Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон аз дурбини нозирони САҲА


Як ҳайъати САҲА дар арзёбиаш аз фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон афзоиши бефарқии мардум, бахусус ҷавонон, нисбат ба интихоботи моҳи ноябрро зикр кардааст.

Мушовирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо ин вуҷуд ба ин созмон тавсия додаанд, нозиронашро ба Тоҷикистон бифиристад, то бубинанд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шаффофу одилона хоҳад буд ё на.

Баъди арзёбии фазои пешазинтихоботӣ аз 1 то 3-уми июл ва мулоқот бо мақомоти расмӣ, аҳзоби сиёсӣ ва дипломатҳову ҷомеаи маданӣ ин мушовирон гуфтаанд, ки зарур аст, то шеваи баргузории интихоботи моҳи ноябр назорат шавад. Дар арзёбии мушовирони САҲА аз фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон, ки рӯзи 5 август дар торнамои ин созмон нашр шуд, аз ҷумла омадааст, ки қонун пешбарии номзадҳои мустақил аз тариқи худпешбарӣ ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистонро иҷоза намедиҳад, ки ин бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла мухолифи банди ҳафтуми Санади Копенҳаген аст, ки САҲА тасвиб кардааст.

Дигар ин ки ба ақидаи бисёре аз мусоҳибони мушовирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҷамъоварии 5 дарсади имзои раъйдиҳандагон, ё дастикам 200 000 имзо ва он ҳам дар муддати ҳамагӣ 20 рӯз як монеаи ҷиддӣ дар роҳи сабти ном ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аст. Гузашта аз ин, қонуни Тоҷикистон шеваи ташхиси дурустии имзоҳоро низ муқаррар накардааст.

Дар Кумиссиюни марказии интихобот ба намояндагони САҲА гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон тақрибан 4 миллион нафар аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархурдоранд, ки аз ин миён ҳудуди 900 ҳазор нафарашон дар хориҷ аз кишвар ҳастанд.

Баъзе аз мусоҳибони дипломатҳои аврупоӣ аз он ибрози нигаронӣ кардаанд, ки дар Тоҷикистон маъхази ягонаи сабти номи раъйдиҳандагон вуҷуд надорад ва раъйдиҳандагони хориҷ аз кишвар ҳам дар мақомоти марбута дар онҷо худро сабти ном намекунанд, ки ин камбудӣ дасткории натиҷаҳоро осон месозад.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ба мушовирони САҲА гуфтаанд, ки маъракаи зиндаи пешазинтихоботӣ ва ҳузури зиёди мардум дар интихоботро интизор доранд, ҳарчанд дигар мусоҳибони онҳо аз ҷомеаи маданӣ ва аҳзоби сиёсӣ гуфтаанд, ки бетафовутии мардум ба интихобот зиёдтар мешавад ва мақомот шояд ҳангоми маъракаҳои тарғиботӣ барои аҳзоби сиёсӣ монеа эҷод кунанд.

Дар арзёбии мушовирон омадааст, намояндагони ҳамаи 8 ҳизби расмии Тоҷикистон - халқии демократӣ, наҳзати исломӣ, сотсиалист, аграрӣ, сотсиал-демократ, коммунист, демократ ва ислоҳоти иқтисодӣ - ба онҳо гуфтаанд, ки дар интихоботи моҳи ноябр номзадҳои худро пешбарӣ мекунанд, ҳарчанд то кунун ҳеҷ яке аз онҳо номзади мушаххасеро муаррифӣ накардаанд.

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам ваъда додаанд, ки ба ҳамаи номзадҳо имкони тарғибу ташвиқи баробарро фароҳам мекунанд ва қасд доранд, мубоҳисаҳои телевизионии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурро ташкил намоянд. Айни замон дар гузориши мушовирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, мушкилоти расонаҳои мустақил, бастани вебсайтҳои хабарӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон зикр шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар мулоқот бо мушовирони САҲА гуфтаанд, ки “зарур аст, то бо дар назардошти нигарониҳо аз авзоъи амниятии минтақа ва ихроҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, корзори интихоботӣ орому осуда сурат бигирад.”

Агарчӣ нозирони САҲА то кунун ҳеҷ интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва одилонаву шаффоф арзёбӣ накардаанд, боз ҳам мақомоти Тоҷикистон қасд доштаанд, ки нозирони ин созмонро барои назорати интихоботи моҳи ноябр даъват кунанд. Аз ин рӯ мушовирони САҲА тавсия додаанд, ки бар изофаи тими аслии мушовирон, зарур аст, то барои назорати интихоботи Тоҷикистон 14 нозири дарозмуддат ва 150 нозири кӯтоҳмуддат фиристода шавад.

Дафтари Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Башари САҲА баъд аз соли 2000-ум чаҳор интихоботи Тоҷикистонро назорат карда ва гуфтааст, ҳеҷ яке аз онҳо, аз ҷумла интихоботи парлумонии соли 2010 мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва демокративу одилона баргузор нашуд. Дар ин корзорҳои сиёсӣ қавонини дохилии кишварро ҳам риоят накарданд ва бахусус қонуншиканӣ дар рӯзи интихобот ба чашм мерасид, аз ҷумла раъйдиҳии “хонаводагӣ”, ки як нафар аз тарафи чанд кас раъй медод.

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр дувумин интихобот баъди ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 2003-юм аст, ки як давраи ҳафтсолаи раёсати ҷумҳуриро ба ду давраи ҳафтсола иваз кард. Бисёриҳо интизор доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, ки 21 сол боз ҳукумат меронад, дар интихоботи моҳи ноябр номзадиашро мегузорад, ва то соли 2020 дар қудрат мемонад.
XS
SM
MD
LG