Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди нопурраи бозрасонҳо аз маҳали суқути ҳавопаймои Малайзия


Ҷудоихоҳони мусаллаҳ дар шарқи Украина иҷоза надоданд, ки бозрасони байналмиллалӣ аз маҳали пораҳои ҳавопаймои суқуткардаи ширкати ҳавоии Малайзия пурра боздид кунанд.

Як фармондеҳи ҷудоихоҳон ба гурӯҳи бозрасони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо рӯзи шанбе гуфт, ки ҷудоихоҳон ба нишонаҳои суқути ҳавопаймо даст назадаанд ва “ҷаъбаи сиёҳ”-и сабти парвозро пайдо накардаанд. 18 апрел дар ҳамин минтақа шӯришёни ҷонибдори Русия аз вуруди бозрасон ба маҳали воқеа пешгирӣ намуданд.

Ҳукумати Украина 19 июл ҷудоихоҳонро муттаҳам кард, ки онҳо талош доранд “бо кӯмаки Русия” нишонаҳои суқути ҳавопайморо аз байн баранд. Киев ҳамчунин гуфт, ки ҷудоихоҳон 38 ҷасадро ба яке аз сардхонаҳои шаҳри Донетск интиқол додаанд. Ҳамзамон раиси Хадамоти зидди кашфи Украина гуфтааст, ки вай далелҳои раднопазир дар ихтиёр дорад ва он гувоҳ аст, ки ин ҳавопайморо бо мушаки зиддиҳавоии BUK-1 коршиносони Русия задаанд.

Бозрасони пулиси байналмиллалӣ ва аврупоӣ 19 июл вориди Украина шудаанд, то барои шиносии ҷасадҳо кӯмак расонанд. Шӯрои Амнияти Украина 19 июл гуфт, ки кормандони вазоарти ҳолатҳои изтирории кишвараш 75 дарсади маҳали суқути пораҳои ҳавопайморо дар масоҳати 25 километри мураббаъ бозрасӣ кардаанд ва 186 ҷасадро ёфтаанд. Шӯрои Амнияти Украина мегӯяд, ки дар бораи “ҷаъбаи сиёҳ”-и сабти парвози ҳавопаймо хабаре надорад ва касе ин ҷаъбаро ба онҳо насупурдааст.

Шӯрои Амнияти СММ даъват кард, ки ба ин ҳодиса “расидагии ҳамаҷониба ва мустақил анҷом бигирад” ва аз ҳамаи ҷонибҳо хост, ки бозрасонро ба маҳали ҳодиса роҳ диҳанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, нишонаҳо ишора ба он мекунад, ки ҳавопайморо бо мушаки замин ба ҳаво задаанд ва он аз минтақаи зери контроли ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ба ҳаво партоб шудааст. Обама гуфт, задани ин ҳавопаймо “даъвате барои бедории Аврупо ва тамоми ҷаҳон аст.”

Дар гуфтугӯҳои интернетии телефонӣ ҷудоихоҳон дар бораи задани ҳавопаймо дар минтақаи худ сӯҳбат кардаанд. Вале раҳбарони ҷумҳурии худхондаи Донетск ҳоло даст доштани худ дар ин ҳамларо рад мекунанд ва иддао доранд, ки нируҳои ҳукуматии Украина ин ҳавопайморо задаанд.

Вазорати дифои Русия нируҳои заминии Украинаро муттаҳам кардааст ва гуфтааст, ки низомиёни рус фаъолияти радарҳои Украинаро сабт кардаанд ва мушаки украинӣ дар ҷануби Донетск ин ҳавопайморо ҳадафи худ қарор додаанд.

Аммо Лиов Тионг Лай-вазири нақлиёти Малайзия рӯзи шанбе дар нишасти хабарие дар Куала Лампур гуфт, ки ҷудоихоҳон ҳангоми парвози ҳавопаймо бар фарози минтақаи зери контролашон ҳавопайморо задаанд: “Малайзия аз ҷонибҳо тақозо мекунад, ки адами мудохила ба маҳали суқути ҳавопаймо таъмин ва барои бозрасӣ иҷоза дода шавад. Мо аз ононе, ки дар ин кор дахиланд хоҳиш мекунем, ки ба хонаводаҳо ва миллате, ки дар ин ҳамла фарзандони худашро аз даст додааст, эҳтиром гузоранд”

Тонӣ Аббот, нахуствазири Австралия низ дар Сидней-пойтахти кишвараш дар бораи задани ҳавопаймои Малайзия ғазаболуд дар бораи ин ҳодиса изҳори назар кард: “Ман таассуф мехӯрам, ки шабона нозирони Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба маҳали ҳодиса хеле кӯтоҳ дастрасӣ пайдо карданд, вале онҳо дар зери садои тир аз ҷониби шӯришиёни ҷонибдори Русия аз он ҷо ронда шуданд. Чунин рафтор намунаи душворӣ ва хатарнокии вазъият мебошад”.

Ин дар ҳолест, ки ширкати ҳавоии Малайзия феҳристи қурбониёни ин парвозро ба нашр расондааст. Бар асоси ин феҳрист, аз 298 нафаре, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд, 192 нафар шаҳрвандони Ҳолланд, 44 шаҳрванди Малайзия, 27 шаҳрванди Австралия, 12 шаҳрванди Индонезия ва 10 нафар аз Британия будаанд. 4 олмонӣ, 4 белжикӣ, 3 филиппинӣ, як нафарӣ аз Канада ва Зеландияи Нав будаанд.

XS
SM
MD
LG