи мустақили «Озодагон» низ нашр мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG