Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба нишасти САҲА намояндаи расмӣ нафиристод


Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Ҳеҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барои баргузор кардани ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (ОБСЕ) дар бораи вазъи расонаҳои мустақил дар қаламрави худ розӣ нашудааст. Ин нишаст ҳоло дар Вена – пойтахти Австрия ҷараён дорад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақил рӯзи 13 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нишасти Вена намояндагони расмии Қазоқистону Узбакистон ҳузур доранд, аммо мақомоти расмии Тоҷикистону Қирғизистон наомадаанд. Вале, дар айни замон, дар ин нишаст як гурӯҳ аз хабарнигорону раҳбарони созмонҳои мустақили журналистӣ ва намояндагони мухолифин иштирок доранд. Тоҷикистону Қирғизистон ба далели иштироки, ба гуфтаи онҳо, афроди таҳти пайгард дар ҷаласаи моҳи сентябри САҲА дар Варшава нигаронӣ карда ва ҳафтаи гузашта тавассути Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) чунин рафторро "ғайри қобили қабул" дониста буданд.

Тоҷикистон имсол дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафта ва дар мақоми 150-ум қарор гирифт.

Дар сӯҳбат бо Нуриддин Қаршибоев аз ӯ пурсидем, ки дар рӯзи аввали нишасти Вена чӣ масъалаҳо баррасӣ шуд?

Нуриддин Қаршибоев: Ин конфронси 18-ум дар бораи вазъи расонаҳои Осиёи Марказӣ аст, ки аз тарафи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор мегардад. Мутаассифона, ин ҳамоиш имрӯз дар Аврупо сурат мегирад, ба хотири онки ягон кишвари Осиёи Марказӣ омодагии худро барои баргузор кардани ин ҳамоиш иброз надоштааст. Дуня Миятович, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот дар ин маврид изҳори таассуфу нигаронӣ кард.

Радиои Озодӣ: Кишварҳои Осиёи Марказӣ вазифадор буданд, ки ин нишастро баргузор кунанд? Маъмулан чунин нишастҳо дар гузашта дар куҷо баргузор мешуд?

Нуриддин Қаршибоев: Маъмулан ин конфронс дар қаламрави Осиёи Марказӣ, барои мисол, дар Душанбеву Бишкек ва Остонаву Тошканд баргузор мегардид. Ин дафъа ягон кишвари Осиёи Марказӣ омодагии худро барои баргузории ин конфронс изҳор надоштааст. Гузашта аз ин дар нишасти Вена намояндагони расмии Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур надоранд. Аз ҷониби Узбакистону Қазоқистон ду намояндаи расмӣ ҳастанд. Ин конфронс мисли конфронсҳои дигар мушкили расонаҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Мо ҳам дар матраҳ кардани ин мушкилот ва пайдо кардани роҳи ҳалл ба инҷо омадем.

Радиои Озодӣ: Оё ягон мушкили хосро матраҳ кардед?

Нуриддин Қаршибоев: Дар рӯзи аввал забони расонаҳо, ахлоқи рӯзноманигорӣ ва худтанзимкунии матбуот мавриди баҳс қарор гирифт. Фардо, 14 декабр, дар мавриди воқеаҳои ахир дар фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ибрози назар хоҳем кард. Чун вазъияти расонаҳо дар Тоҷикистон хеле муташанниҷ аст.

Моҳи "сиёҳи" матбуоти тоҷик

Озодӣ: Мушаххас аз кадом ҳолатҳо хоҳед гуфт?

Нуриддин Қаршибоев: Моҳи ноябри имсол барои расонаҳои мустақил "моҳи сиёҳ" буд. Моҳе буд, ки дар ин давра ду расонаи мустақили ҷумҳуриявӣ – "Нигоҳ"-у "Тоҷнюс" дар Тоҷикистон баста шуданд. Дар қонунгузорӣ тайирот ворид гардид, ки барои паст задани эътибори Пешвои миллат муҷозоти сангинро пешбинӣ мекунад. Равзанаи ягонаи интернет дар ин моҳ ба кор даромад. Инчунин, аз масоили дигари вобаста ба фаъолияти расонаҳо ва мушкили пеши рӯи журналистони озод хоҳем гуфт.

Тоҷикистон имсол дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафта ва дар мақоми 150-ум қарор гирифт. Созмони "Гузоришгарони бидуни марз" баҳори имсол вазъи матбуоти Тоҷикистонро "дар ҳолати як рукуди хатарнок" тасвир карда ва гуфта буд, ки мақомот бо баҳонаи мубориза бо терроризм, мухолифони сиёсиро аз байн бурда фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш додааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG